БИГУЗОР ҲАР РӮЗИ МО ЧУН НАВРӮЗ ЗЕБО, ЧУН НАВРӮЗ ФАЙЗБОРУ ФАРОВОН БОШАД!

  • БИГУЗОР ҲАР РӮЗИ МО ЧУН НАВРӮЗ ЗЕБО, ЧУН НАВРӮЗ ФАЙЗБОРУ ФАРОВОН БОШАД!
  • БИГУЗОР ҲАР РӮЗИ МО ЧУН НАВРӮЗ ЗЕБО, ЧУН НАВРӮЗ ФАЙЗБОРУ ФАРОВОН БОШАД!
  • БИГУЗОР ҲАР РӮЗИ МО ЧУН НАВРӮЗ ЗЕБО, ЧУН НАВРӮЗ ФАЙЗБОРУ ФАРОВОН БОШАД!
  • БИГУЗОР ҲАР РӮЗИ МО ЧУН НАВРӮЗ ЗЕБО, ЧУН НАВРӮЗ ФАЙЗБОРУ ФАРОВОН БОШАД!
  • БИГУЗОР ҲАР РӮЗИ МО ЧУН НАВРӮЗ ЗЕБО, ЧУН НАВРӮЗ ФАЙЗБОРУ ФАРОВОН БОШАД!
  • БИГУЗОР ҲАР РӮЗИ МО ЧУН НАВРӮЗ ЗЕБО, ЧУН НАВРӮЗ ФАЙЗБОРУ ФАРОВОН БОШАД!
  • БИГУЗОР ҲАР РӮЗИ МО ЧУН НАВРӮЗ ЗЕБО, ЧУН НАВРӮЗ ФАЙЗБОРУ ФАРОВОН БОШАД!
  • БИГУЗОР ҲАР РӮЗИ МО ЧУН НАВРӮЗ ЗЕБО, ЧУН НАВРӮЗ ФАЙЗБОРУ ФАРОВОН БОШАД!
  • БИГУЗОР ҲАР РӮЗИ МО ЧУН НАВРӮЗ ЗЕБО, ЧУН НАВРӮЗ ФАЙЗБОРУ ФАРОВОН БОШАД!
  • БИГУЗОР ҲАР РӮЗИ МО ЧУН НАВРӮЗ ЗЕБО, ЧУН НАВРӮЗ ФАЙЗБОРУ ФАРОВОН БОШАД!

21 март дар маҷмааи «Humo Arena»-и пойтахт бахшида ба ҷашни миллии Наврӯз чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Дар баробари ҷашни Наврӯз ба сарзамини мубораки мо баҳори деринтизор фаро расид, ки рӯҳу дили ҳар як инсонро шод мегардонад. Имсол оғози мавсими ҳаётбахш бо мақсади бузурги оид ба бунёди ҷомеаи маърифатнок пешбинишуда ҳамоҳанг аст.

Ба ин муносибат дар саросари кишвар расму оинҳои нодири марбут ба Наврӯз ва намоишгоҳҳои марказҳои миллӣ ва фарҳангӣ ба намоиш гузошта мешаванд.

Иштирокчиёни ҷашн Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро бо чапакзании бардавом истиқбол гирифтанд.

Сарвари давлат ҷамъомадагонро бо ҷашни Наврӯз табрик гуфт.

– Ман аз он бениҳоят қаноатмандам, ки шумо, тамоми халқи сермиллати Ӯзбекистонро бо ҷашни деринтизори Наврӯз самимона муборакбод менамоям, – гуфт Президент.

Роҳбари давлат изҳор дошт, ки фалсафаи Наврӯз бо орзуву омол ва корҳои амалии мо амиқан ҳамоҳанг аст.

Ба шарофати меҳнати сидқидилонаи халқамон корхонаҳои замонавӣ, хонаҳои хуштарҳу обод, иншооти иҷтимоиву фарҳангӣ, роҳҳо ва пулҳо, хиёбону боғҳо бунёд меёбанд. Мамлакат рӯз аз рӯз тағйир меёбад, зеботар мешавад.

Эҳтироми шаъну шарафи инсон ҳамчун ҳувияти олӣ, таъмин шудани манфиатҳои ҳаётии ӯ, ҳифзи иҷтимоӣ, дастгирӣ намудани табақаҳои эҳтиёҷманди аҳолӣ, ғамхорӣ нисбати ҳар як ҳамдиёр, новобаста аз миллат, забон ва эътиқоди вай торафт мустаҳкамтар мегардад.

Ба шарофати муҳити дӯстӣ, ҳамдилӣ ва некҳамсоягӣ, сиёсати сулҳпарваронаи хориҷӣ, ки дар мамлакат ҳукмрон мебошанд, обрӯйи Ӯзбекистон дар арсаи байналхалқӣ рӯз аз рӯз меафзояд.

Наврӯз, ки рамзи эҳёи табиат мебошад, бо ҷавонӣ ҳамоҳангӣ дорад. Барои он ки ҷавонони мамлакат ба корҳои хайр бештар ҷалб шаванд, нирӯву ғайраташон дучанд гардад, соли равон дар мамлакат Соли дастгирии ҷавонон ва тиҷорат эълон гардид. Барои муваффақ гардидан ба мақсадҳои дар Барномаи давлатии имсола муайяншуда 36,5 триллион сӯм ва 460 миллион доллар равона карда мешавад. Умуман, дар доираи тамоми барномаҳои соҳибкорӣ соли равон тақрибан 2 миллион шаҳрванд дастгирӣ карда хоҳанд шуд.

Президент комёбиҳои ҷавонони моро дар олимпиадаҳои байналхалқии фаннӣ, ҷашнвораҳои маданияту санъат, соҳаҳои технологияи иттилоотӣ ва варзиш таъкид намуда, ба онҳо дар фаъолият ва сабқатҳои оянда муваффақиятҳо орзу кард.

Рӯҳи Наврӯз бахусус дар ҳаёти маҳаллаҳо равшан падидор мегардад.

Шӯроҳо оид ба дастгирии маҳалла, Иттиҳодияи маҳаллаҳои Ӯзбекистон ва шуъбаҳои ҳудудии онҳо созмон дода шуданд. Дар маҳалҳо низоми «ҳафтгонаи махалла» пурсамар кор мекунад.

Бинобар корҳои мақсаднок тӯли ду соли охир сатҳи нодорӣ дар Ӯзбекистон аз 17 то 11 фоиз коҳиш ёфт. Дар ин бобат пешниҳод шудани вомҳои имтиёзнок тақрибан ба 900 ҳазор сокинон, субсидияҳо ба зиёда аз 200 ҳазор шаҳрванд ва ба анқариб 700 ҳазор оила ҷудо гардидани 200 ҳазор гектар замин барои кишоварзӣ саҳми назаррас гузоштанд.

Аз соли равон дар ноҳияи Сайҳунободи вилояти Сирдарё таҷрибаи нав ҷорӣ мегардад.  Моҳияти он дар истифодаи самарабахши заминҳои шахсӣ, бо маблағу воситаҳои зарурӣ таъмин намудани соҳибони онҳо, ёрӣ расондан ба дарёфт намудани бозори маҳсулот, ба роҳ мондани истеҳсолоти кучак дар хонаводаҳо ва маҳаллаҳо, васеъ намудани доираи хизматрасонӣ мебошад.

Сарвари давлат таъкид кард, ки кишвари мо дорои 510 ҳазор гектар замини хусусӣ аст, ки ин сарвати беандоза ва имкониятҳои бузургест, ки ҳанӯз пурра истифода нагардидаанд. Шахсони фаъоле, ки ба соҳибкорӣ машғуланд, аз ҷумла дар замини худ кор мекунанд, аз ҷониби давлат дастгирӣ карда мешаванд. Ба онҳо барои харид, азнавкоркард ва содироти маҳсулоти дар хоҷагиҳои хонагӣ рӯёндашуда грантҳо аз 300 миллион то 1 миллиард сӯм ҷудо карда мешаванд.

– Дастгирӣ кардани маҳалла, рушди минбаъдаи он мунтазам дар маркази эътибори мо қарор мегирад. Зеро маҳалла ин такягоҳи некӣ ва ҳамдилист, маҳалла қалъаи дӯстӣ ва накӯӣ мебошад, маҳалла оинаи маънавиёти халқи офарандаи мост, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

Президент сафирони давлатҳои хориҷӣ ва намояндагони созмонҳои байналмилалиро, ки дар чорабинии идона ҳузур доштанд, самимона истиқбол намуда, кишварҳо ва мардумони онҳоро бо Иди байналмилалии Наврӯз табрик гуфт.

Наврӯзи имсола дар моҳи шарифи Рамазон қайд мешавад, ки ба ҷашн рӯҳи махсус мебахшад, моҳияти онро афзунтар мекунад.

– Дар ин лаҳзаҳои муъҷизавии баҳор, мо ба фармудаҳои гузаштагони бузурги худ амал намуда, бо дили софу орзуву омолҳои нек мегӯем: бигузор ҳар рӯзи мо чун Наврӯз зебо, чун Наврӯз сахӣ ва муборак бошад! – Гуфт Президент дар анҷоми суханронии худ.

Ҷашн бо барномаи бузурги консертӣ идома кард.

Пас аз тантанаҳо Президент Шавкат Мирзиёев дар сайрҳои халқӣ иштирок намуда, баромади марказҳои миллии фарҳангӣ ва ансамблҳои фолклориву этнографиро тамошо кард.

– Ин санъат ва анъанаҳои мо решаҳои амиқи таърихӣ доранд. Дар пояи онҳо фарҳанг ва маърифати бузарг нуҳуфтааст. Ташаккур аз шумо, ки ин меросро ҳифз мекунед ва идома медиҳед. Шукӯҳи ҷашнҳо ҳамоҳангиашон бо суннатҳои миллии мост, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

Наврӯз барои намояндагони тамоми миллат ва халқиятҳо ҷашни маҳбуб аст. Алҳол дар кишвари мо вакилони зиёда аз 130 миллат ва халқият бо сулҳу салоҳ, дӯстона зисту зиндагӣ доранд, онҳо барои шукуфоии мамлакат саҳми муносиби худро зам менамоянд. Дар минтақаҳо 38 ҷамъияти дӯстӣ ва 153 маркази фарҳанги миллӣ амал мекунанд.

Роҳбари давлат ҳамчунин намоишгоҳҳоро тамошо карда, бо намояндагони миллатҳои мухталиф самимона суҳбат орост ва ба онҳо орзуҳои беҳтарини худро изҳор намуд. 

Сайлҳои идона дар шаҳру ноҳияҳо, деҳаву авулҳои Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва вилоятҳо идома доранд.

      

Зиёдулла ҶОНИБЕКОВ,

хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: