ОИША СУЛТОН ХОНУМ

Шоираи дигаре бо номи Оиша Султон Хонум дар аҳди Бобуриён ба забон гирифта мешавад, ки дар баъзе сарчашмаҳо ӯро Самарқандӣ, дар баъзеи дигар Хуҷандӣ ё Истаравшанӣ хондаанд.

Шоираи дигаре бо номи Оиша Султон Хонум дар аҳди Бобуриён ба забон гирифта мешавад, ки дар баъзе сарчашмаҳо ӯро Самарқандӣ, дар баъзеи дигар Хуҷандӣ ё Истаравшанӣ хондаанд.  Оиша Султонбегим ё Оиша Султон Хонум амакдухтари Бобур мебошад, ки завқи баланди шоирӣ дошт. 
Дар он замон мавқеи зан дар ҷамъият ба назар гӯё маҳдуд тобад ҳам, лекин дар ҳалли баъзе масъалаҳои шахсӣ шариат монеъ намешуд. Хоҳиши зан ба инобат гирифта шуда, ҳатто дар масъалаи талоқ низ одобу рафтор дар доираи қонунҳои шариат нигоҳ дошта мешуд. Аз ҷумла, дар муносибат бо Оиша Султон Хонум Бобур ниҳоят ҷавонмардона амал кардааст.Тибқи воқеанигории Рашидӣ ва худи Бобур, амакбачаҳо, яъне Бобур ва духтари амакаш Оиша Султонбегим, ҳанӯз дар 5-солагӣ дар Самарқанд ба якдигар бахшида шуда будаанд. Дертар ба Хуҷанд омада, баъди издивоҷ дар шаҳри Хуҷанд, Бобур Мирзо хоҳиши шахсии Оишаро ба инобат гирифт ва аз ӯ ҷудо шуд. Тавре худи Бобур менигорад, байни онҳо назар ба муҳаббат шарму ибо бештар вуҷуд дошт. Дере нагузашта, баъди ногаҳон фавтидани духтарчаи таваллудшудаи онҳо Бобур Мирзо ба исрори ҳамсараш розӣ шуд, ки ба ӯ талоқ диҳад. Дар бораи Оиша Султон Хонум дар китоби Тоҷӣ Усмон маълумоти андаке дода шуда, муаллиф Оишаро чун шоираи асри XI муаррифӣ намуда, дар бораи номаълум будани авлоду аҷдоди вай сухан рондааст.
Аҳрор Мухторов дар бораи Оишаи Самарқандӣ маълумот оварда гуфтааст, ки аз рӯйи  гуфти баъзеҳо ӯ гӯё дар Самарқанд муқрия будааст.
Фарзияи А. Мухторов аз ҳақиқат холӣ нест, чун мулки Самарқанд, Бухоро, Тошканд, Хуҷанд ва Истаравшан то ба Кобул дар дасти падар ва амакҳои Оиша қарор доштанд. Аз ин рӯ, ӯро гоҳ чун шоираи Хуҷандӣ ва гоҳ чун Самарқандӣ ба забон мегиранд. 
Рубоиеро аз осори ӯ пешкаши шумо мегардонем:
Ашке, ки зи чашми ман ба рӯ ғалтидаст,
Дар гӯш кашидаӣ, ки марворид аст.
Аз гӯш бурун ор, ки бадномии туст,
К-онро ба рухам тамоми олам дидаст!

Зебунисо ФАЙЗУЛЛОЕВА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: