РИВОҶИ ТОКПАРВАРӢ ДАР ӮЗБЕКИСТОН

Қарор ва иҷро

Ангурпарварӣ таърихи қадима дорад. Тадқиқотҳои геопалентологӣ ва ампелографикӣ аз он далолат медиҳанд, ба парвариши ангур дар ин сарзамин бобоҳои мо ҳанӯз 6 ҳазор сол аввал машғул будаанд. Баробари парвариши ангурзор бо коркарди ангур, яъне омодасозии шароб эътибор нигаронида мешуд.
Дар давраи шӯравӣ бинобар яккаҳокимии пахта токзорҳо кам шуданд. Хусусан, дар солҳои 1985-1986, бинобар вайрон карда шудани майдонҳои васеи ток, соҳа зарари ҷиддӣ дид.
Имрӯзҳо дар мамлакатамон қарор, фармон ва фармоишҳое, ки бинобар ривоҷ дода шудани боғпарварӣ қабул мешаванд, самараи худро мебахшанд. Дар солҳои истиқлолият бештар аз 40-50 ҳазор гектар майдонҳои ғайриистифода ва лалмӣ ба токзор табдил ёфтанд. Хусусан, дар се-чаҳор соли охир ангурпарварӣ дар мамлакат ривоҷи тоза ёфт. Танҳо дар соли сипаришудаи 2020 аз ҷониби хоҷагиҳои фермерӣ ва корхонаҳои дигар дар ҳудуди 22,6 гектар токзорҳои нав бунёд гардид. Айни замон 4,3 гектар ин гуна майдонҳо реконструксия карда шуданд. Соли равон дар 50 ҳазор гектар майдонҳои лалмию бекорхобида барпо кардани токзорҳои нав ба нақша даромадааст. 6,2 ҳазор гектар токзорҳое, ки самараи иқтисодӣ намебахшанд, мавриди навсозӣ қарор мегиранд.
Ҳаминро низ таъкид кардан бамаврид аст, ки навъҳои зиёди ангури дар ин сарзамин парваришёфта, бинобар мусоидии обу ҳаво, сершира, ширин, саршор аз витамин мебошанд. Солҳои охир аз ҷониби муассисаҳои илмӣ-тадқиқотии ҷумҳурӣ як қатор навъҳои ба шароити маҳаллӣ хос офарида шуданд, аз қабили «Ризомат», «Кишмиш-вира», «Кишмиш суғдиёна», «Тарнавъ», «Рангдор», «Тиллогун» ва ҳоказо. Ин навъҳо алҳол аз ҷониби соҳибкорон дар майдонҳои васеъ парвариш меёбанд.
Мегӯянд, ангурҳои мо, хусусан ҳусайниву тоифӣ, он қадар шаҳдбор, ки «забонро мебуранд». Баробари хуштаъм будан шифобахшанд. Растаи бозорҳоямон чаҳор фасли сол аз меваҳои тару тоза саршор. Баробари хоҷагиҳои фермерӣ ҳамдиёронамон дар хоҷагиҳои ёрирасон – қитъаҳои наздиҳавлиашон ток парвариш ва ҳосили дилхоҳ мерӯёнанд. Нафақат дар деҳот, балки дар шаҳрҳо ба парвариши ангур эътибор пурзӯр шудааст. Масалан, имрӯзҳо ба қадам гузоштан ба ҳудуди маҳаллаи Бекободи ноҳияи Учтепаи пойтахт чашматон ба токзорҳо меафтад, ки хеле хуб парвариш ёфта, ғарқи меваанд. Дам гирифтан дар сояи токзор рӯзҳои гармои тобистон хеле ҳузурбахш. Дар 38 хонадон – истиқоматкунандагони гузари Токзор нашъунамои токзори пур аз меваро дида, дилатон боғ-боғ мешукуфад. Асосан навъҳои кишмишӣ парвариш меёфтаанд. Шахсони солхӯрдае, ки ҳадиси боғбонро гирифтаанд, таҷрибаҳои худро ба фарзандон меомӯзонанд. Як мӯйсафед вазифадор шудааст ба панҷ бача нозукиҳои парвариш – обу ғизо додан, шохҳои барзиёдро бурида, шакл додан, хомток сохтанро ёд диҳад. Фозилҷонотаи 74-сола дар маҳаллаи Қӯйидархон истиқомат мекунад. Бо ташаббуси вай дар пешорӯи бинои бисёрошёнаи истиқоматӣ токзор барпо гаштааст. Воиши пурҳашам низ далел бар баландии диди эстетикии барпокунандагони он. Вақте мева пухта расид, бо эҳтиёт ғунучин ва ба аҳолии гузар тақсим карда мешавад. Хусусан беморон, бо чашидани меваи хуштамъ, дар ҳаққи Фозилҷонота ва пайравони вай дуо мекунанд. Меваҳои бозор низ хуштамъ, вале ба ангуре, ки нав аз шоха бурида шудааст, мерасад?
Баробари пешпазак ангурҳое низ парвариш меёбанд, ки охирҳои тирамоҳ шира пайдо мекунанд.
Бо мақсади омӯхтан ва паҳн сохтани таҷрибаҳои пешқадам дар токпарварӣ чораҳои амалӣ андешида мешаванд. Чанде пеш таҳти сарпарастии муовини Сарвазир Шӯҳрат Ғаниев дар ноҳияи Олтиариқи вилояти Фарғона семинар-тренинги ҷумҳуриявӣ таҳти мавзӯи «Ангурпарварӣ: назариёт ва амалиёт» баргузор гардид. 
Зарурияти оммависозии таҷрибаҳои пешқадам дар соҳаро Президент дар яке аз ҷамъомадҳои охирини селекторӣ низ таъкид сохт. Вай гуфт дар ангурварӣ хусусан боғбонҳои ноҳияҳои Олтиариқи вилояти Фарғона ва Булоқбошии вилояти Андиҷон намунаанд. Ба рафти бевоситаи кори боғбонӣ бояд бевосита шинос шуд, маслиҳатҳояшонро гирифт, усулҳои ибратбахши кориашонро дар ҳудудҳои дигар ҷорӣ сохт.
Бо супориши роҳбари давлат дар ҳар вилоят барномаи рушди ангурпарварӣ кор карда бароварда ва масъулони соҳа аз паи иҷрои вазифа шуданд. Ба равнақи усули кластерии ангурпарварӣ аҳамияти алоҳида нигаронида шуд.
Дар семинар-тренинг воқеъ дар Олтиариқ, ки таъкид кардем, аз Қароқалпоқистон ва ҳамаи вилоятҳо наздик 500 нафар ширкат ҷустанд. Гуфта шуд, баробари олтиариқӣ ва булоқбошиён боғбонҳои паркентӣ низ дар парвариши ток ва расондани ангурҳои шаҳдбор таҷрибаи ғанӣ доранд. Дар чорабинӣ ташкил кардани мактаби ангурпарварӣ дар ҳудудҳои наздик 50 ноҳияи ҷумҳурӣ вазифадор карда шуд.
Намояндагон аз Олтиариқ гуфтанд, дар ноҳияамон тақрибан 40 ҳазор хонадон мавҷуд бошад, дар ҳар яки онҳо ток парвариш меёбад. Усули маҳаллабайъи ангурпарварӣ ҷорӣ ва сокинон дар 180 маҳаллаи ноҳия аз пайи ривоҷи соҳа ҷидду ҷаҳд менамоянд. Дуредгарҳоямон қуттиҳое месозанд фақат барои ҷойгир сохтан, кашондан, нигоҳ доштани меваҳои ток. Хоҷагиҳои фермерӣ, марказҳои логистикӣ фаъолияти худро ҷоннок сохтаанд, то мева беталаф ба ҷойҳои даркорӣ расонда дода шавад. Меваҳои экспортбоб дар як ҷо нигоҳ дошта, дар ҳамин ҷо ҳуҷҷатҳо барои содирот омода карда мешаванд.
Намоянда аз вилояти Сирдарё хотирнишон сохт, алъон дар канори Ҷайҳун низ токзорҳо ба бунёд омада ва майдони умумиашон аз 1200 гектар зиёдтар аст. Сирдарёиҳо ният доранд ин гуна майдонҳоро ба 3800 гектар расонанд. Умуман, дар ҷумҳурӣ барпои ангурзор дар ҳудуди 153 ҳазору 700 гектар мавриди назар қарор гирифтааст.
Тарзи кластерии парвариш 500 гектар майдонро фаро хоҳад гирифт. Нафақат дар тирамоҳ, аввалбаҳор низ ба Олтиариқ меҳмон шавед, ангури нав аз шоха буридаро пешатон мегузоранд. Меваро, ки мавриди нигоҳубини оқилона аст, зимистони сард низ сармо намезанад...
Дар ноҳия хоҷагии фермерии Хайрулло Бойматов дар парвариши токзор ба аҳли вилоят намуна. Ҳусайнбой Ғуломов дар қитъаи наздиҳавлиаш аз ток ва себ ҳосили баланд рӯёнда, таҷрибаҳои андӯхтаашро ба ҷавонон ёд медиҳад. Чӣ тавр манбаи даромад будани ангурпарвариро таъкид карда гузаштем. Олтиариқие, ки дар 8 сотих ток парвариш месозад, соле 35-40 миллион сӯм даромад карданаш мумкин. Саъйҳо дар ноҳия бинобар пухта расондани ҳосили саноатбоб, ба экспорт созгор ва бозоргир самара мебахшанд.
Мувофиқи қарори дахлноки роҳбари давлати мо мамлакат бо технологияи нави замонавӣ оиди токпарварӣ таъмин мегардад. Дар 48 ноҳияи ҷумҳурӣ, ки ба соҳа махсусонида шудаанд, корҳо аллакай оғоз ёфтаанд. Соли 2021 бояд токзорҳо дар ҳудуди 50 ҳазор гектар барпо гарданд. Аз 1 августи соли ҷорӣ ба иҷора додани майдонҳои лалмию обёришаванда барои парвариши ангур дар асоси озмуни кушод ибтидо гирифт.
Аз соли 2022 бо мақсади ривоҷи соҳа ва ҳавасмандсозии боғдорҳо таҳти «Беҳтарин навъи ангур», «Беҳтарин ангурпарвари интенсив», «Беҳтарин навъи ангури ватанӣ», «Беҳтарин маҳсулоти виносозӣ» барин номгӯйҳо озмун-азназаргузарониҳо (дар ду сол як бор) гузаронида мешаванд. То охири соли равон таҳти ҳамкорӣ бо масъулони муассисаҳои таълими олии хориҷӣ оиди ангурпарварию виносозӣ факултаҳои муштарак дар донишгоҳҳои давлатии Ҷиззах ва Фарғона кушода мешаванд.

М.ШОДИЕВ,
мухбири «Овози тоҷик»
.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: