ҲАМ НЕЪМАТ, ҲАМ ОФАТ

Маълум аст, ки файласуфон асоси пайдоиши оламро аз чор унсур: обу бод, хоку оташ донистаанд. Табиист, ки ҳаётро бидуни яке аз рукнҳои муҳимтарин, аз ҷумла аз оташ – тасаввур кардан муҳол аст.

Вай аз ҷумлаи неъматҳои олии зиндагист. Айни замон, агар беэътиборӣ, лоқайдӣ, бепарвоӣ зоҳир гардад, он ба офати даҳшатовар низ бадал мегардад. Мардум оташро беҳуда хасми безабон нагуфтаанд. Аз ин офат нафақат аҳолӣ, ташкилоту муассиса, корхонаҳои саноатӣ низ наметавонанд дар канор бошанд. Сӯхтор танҳо зарари моддӣ намерасонад, балки боз ба ҳаёти инсон низ таҳдид мекунад.

Аз ин рӯ чораю тадбирҳои зарурӣ андешидан, эҳтиёткорӣ кардан лозим аст, то ҳодисаҳои нохуш пешгирӣ карда шаванд. Мувофиқи фармоиши рақами 302-юми маъмурияти Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Корхонаи коркарди нафти Бухоро» аз 8 ноябри соли ҷорӣ дар завод ва ҳамаи иншооти он бо мақсади таъмин кардани бехатарии сӯхтор ва табъи дил гузарондани «Моҳонаи бехатарии сӯхтор» чораҳои зарурии эҳтиётӣ дида шудаанд. Дар ҳамаи сех ва шуъбаҳои завод, аз ҷумла дар шуъбаи экология, ҳифзи муҳити атроф бо ташаббуси роҳбарон ва кормандони хидмати бехатарии сӯхтор байни коргарону хидматчиён бобати қатъиян риоя кардан ба қоидаҳои бехатарии сӯхтор дар коргоҳу манзилҳои зист ҷараёни корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳӣ давом доранд. Аз ҷумла, ба кормандони завод оқибатҳои бад  доштани сигоркашӣ, истифода аз оташ, истифода аз қубурҳои оби гарм бо мақсади хушк кардани либос дар ҳудуд ва коргоҳ ва ғайра маънидод мешаванд. Ҳангоми ба вуқӯъ омадани сӯхтор фавран ба рақамҳои 01, 3001, 7001, 446 ба хидмати бехатарии сӯхтор хабар додан, инчунин истифода аз оташкушак ва воситаҳои дигари оташхомӯшкуниро ҳоло аксарияти кормандони завод медонанд. Баробари ин ба онҳо оид ба истифода набурдани рӯдаи резинӣ дар таҷҳизоти газ ва бисёр дигар маслиҳату тавсияҳо дода шудаанд. Ҳоло фасли зимистон фаро расида бошад ҳам, дар гирду атроф барги хазон ҳаст. Кормандони шуъбаҳои ободгардонӣ дар шаҳру ноҳияҳо бо ғундошта гирифтани онҳо машғуланд. Фаромӯш набояд кард, ки дар ҳавои кушод оташ зада сӯзондани онҳо аз як тараф боиси ба гирду атроф паҳн гаштани газҳои заҳрдор гардад, аз тарафи дигар сабаби ҳар гуна сӯхтор шуда метавонад. Аз ин рӯ сӯхтани хазон мумкин нест. Илм исбот кардааст, ки дар натиҷаи оташзанӣ ба коҳ ва хазон дар 5 сантиметри қишри замин (хок) миқдори зиёди моддаҳои органикӣ, аз ҷумла гумус (қабати ҳосилхез) маҳдуд мегардад. Ҳамин тариқ таркиби хок вайрон шуда, ҷараёни ба азот таъминшавии ҳосил – растанӣ аз байн меравад. Аз ҳамин сабаб аз хазонсӯзӣ худдорӣ карда, онро дар ҷое 3-4 моҳ гӯронда, баъди ба пору табдил ёфтанаш чун озуқаи киштзор истифода бурдан ба мақсад мувофиқ аст.

Хулоса, инсоният аз қадимулайём аз оташ баҳри мақсадҳои худ самаранок истифода мебарад. Имрӯз низ бар ивази истифодаи оқилона аз он сатҳи зиндагӣ ва маданияти одамон боло меравад. Вале набояд фаромӯш кунем, ки риояи қатъии истифода аз оташ рӯзгорамонро ободу осуда, ҳаётамонро бехавфу хатар мекунад.

Мадинабону Расулова,

таҳлилгари кимиёвии сехи 13-уми Ҷамъияти масъулияташ

маҳдуди «Корхонаи коркарди нафти Бухоро».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: