Президентҳои Ӯзбекистон ва Қазоқистон дар шаҳри Хива мулоқот мекунанд

Бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев 5 апрел ба кишварамон ташриф меорад.

Дар мулоқот, ки дар шаҳри бостонии Хива баргузор мешавад, масъалаҳои кунунии таҳкими минбаъдаи муносибатҳои шарикии стратегӣ ва иттифоқии Ӯзбекистону Қазоқистон, инчунин густариши ҳамкориҳои бисёрҷониба баррасӣ мешаванд.

Ба афзоиши ҳаҷми муомилоти моли мутақобила, рушди робитаҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои асосии иқтисодиёт, татбиқи амалии лоиҳаҳои инфрасохторӣ дар соҳаи нақлиёт ва энергетика, фаъол гардонидани барномаҳои табодули башардӯстона таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.

Сарони давлатҳо ҳамчунин масъалаҳои рӯзномаи минтақаро баррасӣ хоҳанд кард.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: