Чанд рӯз аст, ки хумори суҳбатҳои шавқангези устод ҳастам.
Охирон ин пазмонӣ то ҳадде расида, кору ташвишҳои зиндагиро як сӯ гузошта, ба дидорашон шитофтам. Қарибиҳои нисфирӯз ба хонаашон расидаму аз холамулло пурсидам:
—Устод куҷоянд?
—Он кас китоб мехонанд!, — бо ханда ҷавоб доданд холамулло.
Дари хонаи устодро во карда нигоҳ кунам, устод банди китобхонӣ.
— Ассалому алайкум, устод!
Он кас аз китобхонӣ сар бардошта, сӯям нигоҳе карданд. Омадани маро, ки чашмдошт набуданд, бо тааҷҷуб:
— Шумо кистед? – гуфта пурсиданд.
— Ҳозир ченаки замон пул шуда монд, агар камтар пул дода мемондам, аллакай мешинохтед, — бо шухӣ ҷавоб гардондам.
— Ана ина бинед, — китобро як сӯ гузошта оғӯш кушоданд устод.
Банда охири солҳои ҳафтодуми асри гузашта баъди хатми донишкадаи Бухоро дар мактаби рақами нӯҳуми ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии ноҳияи Шофиркон ба кор шурӯъ кардам. Он замон ҳоло дар байни устодони ин мактаб иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳон мисли Мавлон Эргашев, Ҳаким Раҳматов, Муҳаммад Бобомуродов, Убайдулло Қӯлдошев (падари кормандони рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» шодравонҳо Хӯҷамурод ва Султонмурод Қӯлдошев), Рафиқ Шокиров фаъолият доштанд, аз онҳо дарсҳои зиндагонӣ ва ба ҳаёт бо назари нек нигаристанро омӯхтам.
Қаҳрамони лавҳаи мо Юсуф Йӯлдошев ба зумраи авлоде тааллуқ дорад, ки давраи бачагиашро ҷанги хонумонсӯз «хӯрда» буд, яъне солҳои бачагии ӯ бо меҳнати тоқатфарсои паси фронт, нимгуруснаю нимсер паси сар шуда буд.
Баъди тамом шудани ҷанг Юсуф ба Институти муаллимтайёркунӣ дохил шуда, онро бомуваффақият хатм намуд ва фаъолияти омӯзгориашро дар мактаби рақами 21-уми ноҳия оғоз намуд.
— Ҳамин тариқ, дар оғӯши мавҷи гирдобҳои зиндагӣ шино карда, аз паси таълиму тарбияи мактаббачагон то ин манзил омада расидани умрро нафаҳмида мондам, — гуфт бобои Юсуф Йӯлдошев. – Шукри беҳад Худованди каримро, ки даҳ нафар фарзандро тарбия намудем. Фарзандҳои калонӣ Юнусҷон ва Исроилҷон Институти хоҷагии халқи Тошкандро хатм карданд, духтаронамон аз пайи касби падар рафта, муаллимиро интихоб намуданд. Келинҳо муаллима. Фурқатҷон соҳибкории соҳаи таълиму тарбияро пешаи худ кард. Кредит гирифта, дар маркази деҳа боғчаи дуқабатаи кӯдакона сохт. Ҳоло дар ин ҷо бачагон нафақат таълиму тарбияи хуб мегиранд, инчунин ба онҳо забонҳои англисиву русӣ низ омӯзонида мешавад.
— Гоҳо вазъиятҳое мешаванд, ки як сухани бамавриди ҳамсуҳбат ба корҳои калон такон мебахшад, — гуфт Ю. Йӯлдошев. — Боре дар оромгоҳ фароғат доштам. Ҳамхонаам мақоли «аз нек боғ мемонад»-ро истифода бурд, баъди он ман ба тараддуди бунёди боғ афтодам. Дар доманаи шаҳраки Қӯрғони Вардонзе дар ҳудуди як гектар замин боғ барпо кардам, ки ҳоло хурду калон аз ҳосилаш баҳраманданд.
Аз рӯйи солшумории ҳиҷрӣ-қамарӣ ба ҳар сивусе соли умр як соли дигар зам карда мешавад, аз ин ҳисоб бигирем, ҳамсуҳбати мо садсола шудаанд, ки ҳоло низ солиму бардам ҳастанд.
Аз устод сабаби дарозумриашонро пурсидам. Ҷавоби он кас одӣ буд: барои ин аввало сабр, сониян шокиру қаноатпеша будан басо муҳим аст.
Аҳли деҳ шӯхиҳои Юсуфмуаллимро зуд-зуд ба ёд меоранд: яке аз рӯзҳои гармои тобистон мироб обро назораткунон то ҳавлии он кас меояд ва муаллимро ҷеғ зада мегӯяд, ки ягон кас беиҷозат як қатра об нагирад. Вақте ки мироб 200-300 метр дур меравад, устод ӯро садо карда мепурсанд:
— Мебахшед, миробҷон! Барои ду сатил об додан ба модагов иҷозатро аз кӣ бояд пурсид?
Мироб, ки дар ин гармои сахт ҳал-ҳалкунон пас гашта буд, бе сухан қафо гашта меравад...
Юсуф Йӯлдошеви заҳматписанд баҳри сериву пурӣ ва таълиму тарбияи фарзандон бо ҳамсараш дар баҳор кирмаки абрешим парвариш кард, тобистон аз саҳро алаф чида, чорво парварид, дар тирамоҳ пахта чида, ками рӯзгорро пур кард. Бо парвариши занбӯр шуғл варзид, ки ҳоло роҳату фароғати ин меҳнати пумашаққатро чашида, даври пирӣ меронад.
Алимурод ТЕМИРОВ,
ноҳияи Шофиркони
вилояти Бухоро.