31 июли соли равон дар шакли видеоконфронс миёни намояндагони вазорати нақлиёт ва вазорати роҳҳо ва шаҳрсозии Ҷумҳурии Эрон гуфтушунид баргузор гардид.
Дар мулоқот масъалаҳои суръат бахшидан ба имзои созишномаи байни ҳукуматҳои Ӯзбекистон, Туркманистон ва Эрон дар бораи ташкили долони нақлиёти байналмилалӣ, коҳиши боҷи ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ тавассути ҳудуди Эрон, имкони истифодаи бандарҳои “Бандар-Аббос” ва “Чобаҳор” барои содироту воридоти борҳо, инчунин рушди долони байналмилалии нақлиётии “Ӯзбекистон – Афғонистон – Эрон” баррасӣ шуданд.