ИФЛОСКУНӢ ҶАВОБГАРӢ ДОРАД

Овезон кардани ҳар гуна чизҳои гуногун ба дарахтони сари роҳ, хиёбонҳо ва ҷойҳои дигар тибқи қонунгузорӣ манъ карда шудааст.

 Бо вуҷуди ин, дар ноҳияи Ғаллаарали вилояти Ҷиззах ба дарахти болои дӯкони гулфурӯшӣ чароғҳои барқро овезон кардаанд ва ин кирдори дӯкондор тибқи қонун муҷозот гардид. Агар ба ин мавзӯъ тафсилоти бештар доданӣ бошем, шаҳрванд А.О. ба ду дарахти сафедор бо мақсади рӯшноӣ чароғҳои гуногун овехта, дар натиҷа ба дарахт зарар расонидааст.
Дар робита ба ин ҳодиса нисбати шахси вайронкунандаи қонун тибқи қисми 1 моддаи 79-и Кодекси маъмурии Ӯзбекистон протокол тартиб дода шудааст. Бар асоси ин протокол А.О ба маблағи 5 баробари ҳадди ақалли маош, яъне 1 миллиону 650 ҳазор сӯм ҷарима супурдааст.
Бино ба қарори Президент аз 31 майи соли 2023 «Дар бораи тадбирҳои самаранок ташкил намудани фаъолияти Вазорати экология ва муҳити зист ва тағирёбии иқлим» дар мамлакат чорабиниҳои «Аз дарахт нафас гиред» баргузор мегарданд.  Дар доираи ин чорабинӣ дарахтон аз рӯйпӯшҳои бетонӣ, симҳои барқ, баннерҳои таблиғотӣ, чароғҳо ва дигар таъсироти номатлуб тоза карда мешаванд.
Масъалаи ба ҷойҳои муқарраршуда интиқол додани партов низ дар айни замон яке аз масъалаҳои мубрами рӯз маҳсуб меёбад. Дар робита ба ин масъала маълум намудем, ки дар атрофи канали Бӯзсув, ки аз ноҳияи Зангиатои вилояти Тошканд мегузарад, дар чанд қитъаи муайяннашуда партов партофта шудаанд. Вазъият тавассути камераҳои назоратӣ, ки аз ҷониби Раёсати марказии диспетчерӣ ва мониторинги онлайни Вазорати экология ва муҳити зист насб гардидааст, ба навор бардошта шудааст. Дар натиҷа муайян карда шуд, ки ронандаи мошини махсуси партовкашони «Махсустранс»-и ноҳияи Шайхонтаҳур ба атрофи ин канал ғайриқонунӣ партови гуногунро бурда холӣ кардааст.
Бино бар қонунгузориҳо тибқи парванда ба ронандаи мошин, ки бар хилофи тартиби муқарраргардида ҷиноят содир кардааст, бо қисми 3 моддаи 91/1 Кодекси ҷиноӣ протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ба андозаи панҷ нишондиҳанда ҳадди ақалли маош, ки дар боло низ зикр гардид, ҷарима муқаррар гардидааст.
Бо вуҷуди талаботи қонунгузориҳо он аз тарафи баъзе шаҳрвандон дағалона вайрон карда мешавад. Аз рӯи далелҳои расонидани зарар ба табиат ба миқдори махсусан зиёд 7 парвандаи ҷиноӣ кушода, ҳоло корҳои тафтишотӣ идома доранд. Дар вилояти Қашқадарё 4 парванда аз рӯйи далели зарар расонидан ба 4 ҳазору 872 адад ферула ба маблағи 2 миллиарду 411 миллиону 640 ҳазор сӯм, дар вилояти Сурхондарё 3 ҳолати зарароварӣ ба 659 бех ниҳоли ороишӣ ба маблағи 2 миллиарду 411 миллиону 640 ҳазор сӯм парванда боз шудаву тафтишот идома доранд. 
Вазорат дар якҷоягӣ бо Прокуратураи генералӣ корҳои тадқиқотии ҳудудҳоро ҷиҳати пешгирӣ аз ҳодисаҳои расонидани зарар ба табиат идома медиҳад. Аз ҷумла, дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кардаанд ва гуфта мешавад, ки дар ҳудуди беморхонаи кӯдаконаи вилояти Қашқадарё дарахтони ороишӣ бурида шудаанд, дарҳол гурӯҳи кории шуъбаи экологияи вилоят ба ин кор машғул шуд. Тадқиқот нишон дод, ки дар ҳудуди ҳамшафати бинои маъмурии маркази тиббӣ 20 дарахт осеб дидааст. Маблағи зараре, ки расонида шудааст, мувофиқи иловаи 4 Низомнома «Дар бораи тартиби шинондан, нигоҳубин ва истифода бурдани дарахту буттаҳое, ки ба фонди давлатии ҷангал дохил нашудаанд», 12 миллиону 705 ҳазор сӯмро ташкил медиҳад. Бо мақсади муайян намудани ҷинояткорон ва андешидани чораҳои қонунӣ аз рӯи ин ҳодиса ҳуҷҷатҳои ҷамъовардашуда барои пешниҳод ба Раёсати корҳои дохилии шаҳри Қаршӣ омода карда мешаванд.
Ҳамаи ин боигариҳои табииянд, ки бояд ҳамеша ҳифз карда шаванд. Дар он сурат мо метавонем онро барои манфиатҳои халқу давлат истифода барем. Ҳар як дарахт барои тоза нигоҳ доштани ҳаво ва кашидани нафаси тозаи мо хидмат мекунад. Барои ҳамин ҳатто ҳифзи ҳар як шохи дарахт аз фоида холӣ нест.

Лола РАҲМОНБЕРДИЕВА,
котиби матбуоти 
Вазорати экология,
муҳити зист ва 
тағйирёбии иқлим.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: