Дар партияи сеюми рақобат барои тоҷи шоҳмот Ҷавоҳир Синдоров ва Гукеш Доммараҷу боз мусовӣ карданд

Партияи сеюми рақобат барои унвони чемпиони ҷаҳон оид ба шоҳмот, ки дар шаҳри Женева ҷараён дорад, рӯзи гузашта пас аз 60 гашт бо натиҷаи мусовӣ анҷом ёфт.

Мубориза барои пирӯзӣ дар фазои шадид ва оштинопазир сурат гирифт. Ҳар ду шоҳмотбоз мекӯшиданд, ки бартарии ҳалкунанда ба даст оранд. Гукеш Доммараҷу, ки бо муҳраҳои сиёҳ бозӣ мекард, дар оғози партия варианти камистифодашавандаи Рио-де-Жанейро дар ҳимояи Берлинро интихоб намуд. Аммо Ҷавоҳир Синдаров ба чунин ҷараёни бозӣ омода буд ва бо ҳаракатҳои дақиқу маҳорати баланди тактикӣ тавонист ба ҳариф муқовимати муваффақона нишон диҳад.

Ҳамин тариқ, ҳар се партияи баргузоршудаи рақобат бо натиҷаи мусовӣ анҷом ёфтанд. Ҳисоб ҳамоно баробар — 1,5:1,5 боқӣ мемонад.

Имрӯз, 27 ноябр, шоҳмотбозон рӯзи истироҳат доранд. Партияи чаҳорум рӯзи шанбе, 28 ноябр, соати 19:00 ба вақти Тошканд оғоз мешавад.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: