Дар посгоҳи гумруки «Айритом» моддаи гиёҳванд, ки зери вагони боркаш ҷойгир карда шуда буд, ошкор карда шуд

  • Дар посгоҳи  гумруки «Айритом» моддаи гиёҳванд, ки зери вагони боркаш ҷойгир карда  шуда буд, ошкор карда шуд
  • Дар посгоҳи  гумруки «Айритом» моддаи гиёҳванд, ки зери вагони боркаш ҷойгир карда  шуда буд, ошкор карда шуд

Бо ҳамкории раёсати гумруки вилояти Сурхондарё ва хидмати бехатарии ҳарбии қӯшунҳои сарҳадӣ дар посгоҳи гумруки «Айритом» пеши роҳи бо роҳи контрабанда ба кишварамон ворид намудани миқдори зиёди моддаи гиёҳванд гирифта шуд.

Бино ба иттилои раёсати гумруки вилоят, ҳангоми азназаргузаронии вагонҳои қатораи боркаш, ки аз кишвари ҳамсоя вориди ин посгоҳи гумрукӣ шуда буд, саги хидматӣ дар яке аз вагонҳо маводи шубҳанокро ошкор кардааст. Дар ин замина вагони боркаши мазкур аз санҷиши амиқи гумрукӣ гузаронида шуд.

Дар ҷараёни амалиёт маълум шуд, ки заҳри қотил дар зери вагон пинҳон карда шудааст, – мегӯяд Шоҳруз Ӯралов, сардори хидмати иттилоотии раёсати гумруки вилоят. – Маводи муҳаддири афюн, ки зери вагон гузошта шуда буд, 2,14 килограм вазн дошт.

Дар айни ҳол мақомоти гумрук аз рӯйи ин ҳолат  тафтишоти пешакӣ анҷом медиҳад.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: