1. «ОВОЗИ ТОҶИК»: 100 СОЛИ ПУРШАРАФ

ЁДИ ЁДҲО

Чӣ мардум, ки гӯё надорад забон,
Чӣ  ороста пайкаре, бе забон.
Асадии Тӯсӣ

Рӯзномаи ягонаи тоҷикии ҷумҳуриявии Ӯзбекистон – «Овози тоҷик» 100-сола мешавад. Нахустин гаҳвораҷунбонҳои он киҳо буданд?

 

АЗ ЁДДОШТИ АКАДЕМИК БОБОҶОН ҒАФУРОВ 

Академик, директори Институти шарқшиносии АФ собиқ ИҶШС Бобоҷон Ғафуров дар арафаи ҷашнгирии 50-солагии «Ҳақиқати Ӯзбекистон»  онро «ҳақиқатнигори таърих» номида, дар мактуби худ навиштаанд, ки чоп ва паҳн карда шудани рӯзномаи тоҷикии «Ҳақиқати Ӯзбекистон» намунаи дӯстии матину мустаҳками халқҳои Ӯзбекистон мебошад. Бобоҷон Ғафуров солҳои дар идораи «Овози тоҷик» кору вазифа доштани худро бо камоли ифтихор ба ёд овардаанд: «Дар он солҳо ман ба бахти мухбири фаъоли ин рӯзнома будан мушарраф гаштам».
...Асосгузорони давраи советии адабиёти навини тоҷик Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ, адибон ва шоирони номӣ, ба монанди: Раҳим Ҳошим, Пайрав Сулаймонӣ, Абдусалом Деҳотӣ, Муҳаммадҷон Раҳимӣ, Суҳайлӣ, Аминзода, шоирону нависандагони овозадори минбаъда чун: Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Фотеҳ Ниёзӣ, Раҳим Ҷалил, Абдулғанӣ Мирзоев, Файзулло Абдуллозода... аз ходимони фаъоли ин рӯзнома буданд. 
Бобоҷон Ғафуров бо камоли майл  исми шарифи аввалин муҳаррирони «Овози тоҷик» Муҳаммадҷон Ҳасанов ва Шаҳобуддин Садруллинро ба сифати тарбиятгари журналистони ҷавони солҳои 20-ум ва 30-юм, ба хотир оварда,  дар байни ходимони «Овози тоҷик» идома доштани анъанаи маъмули «зуллисонайнӣ» (дар ду забон эҷод намудан)-ро таъкид карда, зимнан эҷодиёти Устод Айнӣ ва худашонро намуна овардаанд.
Муҳаққиқони таърихи адабиёт саҳми «Овози тоҷик»-ро дар ташаккули  забони адабии тоҷикӣ алоҳида қайд кардаанд. 
«Овози тоҷик» дар соли аввал ва дуюми фаъолияташ, вазъи ногуворе дошт. Чунки марҳилаи тақсимоти ҳудуди миллӣ бо шиддат давом дошт. «Овози тоҷик» дар ин ҷода қаҳрамониҳо нишон дода,  ҳаққу ҳуқуқи тоҷиконро қотеъона дифоъ кардааст. Ба ин нисбат имрӯз сарнавишти «Овози тоҷик»-ро давраи ташаккули матбуоти шӯравии тоҷикон ва Тоҷикистон медонанд.
«Овози тоҷик» сараввал ҳамчун нашри андешаҳои Кумитаи Самарқанд, муддате ба сифати ношири андешаҳои ҳукумати Тоҷикистон ва баъдтар ҳамчун органи чопии ҳукумати вилояти Самарқанд ва дертар ҳамчун ношири афкори Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Ӯзбекистон ва Ҳукумати Ӯзбекистон ба табъ мерасид, ки алҳол муассисонаш Шӯрои Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис, Шӯрои Сенати Олий Маҷлиси Ӯзбекистон ва Девони Вазирони Ӯзбекистон тасдиқ шудааст.
Ходимони ҳозираи рӯзнома бар инанд, ки «Овози тоҷик» оинадори таърихи тоҷикон, забони қавмест, ки дар Ӯзбекистон таҳҷоӣ ва аз нигоҳи теъдод на камтар аз дигар миллатҳост. «Овози тоҷик»  то вақте вуҷуд дорад, ифтихори миллиаш рӯшан падидор аст.
 «Овози тоҷик» дар як замони пурташвишу мураккаби сиёсӣ ба майдон омад. Дар он солҳо фарҳанг, забон, таърих дар байни обу оташ қарор дошт. Аз як сӯ, бурузи мафкураи нави болшевикӣ, чун сели оҳанин, ба ҳаёти мардум зада даромада, аз як тараф  расму тартиботи нави ба халқи мо бегонаро ташвиқ намояд, аз тарафи дигар, муқаддасоти миллӣ ва динии халқ зери по мешуд. Биноҳои муътабару муҳташами масҷиду мадрасаҳо ба анборхонаҳо табдил меёфт, ҳатто, куллан валангор мешуд. 
Дар ин гуна иморатҳои таърихӣ муассисаҳои тарғибгари сиёсати ҳукумати нав: идораи райкому исполком, кохи пионер (пешоҳанг)-он, хонаи атеистон... ҷой мегирифт. Ходимони ин рӯзнома миёни обу оташ буданд. Шахсони босаводу фарҳангдӯст, миллатпарасту соҳиби дину имонро, ки ба пуштибонии масҷиду мадраса, хонақоҳу мазорот, китобҳои кӯҳна, аҳли савод лаб  мекушоданд, дарҳол аждаҳои «сели оҳанин» онҳоро ба комаш мекашид. Инро дар мисоли Абдулқаюми Қурбӣ, Тамҳид ва баъзеи дигарҳо дидан мумкин.
Як гурӯҳи калони  рӯшанфикрон аз ин ҳараҷу мараҷҳо ба танг омада, рӯ ба муҳоҷират ниҳода мусофирхок шуданд. Аз байни зиёиёни дар ватан монда, беҳтаринҳояшон бо ҳар гуна баҳонаву дасиса ва туҳматҳо табъид шудаанд. 
Саҳифаҳои «Овози тоҷик»-ро варақ зада, шеъру мақолаҳои Абдулқаюми Қурбӣ, Саидризо Ализода, Васлӣ, Аҷзӣ, Фахриддини Роҷӣ, Ғуломризо Козимзода, Тамҳид (Масеҳои Тамҳиди Самарқандӣ), Шерзода ва даҳҳо нафар қаламкашони соҳибистеъдодро хонда, аз ин, ки тайи солҳои мутамодӣ ба гӯшаи фаромӯшӣ монда буданд, ангушти ҳайрат мегазем. 
Бино бар навиштаи адабиётшинос Ҳазрат Сабоҳӣ, дар байни  онҳое, ки ба халқу ватан хидматҳо карда бошанд ҳам, ба ҷазоҳои сахт гирифтор шуда, дар зиндони шӯравӣ вафот ёфта буданд, ки  аввалин сармуҳаррири «Овози тоҷик» Абдулқайюми Қурбӣ ва ходими рӯзнома, шоири тавоно Масеҳои Тамҳид будааст, ки чандин соли умри ҷавониашро дар маҳбаси шӯравӣ хазон кардааст. 
Ба ҳамин нисбат, ҳатто дар ҷашни 50-солагии «Овози тоҷик» (соли 1974), дар шумораи махсусаш, ки «Ҷашннома» дошт, дар бораи Абдулқаюми Қурбӣ ягон хел маълумот ҷой дода нашудааст ва ҳатто аз ашъораш намунае наовардаанд. Азбаски дар идораи «Овози тоҷик» (ҳатто дар китобхонаҳои Тошканд ҳам) бастанусха (подшивка)-ҳои солҳои пешин намондааст, то кас тавонад аз осору тақдири дигар  табъидшудагон бештар сухан ронда бошад. Гузашта аз ин, мақолаю китобҳои муҳаққиқони соҳа, ки дар Тоҷикистон ба табъ расидаанд, низ кам дастрас мешавад. 
Ва афсӯс мехӯрам, ки куҷо бурданд, дӯкони пур аз китобу серодами  «Тоҷиккитоб»-ро, ки солҳои таҳсилам дар Самарқанд вуҷуд дошт?
Боз ҳам умед бар он дорем, ки сарони ду кишвари ҳамсоя, ба рӯйи мо дари сарҳад кушоданд, метавонанд дари маърифат низ ба рӯямон бикшоянд. Алҳол месазад шукрона гӯем, зеро ба туфайли истиқлол метавонем номи якумин муҳаррири «Овози тоҷик» – Абдулқайюми Қурбӣ ва дигар қаламкашони табъидшударо бо камоли ифтихор ба ёд оварем, рӯҳи ҳамаи онҳоро бо дуои хайр шод гардонем.

РАҲИМ ҲОШИМ 

Ин адиби сермаҳсул яке аз шоҳидони зиндаи таъсис ёфтани «Овози тоҷик» аст. Онро газетаи дӯстдошта ва қадрдони худ мешуморад. Ба муносибати ҷашни 50-солагии рӯзнома Раҳим Ҳошим онро «кӯҳансолтарин ва зиёдумрдидатарини газетаи тоҷикист ва бинобар ин дар таърихи матбуоти тоҷикии Осиёи Миёна мавқеи хосе, мавқеи ифтихормандонае дорад» – гуфта рӯзҳои таърихии нашри аввалин ва то муддате «ягона газетае ба забони тоҷикӣ» будани онро ба хотир оварда, чунин менигорад:
«Овози тоҷик» дар давроне ба нашр сар кард, ки Осиёи Миёна рӯзҳои таърихии тайёрӣ ба тақсимоти ҳудудҳои миллӣ қадам гузошта ва калимаи тақрибан фаромӯшшудаи «тоҷик» аз нав зинда гашта, ба халқи фаъол ва дорои маданияту адабиёти хеле қадим дар ин сарзамин нисбат ёфта буд». 
Устод Раҳим Ҳошим «Овози тоҷик»-ро «барои ҳамафаҳм» шудани забони матбуоти тоҷик, сода ва дастрас гардидани услуби таҳрири адабӣ, бо роҳи канорагирӣ аз «тарзи таҳрири қадима ва тарзи таҳрири матбуоти эронфорсии адабии пур аз ибораю истилоҳоти арабӣ» ниҳоят саҳмгир медонад.
Ӯ ин рӯзномаро «аввалин парваришгоҳи ходимони матбуоти тоҷик» номида, дар баробари ҳамин, хидмати босазои онро ҳамчун нашрияи ягонаи тоҷикии давр, дар ривоҷ ва пешрафти назм алоҳида таъкид кардааст: «Хонандаи тоҷик бо шеърҳои шоирони онрӯзаи навқалами тоҷик – Ноил Шерзода, Суҳайлӣ, Муинзода, Зеҳнӣ ва бо шеърҳои нави шоирони маъруф – Айнӣ, Васлӣ, Ҳилмӣ, Ф. Роҷӣ ва дигарон дар саҳифаҳои ҳамин газета шиносоӣ пайдо кардааст. Осори шоири номдори Шарқ – устод Лоҳутӣ аввалин бор дар ҳамин газета чоп шудаанд».
Дар ҷойи дигар Раҳим Ҳошим он солҳоро ба ёд оварда навиштаанд, ки «соли 1929, пас аз кӯчидани идораи марказии Нашриёти давлатӣ ба Сталинобод, дар Самарқанд як шуъбаи таҳририи нашриёт боқӣ монд, ки ин ҷониб низ дар он ҷо кор мекардам.
Дар ин шуъба он рӯзҳо мо чор нафар кор мекардем. Мо ҳама парвонаҳое будем, ки дар гирди шамъи фурӯзони адабиёти тоҷик – Устод Айнӣ давр мезадем ва аз меҳри устодонаи ӯ гармию қувват гирифта, файзёб мешудем. Кор кардан дар ин ҷо барои мо ба ҳукми як мактаби бузурги забономӯзӣ, шиносоӣ бо адабиёт ва кор ёд гирифтан аз устод буд.
Рӯзе ба кор омада, дар паҳлӯи устод Айнӣ ҷавони гандумгуни чашму сиёҳабрӯеро дидам, ки дар сар телпаки булутранги қарокӯлӣ дошт, устод:
– Шинос шав, Пайрав! – гуфтанд...
Пайрав сарашро поин андохта, шармгин ва худдорона дар паҳлуи устод менишаст. Устод аз вазъияти Бухоро гап пурсид, баъзе шиносони худро суроғ кард, аз машғулиятҳояш хабардор шуда, ташвиқ кард, ки ба Сталинобод рафта дар нашриёт ба кор дарояд, ё ба идораи газетаи «Овози тоҷик» ба Самарқанд биёяд. Устод аз вай ба таъкид талаб кард, ки шеърҳояшро барои нашр ба журнали «Раҳбари дониш», ки идорааш дар Тошканд буд, бифиристад».
Раҳим Ҳошим аз иштироки фаъолонаи Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ ва Абдурауфи Фитрат дар «Овози тоҷик» ёддоштҳо ба ёдгор мондааст.

(Давом дорад).
Маъруф ОТАХОНЗОДА,
Журналисти шоистаи 
Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: