БАДЕИЯТИ ШЕЪРИ ФОРСӢ-ТОҶИКИИ БОБУР

Суханони калидӣ: шеърҳои форсӣ, забони дарӣ, тоҷикӣ, ғазал, рубоӣ, қитъа, фард, шоҳбайт, зуллисонайн, образи ёру диёр, риндона, тарсеъ, куллиёт.

Ба дасти чоп расидани «Куллиёт»-и шашҷилдаи Заҳириддин Муҳаммад Бобур як ҳодисаи чашмраси фарҳангист.  «Куллиёт»-ро метавон мутолиа кард ва аз он ба сифати манбаъ дар корҳои илмию тадқиқотӣ  истифода бурд.
Аз ҷумла, метавон доир ба салиқаю иқтидори зуллисонайнии Бобур тадқиқотҳо анҷом дод. То ба нашри мазкур баъзе хонандагон намедонистанд, ки Бобур шеърҳои форсӣ низ дорад. Пеш аз ин «Осори мунтахаб» ва шеърҳои ғаноии якҷилдаи ӯ бо номи «Девон» рӯйи чопро дида буд. Вале аз ин «Девон» шеърҳои форсӣ-тоҷикии  Бобур ҷой нагирифта буданд. «Девон»-ро Сабоҳат Азимҷонова ва Азиз Қаюмов ба чоп омода кардаанд. Вале онҳо дар сарсухани «Девон», аз шеърҳои форсии Бобур сухане ба миён наовардаанд. Метавон натиҷа гирифт, ки дар он рӯзгор адабиётшиносон аз мавҷудияти шеърҳои форсии Бобур хабар надоштаанд. Олима ва шоираи афғонистонӣ Шафиқа Ёрқин соли 1983 дар Кобул девони Бобурро бо алифбои ниёгон ба дасти чоп супурда буд. 
Хонанда дар «Куллиёт» ба 43 сатр шеъри форсии Бобур рӯ ба рӯ меояд. Ба ҷойи байт корбурди вожаи «сатр» ба он мақсад буд, ки сатри дуюми баъзе байтҳо дастрас нагардидаанд, шеърҳо ба жанрҳо тақсим нашудаанд, манбаъ низ номаълум аст. Баъди дастёбии кишварамон ба истиқлол намунаҳои шеъри форсии Бобурро Шафиқа Ёрқин ба мутахассисони ӯзбекистонӣ пешниҳод намуд. Бад-ин тариқ, мероси ғаноии форсӣ-тоҷикии Бобур ба илми бобуршиносии Ӯзбекистон ошкор гардид. «Ашъори форсӣ»-и Бобур шомили ҷилди 1-уми «Девон» гардидааст. Муаллифи сарсухан Мирзо Кенҷабек нигоштааст, ки ба «Куллиёт» бори нахуст ғазал, рубоӣ, қитъа ва фардҳои форсии Бобур дохил карда шудаанд. Вале дар ин  асар низ доир ба аз кадом манбаъ гирифта шудани ашъори форсии ӯ маълумоте нест. 
Қабл аз ҳама таъкид карданием, ки Заҳириддин Муҳаммад Бобур мутафаккир ва шоири зуллисонайни муқтадирест. Ин фазилат дар ӯ модарзодӣ ва сулолавист, ки ҳақиқати бебаҳс аст. Вақте мо осори туркии Бобурро мутолиа менамоем, итминон ҳосил мекунем, ки ӯ аз забон ва адабиёти  форсӣ-тоҷикӣ вуқуфи комил доштааст. Дар осори туркии ӯ вожаву ибора ва байту мақолҳои форсӣ-тоҷикӣ фаровон мавриди истифода қарор гирифтаанд. Олимони бобуршинос дар тадқиқотҳои хеш дар ин хусус изҳори ақида кардаанд. Мисолан, Бобур дар сардии зимистон вақте дар байни сарбозонаш мемонад, дар навиштааш барои ифода кардани ин ҳолат аз мақоли форсӣ-тоҷикӣ: «Марг бо ёрон – сур аст» истифода мекунад.
Бино ба мероси форсӣ-тоҷикии дар «Куллиёт»-и шашҷилдаи Бобур метавон доир ба тавону салиқаи ӯ дар ин забон мулоҳиза ронд. Пайдост, ки форсӣ-тоҷикӣ-дарӣ, ки ҳар кадом шеваи баёни худро доранд, дар асл як забонанд, ки онро форсӣ гӯянд. Забони форсии Бобур ба мисли шеваи баёни Рӯдакӣ басе сода мебошад. Бадеияти осори  Абулқосими Фирдавсӣ, Низомии Ганҷавӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Ҷалолуддин Румии Балхӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Саъдии Шерозӣ нисбат ба бадеияти ашъори Бобур печидатар аст. Форсии Бобур мисли форсии тоҷикони Самарқанду Бухоро ва Қашқадарёву Сурхондарё содаву оммафаҳмтар мебошад. Дар шеваи баёни ӯ таркибҳои мураккаби грамматикӣ ва калимаву ибораҳои душворҳазм ба назар намерасанд. Ин аз он далолат медиҳад, ки Бобур дар муҳити зуллисонайнии туркиву тоҷикӣ ба воя расидааст. Бо дарназардошти фикрҳои болоӣ мо метавонем ба ҷойи ибораи «Шеърҳои форсии Бобур», ибораи «Шеърҳои тоҷикии Бобур»-ро ба кор барем.
 Шеърҳои форсии тоҷикии Бобур дар чор жанри ғаноӣ: ғазал, рубоӣ, қитъа ва фард офарида шудаанд. Бобур фардҳои худро дар қавсайн (маталҳо) номидааст. Таркиби шеърҳои  форсии тоҷикии Бобурро 2 ғазал, 12 рубоӣ, 7 қитъа ва 17 фард ташкил медиҳад. Ин шеърҳо дар маҷмӯъ аз  69 байт иборатанд. Пас, Бобур чун дар назми туркӣ, дар назми форсии тоҷикӣ низ сермаҳсул нест.
Ҳарчанд шеърҳои туркию тоҷикии Бобур каманд, аммо дар онҳо ҳарфи зиёдатӣ нест, ҳама пухтаву салису равонанд.
Дар ғазалҳои форсии тоҷикии Бобур  муҳаббати инсониву дунявӣ тараннум гардидаанд. «Ман»-и ғазалҳои ӯ ринду ошиқанд. Матлаи ғазали аввалини ӯ бо тасвири висолу ҳиҷрон оғоз меёбад:
Эй моҳ, шоми висоли ту субҳи 
саодат аст,
Рӯзи ҷудоии ту вале шоми 
меҳнат аст.
«Моҳ»-и мани шеърӣ маҳбуба аст. Шоир тавассути санъати истиора ба ӯ муроҷиат менамояд. Бино ба таърифи шоир шоми висол субҳи саодат аст. Ҳарчанд шом ифодагари торикист, аз он ки бо чароғи васл мунаввар мегардад, субҳи саодат аст.  Байт дар асоси санъати тазод сохта шудааст, яъне «шом» – «рӯз», «субҳи саодат» – «шоми меҳнат».
Ҷонам бикун ҷароҳату роҳат 
расон ба дил,
Аз ту ба ҷони хаста ҷароҳат чу 
роҳат аст.
Ҷароҳате, ки ёр ба қалби хастаи ошиқ мерасонад, дар асл роҳат аст. Ин аст, ки ошиқ илтиҷо мекунад: ҷонамро захмӣ гардон, ки бо ин қалбам роҳат кунад. Дар ин байт вожаҳои «ҷароҳат»-у «роҳат» ба сифати қофияҳои дарунӣ омадаанд.
Аз коми ҷоми бода бигиранд 
коми дил,
Акнун, ки вақти бодаву ҳангоми 
ишрат аст.
Дар байти чоруми ин ғазал кайфияти риндона ифода гардидааст. Шоир мегӯяд: чун фурсати май хӯрдану ишрат фаро расидааст, аз гулӯи ҷоми қалб нӯши ҷон мекунад. Дар сатри аввал вожаи «ком» ду бор омадааст, ки яке ба маънои ҳалқ, гулӯ, дигаре ба маънои мақсаду мурод аст. Дар байти мақтаъ доир ба ғанимат будани лаҳзаҳои баҳрагирӣ аз висоли ёр сухан меравад:
Гар рехт хуни ту, зинҳор дам 
мазан,
Хуш бош, Бобуро, ки ҳамин дам 
ғанимат аст.
Ёр – ситамкор.  Хуни ошиқро рехтан одати ӯст. Ошиқ, ҳарчанд ёр дар қасди рехтани хуни ӯст, баҳрабардориро аз висоли ӯ ғанимат мешуморад.
Ғазали дуюми форсии тоҷикии Бобур низ ошиқонаю риндона аст. Дар байти матлаъ ишқи азалию илоҳӣ васф карда мешавад:
Лоларо доғ аз он дам, 
ки ба дил ҳосил буд,
Доғи ишқи ту маро лоласифат 
дар дил буд.
Дар байт доғи ишқи қалби ошиқ бо доғи сиёҳи дили лола мавриди муқоиса қарор гирифтааст. Яъне ишқи азаливу абадӣ – аз рӯзи пайдоиши доғ дар дили лола, доғи ишқи ту дар дили ман вуҷуд дошт. Дар байти мақтаъ ҳолати ақлу ишқ муқоиса карда шудааст:
Бобур, аз ақли фурӯмонда чӣ 
ташвиш кунӣ,
Эй хушон дам, ки зи май бехуду 
лояъқил буд.
Дар адабиёти Шарқ ақлу ишқ ҳамеша дар ихтилофанд, ин ҷо ақл дар ҳолати мағлуб дар назди ишқ тасвир шудааст. Ақлу ишқ дар шеърҳои ғаноӣ образи фаъоланд. Дар байт май рамзи ишқ аст. Бобур ба худ рӯ оварда гуфтааст: эй Бобур, аз маҳзунии ақл ва мағлубият ғам махӯр. Вақте май менӯшӣ, дар ҳолати мастӣ аз ақл бегона хоҳӣ шуд. Яъне майи ишқ ба ақл пирӯз меояд, онро заиф мегардонад. Дар фалсафаи кайфияти риндона майи ишқ ба ақл, бо вуҷуди ҳушёру доно будан, пирӯз мегардад.
12 рубоии куллиёт мазмуни ишқиву фалсафӣ ва ахлоқӣ доранд. Дар ду рубоии зерин шоир муштоқи зане бо номи Ҳанифа будани худро изҳор доштааст:
Хоҳам, ки Ҳанифа ғамгусорам 
бошад,
Дармону давои дили зорам 
бошад.
Ҳар рӯзу ҳама шаб зи Худо 
мехоҳам,
Яъне шабу рӯз дар канорам 
бошад.
***
Рӯйи чу маҳи Ҳанифаро банда
 шавам,
Мӯйи сияҳи Ҳанифаро банда 
шавам.
Хӯйи табаҳаш гарчи балои ҷон аст,
Хӯйи табаҳи Ҳанифаро банда 
шавам.
Номи Ҳанифа дар дигар асарҳои Бобур ба чашм нарасид. Рубоиҳои мазкур бозгӯйи онанд, ки Бобур ба зане бо номи Ҳанифа муҳаббат доштааст. Ҳар шоирро то ҷое хӯю хислати дарвешӣ хос аст. Дар шахсияти як инсон таҷассум ёфтани хислати шоҳию дарвешӣ мароқангез аст.  Дар як рубоии Бобур ин мушкил басе зебо бо либоси бадеият пероста шудааст:
Дарвешонро гарчи на аз хешонем,
Лек аз дилу ҷон муътақиди 
эшонем.
Дур аст магӯй шоҳӣ аз дарвешӣ,
Шоҳем, вале бандаи дарвешонем.
Қитъаҳои тоҷикии Бобур хусусияти фалсафӣ, маърифатӣ ва тарҷумаиҳолӣ доранд. Шоир дар қитъаи зер ба мазаммату маломати хеш пардохтааст:
Дар ҳавои нафси гумраҳ умр зоеъ 
кардаем,
Пеши аҳлулоҳ аз афъоли худ 
шармидаем.
Як назар бар мухлисони хастадил 
фармо, ки мо
Хоҷагиро мондаему хоҷагиро 
бандаем.
Ин қитъа шояд баъди таҷрибаи ҳаётӣ андӯхтани шоир, дар бузургсолӣ навишта шудааст. Муаллиф аз беҳуда гузаштани умр дар роҳи нафс пушаймонии худро изҳор доштааст. Гуфтааст: мо хоҷагӣ, яъне ҳукмронӣ кардему дар охир ба хоҷагони Нақшбандия банда шудем. Пас маълум мешавад, ки Бобур низ ба тариқати хоҷагон гаравида будааст.
Фардҳои Бобур низ осори сермазмунанд. Дар онҳо шахсият, тафаккур, ҷаҳонбинии фалсафӣ ва маҳорати бадеии Бобур таҷассум ёфтаанд. Дар фарди зерин қиёфаи риндии Бобур ба назар мерасад:
Хароботиву ринду бутпарастам,
Ба олам ҳарчи мегӯянд, ҳастам.
Яъне ман аз аҳли хароботам, ринду майпарастам, оламиён дар бораи ман ҳарчи фикр мекунанд, ман ҳамонам.  Фарди поёнӣ ошиқона аст:
Ҳеч кас чун ман харобу ошиқу
 расво мабод,
Ҳеч маҳбубе чу ту бераҳму 
бепарво мабод.
Бобур дар ин фард аз санъати тазод истифода кардааст.
Ӯ дар шеърҳои туркиаш вожаҳои «ёр»-у «диёр»-ро паҳлӯи ҳам ба кор бурдааст. Дар шеърҳои тоҷикиаш низ ин ҳолат дучор мешавад:
Ҳастем хору зор асиру ғариб ҳам,
Дур аз диёру ёр, меҳнатқариб 
ҳам.
Ё:
Аз ёру аз диёр чун ман бенасиб 
нест,
Гар ёр бандаро бинавозад, ғариб 
нест.
Бобур дар шеърҳои тоҷикиаш аз санъати тарсеъ бо маҳорати ба худ хос  истифода кардааст:
Ба сероба боз ор он кӯфта,
Басеро ба бозор он кӯфта.
Дар ин байт вожаҳои сатри дуюм бо вожаҳои сатри якум ҳамқофия буда,  санъати тарсеъро ташкил додаанд. Барилова, вожаҳо дар сатрҳо такрори маҳз нестанд, шакли баъзе вожаҳо тағйир ёфтааст. Масалан, ибораи «Ба сероба» дар мисраи дуюм дар шакли «басеро ба» омадааст, ки мазмунан аз якдигар фарқ мекунанд. Вожаҳои «боз ор» ва «бозор» низ мисли ҳамин аст.
Бад-ин тариқ, метавон натиҷа гирифт, ки Заҳириддин Муҳаммад Бобур шоир ва мутафаккири бузурги зуллисонайнест, ки ба ду забон: туркӣ ва тоҷикӣ-форсӣ озод хома рондааст. Шеърҳои тоҷикии ӯ низ мисли шеърҳои туркиаш содаву равон ва пурҷозибаанд.

Нусратулло ҶУМЪАХОҶА,
доктори илмҳои филологӣ, профессори Донишгоҳи забон ва адабиёти ӯзбеки ба номи Алишери Навоӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: