ОФАРАНДАИ ҶАВҲАРИ НОЁБИ МУСИҚӢ

Ба ифтихори 75-солагии оҳангсоз Мустафо Бафоев

Ба ифтихори 75-солагии оҳангсоз Мустафо Бафоев
Бухорои шариф фарзандҳои фарзонаеро ба камол расондааст, ки бо саъю кӯшиш, илму дониш ва тавоноии худ дар рушду равнақи соҳаҳои гуногуни мамлакат мавқеи муносибро ишғол кардаанд.
Мухтор Ашрафӣ, Мутал (Мутаваккил) Бурҳонов, Мустафо Бафоев барин парвардагони ин диёри куҳан оҳангсозоне мебошанд, ки ба  рушди мусиқии миллӣ ва ҷаҳон хидматҳои босазо карданд.
Дар Консерваторияи давлатии Ӯзбекистон бо ҳамкории Вазорати фарҳанг ва Иттиҳоди композиторон ва бастакорон бахшида ба 75-солагии композитор ва дирижёри маъруф Мустафо Бафоев шабнишинии эҷодӣ баргузор шуд.
Устоди Консерваторияи Ӯзбекистон, мусиқишинос Инесса Гулзарова ба шабнишинӣ ҳусни ифтитоҳ бахшида гуфт, ки эҷодиёти Арбоби хидматнишондодаи санъати Ӯзбекистон, лауреати мукофотҳои давлатӣ, дорандаи орденҳои «Фидокорона хидматлари учун» ва «Меҳнат шуҳрати» Мустафо Бафоев дар маданияти мусиқӣ падидаи нав мебошад.
– Чандин даҳсола аст, ки бо Мустафо Бафоев ҳамкор ҳастам. Эҷодиёти ӯ маро ҳамеша ба ваҷд меорад, – гуфт И. Гулзарова. – Аммо вақте ки бо роҳи ҳаёти ӯ аз наздик шинос шудам, тааҷҷуби ман дучанд шуд, чунки ӯ дар муҳите ба воя расидааст, ки аз ин илм тамоман дур буд. Падараш, ки ҳисобчии колхоз буд, мехост писараш агроном шавад, модар бошад, падарро ҷонибдорӣ мекард.
Аз ин лиҳоз, метавонам ба дастовардҳои Мустафо Бафоев мисли дастовардҳои оҳангсози сатҳи ҷаҳонӣ П. Чайковский, ки самараи як фоиз истеъдод ва боқимонда саъю кӯшиш, меҳнат ва талошҳои худи ӯ буданд, баҳо диҳам.
Дарҳақиқат, М. Бафоев  вақте ки ба Омӯзишгоҳи мусиқии Бухоро дохил шуд, чӣ будани нотаро намедонист, аммо мусиқиро дӯст медошт.
Баъдтар дар консерватория таҳсили илм кард. Дар пойтахт азоби иҷоранишиниро кашид. 
Ва бо дилбардорию дастгириҳои М.Бурҳонов азнав асрори ин фанро омӯхт. Ва ниҳоят меҳнати чандинсолаи ӯ самараи худро доданд...
Нахустин асари М. Бафоев, ки барои камери оркестр навиштааст, «Се рақс» ном дорад. Вақте оҳангсозон бо он шинос шуданд, ба хулосае омадаанд, ки ба олами мусиқӣ шахси муносиб – истеъдодноку тавоно ворид шудааст.
М. Бафоев аз аввалин оҳангсозоне мебошад, ки арзишҳои милливу ҷаҳонии мусиқиро бо ҳам омехтааст. 
Ӯ муаллифи беш аз даҳ асари саҳнавии симфонӣ, оратория, балет ва сурудҳо мебошад.
Меҳмонони шабнишинӣ эътироф карданд, ки симфонияи камерии дуюм, ки аз 3 қисм иборат аст, нуқтаи баландтарини эҷодиёти ӯ шуморида мешавад. Композиторҳои номии он замон Улуғбек Мусоев, композитори озар О. Меликов, турк Аднан Сайгун эътироф намуда буданд, ки он ҳамчун дастоварди беназири эҷодкор аст. Муаллифи гимни давлатӣ М. Бурҳонов бошад, симфонияро «Ҷавҳари ноёби махзани мусиқии ӯзбек» номида буд.
Дар баромади худ раиси Иттиҳоди оҳангсозон Рустам Абдуллоев таъкид кард, ки Мустафо Бафоев аз ҷумлаи композиторонест, ки ҳамеша дар саъю ҳаракат ва ҷустуҷӯ аст. Кашф намудани саҳифаҳои нави мусиқӣ барои ӯ вазифа не, балки эҳтиёҷи қалб мебошад.
Мусиқидонҳои ҷаҳон операро қуллаи баланди эҷодӣ мешуморанд. Аз ин рӯ, ба истеъдоду салоҳдиди  композитор бо операи ӯ баҳо дода мешавад. Операҳое, ки бо мурури замон ба асарҳои ҳаётӣ табдил меёбанд, аз дилу дидагони тамошобинон ҷой мегиранд. Операи «Умар Хайём», ки соли 1994 офарида шудааст, аз ҷумлаи чунин асарҳост. Мусиқишиносон вақте аз он баҳрабардорӣ кардаанд, гуфтаанд, ки «Аз байни операҳо хубтарин операи ӯзбек аст».
Мустафо Бафоев бахшида ба зодгоҳи куҳанаш асарҳои зиёдеро мисли «Ҳафт пир», «Бухорои шариф», «Бухорча» «Ҳафт латифаи Насриддин Афандӣ»-ро офаридааст, ки  бозгӯйи эҳтироми ӯ ба ин сарзамин мебошад.
Ҳаводорони эҷодиёти М. Бафоев дар шабнишинӣ аз намунаҳои эҷоди ӯ, ки аз тарафи овозхонони боистеъдод М.Раззоқова, Д.Фозилов, Т.Шукуруллоев иҷро шуд, баҳрабардорӣ карданд. 

Н. НОДИРОВА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик». 
 Суратгир: 
Даврон АҲМАД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: