Имкониятҳои нави хидматрасонии тиббӣ

  • Имкониятҳои нави хидматрасонии тиббӣ
  • Имкониятҳои нави хидматрасонии тиббӣ

Муассисаи замонавии тиббӣ ба истифода дода шуд

Солҳои охир дар ноҳияи Косонсой бо мақсади беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ, рушди соҳаҳои иҷтимоӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди хидматрасонӣ тадбирҳои муҳим амалӣ мегарданд. Аз ҷумла, соҳаи тандурустӣ ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки ҳаёти ҷомеа таҳти таваҷҷуҳи доимӣ қарор дошта, дар ин замина бунёду навсозии муассисаҳои тиббӣ ва ҷорӣ намудани усулҳои муосири хидматрасонӣ вусъат меёбад.

Ифтитоҳи муассисаи нави замонавии тиббӣ дар маҳаллаи «Гулобод» аз ҷумлаи чунин иқдоми муҳим буда, ба беҳтар намудани сифати хидматрасонии тиббӣ ва баланд бардоштани сатҳи дастрасии аҳолӣ ба ёрии тиббии босифат равона шудааст.

Муассисаи мазкур бо ташаббуси ҶММ «Evro med Kosonsoy» бунёд гардида, арзиши умумии лоиҳа 4,5 миллиард сӯмро ташкил медиҳад. Иншооти нав барои қабули 50 нафар бемор пешбинӣ шуда, бо ба фаъолият оғоз намудани он 30 ҷойи нави корӣ низ таъсис ёфтааст. Фаъолияти муассисаи нав дар баробари фароҳам овардани шароити муносиб барои сокинони ноҳия, инчунин ба таъминӣ аҳолӣ бо ҷойҳои нави корӣ ва рушди соҳибкории хусусӣ низ мусоидат менамояд.

– Саломатии инсон арзишмандтарин неъмат буда, ҳифзи он вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як корманди соҳаи тиб мебошад, – мегӯяд духтури табобаткунандаи бемориҳои узвҳои дарунӣ Алиҷон Маллахонов. – Дар клиникаи мо хидматрасониҳои тиббӣ аз рӯйи самтҳои бемориҳои дарунӣ ва асаб ба роҳ монда шудааст. Муассиса бо таҷҳизоту дастгоҳҳои муосири тиббӣ пурра муҷаҳҳаз гардидааст. Имрӯз рушди илму техника дар соҳаи тиб имкониятҳои навро ба вуҷуд оварда, истифодаи таҷҳизоти муосир дар ташхису табобат аҳамияти махсус дорад. Мо низ кӯшиш менамоем, ки бо истифодаи имкониятҳои мавҷуда ба ҳар як муроҷиаткунанда таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ба онҳо хидматрасонии босифату саривақтиро пешниҳод созем. Ба фаъолият оғоз намудани чунин муассисаҳо, пеш аз ҳама, ба манфиати аҳолӣ буда, ба шаҳрвандон имконият медиҳад, ки дар шароити муносиб аз хидматрасониҳои тиббӣ истифода баранд.

Ифтитоҳи маркази нави тиббӣ барои сокинони ноҳия боз як имконияти иловагӣ фароҳам оварда, дар роҳи беҳтар намудани хидматрасонии тиббӣ ва таҳкими саломатии ҷомеа қадами муҳим ба шумор меравад.

Дар ҳақиқат, рушди муассисаҳои хусусии тиббӣ дар баробари муассисаҳои давлатии тандурустӣ барои васеъ гардидани имкониятҳои интихоби хидматрасонӣ, ташаккули муҳити рақобат ва баланд бардоштани сифати хидматрасонии тиббӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

М. Мамаҷонова,

хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти НАМАНГОН.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: