Дар Суғд корхонаҳои муштарак бо Узбекистон оид ба парвариш ва коркарди заъфарон таъсис меёбанд
Дар вилояти Суғд вохӯрии муовини якуми Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаббор Носирзода бо муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Узбекистон Қаҳрамон Юлдошев доир гардид, ки зимни он ҷонибҳо масъалаҳои тақвияти ҳамкории дуҷониба дар соҳаи комплекси агросаноатӣ ва таъсиси корхонаҳои муштарак оид ба парвариш ва коркарди заъфаронро дар вилояти Суғд мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар мулоқот намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо ҷиҳати тезонидани корҳо оид ба бунёди «Боғи дӯстӣ», таъсиси Маркази хидматрасонии кишоварзӣ (AKIS) дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, масъалаи шолипарварӣ дар Водии Заррин, ҳамкорӣ дар соҳаи навъсанҷӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак оид ба парвариш ва коркарди заъфарон дар вилояти Суғд ва ташкили марказҳои тақсимоти яклухт дар минтақаҳои наздисарҳадӣ, таҳияи "Харитаи роҳ" оид ба ҳамкории соҳаи кишоварзи барои солҳои 2024-2026-ро баррасӣ намуданд.