ҶОЙГОҲИ «ОВОЗИ ТОҶИК» ДАР ТАШАККУЛИ ЗАБОНИ ҲОЗИРАИ АДАБӢ ВА ЖУРНАЛИСТИКАИ ТОҶИК

«Овози тоҷик» ба сифати нахустин рӯзномаи ҳукуматӣ 99 сол пеш (25 августи соли 1924) дар Самарқанд, ҳамчун оинаи афкори тоҷикони кишвар арзи ҳастӣ намуда, то ба имрӯз қариб 15 ҳазор нусхааш табъу нашр шудааст.

Фаъолияти рӯзнома мутобиқ ба Қонуни асосӣ – Конститутсияи Ӯзбекистон ба забони тоҷикӣ роҳандозӣ мешавад. Моҳияти кораш ташвиқот ва тарғиботи сиёсати давлатӣ, рӯнамоии навигариҳои дохили мамлакат ва берун аз он, тараннуми дӯстии халқҳо, ҳамбастагии таърихии халқҳои тоҷику ӯзбек, саҳмгузорӣ ба рушду нумӯи забони адабии тоҷикӣ, ҳифзи расму оин ва анъанаҳои миллии тоҷикон, инъикоси равобити дирӯзу имрӯзи адабиёти форсию туркӣ мебошад.
Аз ин рӯ «Овози тоҷик», аз замони таъсисаш то ба ҳол, масъулиятеро низ ба ӯҳда дорад, яъне гӯё машваратгоҳу маслиҳатхона ва мушкилосонкуне барои адибон ва мутарҷимон аст. Мусаннифи ин сатрҳо борҳо шоҳид шудааст, ки ин ё он адиби машғул ба кори тарҷумаи матнҳои классикии тоҷикӣ ба ин идора муроҷиат ва бо кумаки устоди шодравон Васфӣ мушкили худро осон кардаанд. Чуноне ки алоқаю робитаҳои пурдавоми тарҷумони рубоиёти Хайём – Шоислом Шомуҳаммедов, ёки аввалин муҳаққиқи Паҳлавон Маҳмуд – Тӯхтасин Ҷалолов бо ходими рӯзнома шоир Васфӣ, самароти зиёд ба бор оварда, адабиёти ӯзбекро ғанӣ намуд. 
Гӯё дирӯзакак буд, ки ба рӯзнома арбоби давлатӣ Шавкат Ниёзов, баъди ӯ Эҳсон Турдиқулов сарварӣ мекарданд. Солиёни дароз Муҳсин Умарзода дар вазифаи ҷонишини сармуҳаррир ифои вазифа намуда, забони онро сайқал додаанд. Бо вуҷуди серкорӣ, ба навиштани мақолаҳои илмӣ ва ҳикояву шеърҳо низ имкон ёфта, мақому обрӯйи худашон ва мартабаи рӯзномаро хеле баланд бардоштаанд. 
Кору бори «котиби масъул» – Раҳматҷон Норов низ аз Умарзодаю Ниёзови сармуҳаррир кам набуд. 
Солҳо мегузаранд, роҳбарон дигар мешаванд. Дидани баъзе фазилатҳои масъулиятшиносӣ ва дақиқназарии Муҳсин Умарзода дар симои ҷонишини кунунии сармуҳаррир Тоҷибой Икромов ба кас хурсандӣ мебахшад. Тавре ки баъзе хислатҳои домулло Васфӣ ба мудири шуъбаи адабиёти рӯзнома – нависандаи тоҷик Баҳодур Файзуллоев, сипас ба Ҷонибеки Қувноқ «сироят» карда буд. 
Бо гузашти айём кори рӯзнома ранги дигар гирифт. Акнун ягон ходим хабару мақолаҳои расидаро аввал дастӣ таҳрир намуда, сипас онро мошинчоп кунонда ба «котибот» намесупорад, то «котиби масъул» онро аз назар гузаронда дар сех бо роҳи чидани ҳарфҳои оҳанӣ «гранка» тайёр карда «макет» созад. Ин ва дигар амалиёт, ба монанди таҳияи матнҳо барои чоп, тарроҳии саҳафот ва шаклдиҳии газета, инчунин даровардани таҳрир, ки бе «котиби масъул» намешуд,  ҳоло кори якдама шудааст, онро компутер иҷро мекунад. 
Аз замоне, ки банда ба кор омада будам, ин вазифаи душвор (котиби масъул) дар зиммаи Раҳматҷон Норов буд. Он кас, олами дигар: побанди вазифа, муаддаб, хушлибос, одамшинос, донишманд, тарҷумони моҳир, саҳифабанди камназир буданд. Ба ин нисбат эшонро «сутуни редаксия» меномиданд. Ва низ, дар бораи ҷонсӯзтарин аз ҷонсӯзони «Овози тоҷик», файласуф Ҳоҷиқурбони Ҳамидзодаю Акбар Усмонови дар Маскав таҳсилёфта, ки мақолаҳои рангинашон дар саҳифаҳои рӯзномаву хотираи некашон дар ёди ҳамкорон зинда аст.
Ин гап ҳам кирои гуфтан аст, ки  он замон «летучка» (муҳокимаи бурду бохти шумораи навчоп) ва «планёрка» (муҳокимаи маводи ба чоп тайёр), ҷиддӣ, пур аз баҳсу талоши забону адабиёт, риояи қонуни забон мегузашт. Дар чунин баҳсҳои эҷодӣ Муҳсин Умарзода, Ҳомидҷон Қиличев, Саъдихон Солиев, Тоҳир Олимбоев, Ҷонибек Қувноқов, Хӯҷамурод Қӯлдошев, Муайяна Хоҷаева, Бекназар Тӯйназаров, Субҳон Файзиев, баъдтар Шоқаҳҳор Салимов барин журналистон ҳамеша фаъол буданд.
Ба ин идора қадами мубораки устод Айнию Турсунзода, Раҳимзода, Лоиқу Қутбӣ Киром, Фотеҳ Ниёзӣ, Абдуллозодаю Убайд Раҷаб ва дигар адибону олимони тоҷик бисёр расидааст. Боиси хушнудист, ки анъанаи пешинаи ҳамкорӣ бо адибони берунаро ҳоло нависанда Муҳаммадҷон Шодӣ, шоирон Паймон, Абдулло Субҳон дар идораи рӯзнома ва хабарнигорони вилоятӣ чун  Амрулло Авезов, Зоҳир Ҳасанзода, Мирасрор Аҳроров, Анорбой Назаров... дар вилоятҳо бо камоли майл ва сарбаландона идома медиҳанд.
Инак, бармегардем ба асли мақсад, ки сухан дар бораи «саҳми «Овози тоҷик» дар рушду нумӯъи забони адабии тоҷик ва журналистикаи он» аст.
Дар ин рӯзнома, ки аз соли 1969 ба кор шурӯъ карда будам, бо камоли эътиқод нисбати он метавонам, ки ходимон, бо вуҷуди дарки кӯтоҳумрии газета, маводи ҳар як шумораи онро аз сидқи дил, бо эҳтиёткорӣ ва дилсӯзӣ таҳия карда ба нашр медиҳанд. Бо вуҷуди ин, мисли дигар нашрияҳо, шумораи бенуқсонаш кам аст. Гӯё мақоли «гӯшт бе устухон намешавад» маҳз ба кори газета дахл дорад.
 «Бе устухон набудани гӯшт»-ро ҳама медонад. Аммо 50 сол пеш ва ҳозир ҳам баъзеҳо мегӯянд, ки забони «Овози тоҷик» — душворфаҳм!? Тасдиқ ва ё инкори ин ҳукм –душвор. Зеро рӯзнома ҳам ранги осиёб, аз дӯли он ҳамон ҳосил мебарояд, ки ба дӯл бирезанд. Осиёбон ҳар қадар бикӯшад, аз дони ҷав орди гандум ҳаргиз натавонад баровардан. Рафту осиёбоне ба дӯли осиёбаш донаи пучу бемағз андозад, бемасъулиятиаш ошкор мешавад...
 Ба осиёби «Овози тоҷик» гуна-гуна мавод омадаву меояд. Агар солҳои 20-30-юми асри гузашта аз маводи талху шӯр ҳосил гирифта бошем, солҳои ахир, дар қатори дигар ҷамоаҳои эҷодӣ, ба маҳсулоти ширин бештар унс гирифтаем, ки мувофиқ ба рӯҳи замон, аксаран маъракавӣ, мавсимию тавсифӣ ва гоҳе рӯякист. 
 Баъзе материалҳоро хонда кас ба рӯякӣ навишта шудани он иқрор мешавад. Ислоҳоти навин ба инъикоси воқеият такя менамояд. Дар ҳоле, ки хабарнигори хосса бо шахсиятҳои баландмақом дар тадбири деҳоти тоҷикнишини Бӯстонлиқи ҳудудаш аз вилояти Андиҷон ду бор калон иштирок карда, хабари навиштааш аз чаҳорчӯби «истиқболи гарму нарм», «дастархони пур аз неъмат» берун набошад, оид ба мушкилоти мактабҳои тоҷикӣ, аз душвор шудани гирифтани қитъаи замин дар ин ҷойҳо сухан наронад, ба ин гуна репортаж ҷуз «сатҳӣ» ё «рӯякӣ» дигар баҳо раво нест. 
 Ба ҳамин монанд дигар мақолаи ходими рӯзномаро ёдовар мешавем, ки аз сафари эҷодиаш дар Хоразм нақл карда, «Ичан Қалъа»-ро дили Хоразм меномад. Аммо аз зиёратгоҳи Паҳлавон Маҳмуд – муаллифи рубоиёти тоҷикии хайём-сифат навиштаи ӯ ҳарфе ба забон намеоварад. Ҳол он ки ин Ҷаҳонпаҳлавони хоразмӣ маҳз бо рубоиёташ дар қатори классикони адабиёти форс-тоҷик ҷой гирифта, машҳури олами адаб шудааст. Эҷодиёти ӯ рамзи беҳамтои инъикоси сарчашмаи ягонаи адабиёти мумтози ду халқи бародари тоҷику ӯзбек маҳсуб мешавад.
«Овози тоҷик»-ро муҳаққиқон бе асос оинаи таърихи тоҷикон нагуфтаанд. Интишороти ин рӯзнома дар бобати ягонагии сарчашмаҳои адабию анъанаҳои миллии тоҷикию ӯзбекӣ мақому мартабаи нашрияи моро мустаҳкам ва баланд менамояд. Вобаста ба таърихаш коршиносон бисёр навиштаанд. Аз байни муҳаққиқон пажӯҳишҳои илмии Пайванди Гулмурод, тадқиқоти профессор  Иброҳим Усмонов, бешубҳа, пурарзишанд. 
Навиштаҳои илмӣ ва адабии Муҳсин Умарзода, дар атрофи забон ва таърихи он; чакидаҳои қалами Муҳаммадҷони Шодӣ бахшида ба рӯзгор ва осори Фитрату хонадони ӯ; афсонаҳои сермағзи Адаш Истад, мақолаҳои Аслиддин Қамарзода, Ӯктами Иброҳиму Ҳазрат Сабоҳӣ, ки дар бораи ҳаракати ҷадидон, мактаби Шакурӣ, саргузашти талхи баъзе сармуҳаррирони собиқи «Овози тоҷик» чоп шудаанд, низ сазовори зикр ва таърифанд.
Имрӯз «Овози тоҷик» дар сафи пеши тарғибгарон ва дар қатори созандагони фаъоли «Ӯзбекистони Нав» қарор дорад. Зеро ин ғоя, зодаи Ислоҳоти сиёсиву иҷтимоиест, ки ташаббускор ва илҳомбахши он Президент Шавкат Мирзиёев мебошад. Ҳаёти имрӯза чашми одамонро кушода, имкон фароҳам овардааст, ки баррасию баҳодиҳӣ ба таърих, воқеиятҳои замони шӯравӣ холисона сурат гирад. 
Ба ин нисбат нуқтаи назари он муҳаққиқоне, ки «вой бар ҳоли одамони давраи гузариш» гуфтаанд, ба назар нодуруст метобад. Чунки «ҷаҳиш»-е, ки мо аз сар мегузаронем, аз «ҷаҳиш»-е, ки дар замони инқилоби русӣ ба амал омада буд, аз замин то осмон фарқ дорад. Ҷомеаи кунунӣ, ислоҳотро батадриҷ, зина ба зина пушти сар менамояд.
Барҳақ, солҳои таъсиси «Овози тоҷик» ба давраи «ҷаҳиш (гузариш)-и ҷомеа» аз як сохтори давлатдорӣ ба сохтори дигари иҷтимоӣ рост омадааст, ки он вақтҳо ҳаёти одамон пуртаҳлука, зиндагӣ мушкил, кори журналистон пурхатар буд. Рӯзнома ба рӯзгор, ҳаёти тоҷикони он давр, воқеаҳои сиёсию иҷтимоии дохили мамлакат ва берун аз он (ба шумули ҳамсоякишварҳои Афғонистону Эрон, қораи Қафқоз ва ғайра) мутаваҷҷеҳ шуда, бахшида ба маҳдудгардонии истеъмоли забони тоҷикӣ, инкори фарҳанг бисёр далелҳоро сабти таърих кардааст. 
Ба ин асос метавон гуфт, ки: ҳар як шумораи «Овози тоҷик» як саҳифаи таърихи тоҷикони Ӯзбекистон аст. 
Ҳамин хулоса дар майнаи ман аз соли 1968 боз сахт ҷой гирифтааст. Зеро ҳамон сол тайи як моҳ, ба сифати таҷрибаомӯз дар китобхонаи «Салтиков-Шедрин»-и Санкт-Петербург «Овози тоҷик»-ро пурра варақгардон намуда, дар мавзӯи: «Ҳаёт ва эҷодиёти Ноил Шерзода» рисолаи дипломӣ навишта будам. Он вақт журнали иловагии «Овози тоҷик» – «Мушфиқӣ»-ро (минбаъд дар Тоҷикистон ба сурати «Хорпуштак» баромад) аз назар гузаронда, аз имзоҳои мустаораш дар ҳайрат монда будам. Чунки назму насри нашрияҳои мазкур гуна-гуна ҳаҷвиёти тезу тунди фелетоннамо дошт. Табиист, ки муаллифони мазкур аз тарси ҷон номи худро зикр накарда, навиштаҳои танқидиашонро бо имзоҳои мустаъор (чун «Вадаванг», «Наррашер», ё «Наррашери истаравшанӣ» ...) ё бо истифода аз сарҳарфи ному насаб мебароварданд.
Далели аз ҳама муҳими вазъи тоқатфарсои зиндагии тоҷикони он давр, албатта, ин «Намунаи адабиёти тоҷик» мебошад. Сабаби дар як муддати кӯтоҳ аз ҷониби Устод Айнӣ навишта ва нашр шудани «Намунаи адабиёти тоҷик» (1926)-ро тақозои давр гуфтан кам аст. Зеро он солҳо ба ҳастии тоҷикон шак меоварданд.  
«Овози тоҷик» мақолаҳое низ чоп кардааст, ки дар он оид ба манъи гуфтугӯи тоҷикӣ дар идораҳои давлатӣ сухан меравад.
Сарфи назар аз ҳамаи ин мушкилот «Овози тоҷик» барқарории забони модарии тоҷикон, рушду нумӯъи адабиёти пурғановати онро таъмин кард ва ба рӯоварии ҳамешагии муаррихону муҳаққиқони сонӣ ба ин масъала асос гузошт. 
Аз ашъори Айнӣ, Ализода, Шерзода, ёддоштҳои Раҳим Ҳошим барин собиқадорон маълум мешавад, ки он солҳо барои таҳия ва интишори ҳар як шумораи газета, дар баробари истеъдод, ҷасорат низ зарур буд. Ёддоштҳои собиқадорони рӯзнома ин ақидаро тасдиқ менамояд, ки баъдтар хоҳед хонд.
«Овози тоҷик» аз айёми ҷавониаш байрақи дӯстии халқҳоро баланд бардошта, ба тарбияти кадрҳо, анъанаи: «устод-шогирд»-ро такмили нек бахшида, алалоқибат комёб гардид. Соли равон дар озмуни «Олтин қалам» («Қалами тиллоӣ») шарафёб шудани якбора се нафар аз ходимони имрӯзаю дирӯзаи «Овози тоҷик» , – Мирасрор Аҳроров, Шоқаҳҳор Салимов, Саодат Бекназарова ин гуфтаро тасдиқ карда метавонад.
Имрӯз ба шарофати «Овози тоҷик» метавонем айёми гузаштаро, бо ҳама шарофату касофате, ки дошт, пеши чашм биоварем, аз бурду бохти тоҷикон маълумот ба даст оварем, дурандешу ояндабин шавем, Конститутсияи Ӯзбекистони Навро ба сифати сармашқи кори худ мақбул дониста, ба ояндаи забон, тақдири миллат бефарқ набошем.
Бефарқиҳои ҳамзабонони мо дар ҳама соҳа хори чашм мешавад. Ин камбудиҳо дар кам шудани обунаи рӯзнома, аз байн рафтани на фақат синфҳо, ҳатто мактабҳои тоҷикӣ ошкор мегардад. Кас ҳайрон мешавад, дар ҳоле ки Қонуни Асосӣ ба ривоҷу равнақи забони ҳар як миллати маскуни Ӯзбекистон роҳ кушодааст, худи «падару модарон» сабабгори баста шудани дари мактабҳои тоҷикӣ, аз байн рафтани матбуоти худ мешаванд... 
Алҳол Интернет ҳамаро ба худ ҷалб кардааст. Он ҳам даркор, аммо хондани «Овози тоҷик», ёдоварӣ аз таърихи таъсисаш муҳимтар аст. Махсусан мақолаҳои ба ин мавзӯъ тахсисёфта, ки гузаштагон адабиёту маънавиёти худро ҷон ба гарав ҳифз карда, ҷонбахши «Овози тоҷик» шудаанд. 
Чархи гардун каҷрафтор аст. Як намунааш ҳамон «Хати Дюранд» буд, ки чанд аср пеш бо дастгирии Русия, дарёи Омуро сарҳади давлатӣ сохт, бо ҳамин амалаш тоҷикон ва ӯзбекҳои Мовароуннаҳрро ба ду самт ҷудо кард. «Хати Дюранд» дар ҷануби Афғонистон ба таъсиси «Паштунистони озод» муваффақ шуда, ба чанд миллион кӯчиёни паштун имконият фароҳам кард, то ин тоифаи саҳронишин бемалол ба манотиқи шимолии Афғонистон кӯчида, зиндагии тоҷикони муқимро халалдор, забони онҳоро махлут кунанд. 
Касофати ҳамон ғояи «тақсим куну ҳукм рон», ки дар боло аз «Хати Дюранд» гуфта шуд, илҳомбахш ва сарчашмаи хуруҷи зидди тоҷикӣ буд.  
Рушду камоли забон ва адабиёти тоҷик дар қаламрави Ӯзбекистони Нав аввало қудрати дӯстии безаволи халқҳои тоҷику ӯзбекро нишон дода, нақшаи хусуматбори аҷнабиёнро, ки мехостанд бо истифода аз ҷудоии «як миллати ба ду забон мутаккаллим» манфиатҳо ба даст оваранд, инкор кард.
«Овози тоҷик» на фақат аз байн нарафт, балки дар рушду камоли ин забони қадима роҳи нав кушод, забони адабии тоҷикиро ғановат бахшида тавонист. Ҳанӯз дар замони шӯравӣ, иддае аз уламои соҳаи таъриху адабиёт ва ҳатто забоншиносӣ ин дастоварди тоҷиконро мавзӯи баррасии илмӣ қарор додаанд. 
Таври намуна ба таҳқиқоти як мусташриқи донишманд, равшангари забони «Овози тоҷик», соҳибназаре, ки чанде аз донишгоҳҳои дунё ба шунидани маърӯзаҳояш мушарраф гардида, китобҳои илмиашро хазоини кутуби Амрико дархост намуда гирифта буд, муроҷиат мекунем, ки дар натиҷаи таҳлили илмии забони газетаи мо байни забоншиносони дунё шуҳрат ёфт. Исми шарифи ин пажӯҳишгари камназир Турдихон Бердиева (1949-2008) мебошад, ки аслан аз Конибодом ва хатмкардаи мактаби миёнаи ин шаҳр аст.
Муҳаққиқ зери пардаи забоншиносӣ ба масъалаҳои иҷтимоии он давр низ эътибор дода, бисёр тирагиҳои таърихи гузаштаро равшан, мақоми «Овози тоҷик»-ро муайян намудааст. Аммо навовариаш дар забоншиносии тоҷик бештар арзёбӣ гардидааст.
Т. Бердиева аввалин шуда номақбулии маводи матбуоти даврӣ дар таҳқиқоти илмиро инкор карда, собит намуд, ки тамоюлҳои инкишофи аслии забони мустаъмалро на дар заминаи адабиёти бадеӣ, балки фақат дар асоси маводи матбуот, билхосса, дар асоси материалҳои газета таҳқиқ кардан самараи хуб ва матлуб медиҳад. Зеро, тағйироти забон ба замон ҳам вобастагӣ дорад.
Зеро то Турдихон Бердиева забоншиносон корҳои илмии худро дар асоси адабиёти бадеӣ анҷом дода, забони матбуоти тоҷик (минҷумла, «Овози тоҷик»)-ро ба инобат намегирифтанд. Мавсуф даст ба қолабшиканӣ зада, рӯзномаи тоҷикиро ҳамчун манбаи инкишофи забон нишон дод, дар ин мавзӯъ аввал рисолаи илмии номзадӣ, дар соли 1983 рисолаи докторӣ дифоъ карда, дар соли 1968 тибқи рисолаи номзадиаш китоберо бо номи «Унсурҳои забони арабӣ дар тоҷикӣ» аз нашр баровард, ки дар заминаи маводи мунташираи «Овози тоҷик» таҳия шудааст. 
Ба ин нисбат таҳқиқоти ӯ, дар бобати муайян намудани мақому мартаба ва ҷойгоҳи яке аз нахустрӯзномаҳои тоҷикон «Овози тоҷик»  пурқимат буда, то ҳадде кору бори ходимони рӯзномаро низ эътироф менамояд. 
Ба таъбири забоншиноси борикбин «Овози тоҷик» дар давоми солҳои баъди инқилобӣ минбари тавонои афкори тамоми тоҷикзабонон буд, дар ташаккули минбаъдаи забон, корбасти истилоҳоти илмӣ таъсири амиқ гузоштааст. 
Китоби дигари Т.Бердиева «Фарҳанги басомади иқтибосоти арабӣ» (1971), ки низ дар заминаи «Овози тоҷик» арзи ҳастӣ намудааст, дараҷаи истеъмол, сарфу наҳви ин иқтибосҳоро ҳам дар забони арабӣ ва ҳам дар забони тоҷикӣ равшан карда, кумакрасони забоншиносон шудааст.

Маъруф ОТАХОНЗОДА, 
Журналисти шоистаи Ӯзбекистон,
узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон,
раиси Маркази мадании тоҷикони Тошканд – «Ориёно».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: