АМРИКОИҲО ӮЗБЕКИСТОНРО БА ТАВРИ НАВ КАШФ МЕКУНАНД ВА МЕХОҲАНД БА ОН САФАР КУНАНД

Дар Вашингтон чорабиние доир гардид, ки мероси таърихию фарҳангӣ ва иқтидори Ӯзбекистонро муаррифӣ мекунад.

Сафорати Ӯзбекистон дар Вашингтон дар ҳамкорӣ бо созмони ғайритиҷоратии амрикоии «International Club DC» бо мақсади ошноии намояндагони доираҳои расмӣ, соҳибкорӣ ва академикии Амрико бо мероси бойи таърихию фарҳангӣ ва имкониятҳои сайёҳии кишвари мо чорабинии фарҳангӣ ташкил намуд.
 «International Club DC», ки соли 2003 таъсис ёфтааст, бо зиёда аз 90 сафоратхонаҳо дар Вашингтон ҳамкорӣ мекунад. Дар клуб суҳбатҳо, мизҳои мудаввар, чорабиниҳои маданӣ-равшаннамоӣ ва қабулҳо ташкил карда мешаванд. Дар рафти чорабинӣ ба меҳмонон дар бораи имкониятҳои сайёҳии Ӯзбекистон, марказҳои фарҳангию таърихӣ, ҷойҳои ҷолиби диққат, инчунин иқтидори сармоягузории кишвари мо маълумот дода шуд. Илова бар ин, аз ҷониби намояндагони диаспораи ӯзбек консерт баргузор гардида, рақсҳои миллӣ ва асарҳои мусиқиро иҷро намуданд.
Дар байни иштирокчиён маводҳои муаррифӣ, нашрияҳо ва брошюраҳо дар бораи иқтидори сайёҳии кишвари мо тақсим карда шуда, дар бораи мероси бойи фарҳангиву таърихии Ӯзбекистон видеофилмҳо намоиш дода шуданд. Меҳмонони шом ба иқтидори сайёҳӣ ва мероси таърихию фарҳангии Ӯзбекистон баҳои баланд дода, аз ислоҳоти густурдае, ки дар кишварамон амалӣ мешаванд, ҷонибдорӣ намуданд.
Роҳбари «International Club DC» Санҷай Ҳетихева дар суҳбат бо хабарнигори АИ «Дунё» қайд кард, ки маҳфил як платформаи хубест барои таблиғи бренди миллии кишвар.
– Тадбиреро, ки имрӯз аз ҷониби Сафорати Ӯзбекистон ташкил карда шудааст, метавон намунавӣ арзёбӣ кард, зеро муаррифии мероси ғании таърихӣ ва иқтидори бузурги сайёҳӣ дар сатҳи баланд баргузор гардид ва дар байни меҳмонон муваффақияти калон дошт, – таъкид кард ӯ.
Ба гуфтаи таҳлилгари умури хориҷии Департаменти давлатии ИМА Энн Комптон, шаби фарҳангӣ барои меҳмонон хеле муфид буд ва онҳо тавонистанд дар бораи кишвари мо бисёр чизҳоро омӯзанд.
 – Бояд бигӯям, ки бинои Сафорати Ӯзбекистон яке аз биноҳои зеботарин дар Вашингтон ба шумор меравад ва намоишгоҳи аз кишвар овардашуда таъриху фарҳанги ғании мардуми Ӯзбекистонро равшан нишон медиҳад, – гуфт ӯ.
Муовини директори генералии Корпоратсияи молиявии байналмилалии ИМА (DFC) Ҷон Уоррен нақл кард, ки дар бораи кишвари мо бисёр шунидааст ва аз намунаҳо таассуроти зиёд пайдо кардааст. 
 – Таъми таомҳои миллии ӯзбекӣ, бахусус оши палави ӯзбекӣ яке аз бахшҳои ҷолиби чорабинии имрӯза мебошад, ки ба ҳама писанд омад, – афзуд ӯ. –  Шоми фарҳангии Сафорати Ӯзбекистон яке аз беҳтарин чорабиниҳо гардид, ки аз ҷониби «International Club DC» ташкил карда шуд.
Ба гуфтаи директори равобити байналмилалии Донишгоҳи Ҷорҷтаун Келли МакГрат иштирокдорони амрикоие, ки дар ин чорабинӣ ширкат доштанд, аслан Ӯзбекистонро кашф карданд ва ҳоло мехоҳанд аз он дидан кунанд.

АИ «Дунё».
ВАШИНГТОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: