Оиди он муаммои долузарби имрӯза чӣ қадаре ки бонг назанем, кам аст.
Чунки муаммои оила, оиладорӣ, алалхусус оилаи ҷавонон имрӯз дар ҷамъияти мо ташвишовар гардидааст.
Дар бораи муқаддас будани оила аҷдодамон бисёр ҳикматҳо гуфтаанд. Аммо аз сабаби бемасъулиятӣ, надонистани маърифати миллӣ ва исломӣ, талабҳои шариат, дур будан аз имону эътиқоди қавӣ, тайёр набудани ҷавонон ба оиладорӣ кор ба дараҷае расидааст, ки баъзе аз ҷавонони имрӯза дар санҷишҳо ва пешомадҳои мушкили оиладорӣ оҷиз мемонанд, ба норасоиҳои иҷтимоӣ бардошт дода наметавонанд.
Дар натиҷаи ин бисёр оилаҳои ҷавон вайрон шуда истодаанд. Шумораи зиндаятимони хонаҳои «Меҳрубонӣ» афзуда истодааст, ки яке аз сабабҳои он ба роҳи каҷ қадам мондани ҷавонзанон мебошад.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки аксарияти ҷавонписарон ва духтарони қадрас ба оиладорӣ тайёр нестанд, ба ҳавою ҳавас дода мешаванд, дар муддати кӯтоҳ оиларо пароканда месозанд.
Аз рӯйи манбаъҳои ахбор маълум шуд, ки дар мамлакатамон дар давоми панҷ моҳи аввали соли ҷорӣ 20798 оила пароканда шудааст, ки ин нишондод нисбати ҳамин даври соли гузашта 4700-то зиёд аст. Ин рақамҳо аз он далолат медиҳанд, ки имрӯз бисёриҳо масъулияти оиладориро ҳис намекунанд. Дар қафои ин рақамҳо ҳазорҳо кӯдакону ҷавонзанон саргардонанд.
Дар кӯчаҳои назди бозор ва масҷидҳо ҷавонзанони кӯдакдори садақапурсро дида, табъи одам хира мешавад, охир ин доғи ҳаёти имрӯзаи мост. Аз тарафи дигар, шумораи кӯдакони бетарбия, бепарастормонда зиёд шуда истодааст, ки чунин ҳолат боиси баъзан ба ҷиноят даст задани онҳо мегардад.
Асоси вайроншавии оила аз як тараф набудани тарбияи хуб, тарбияи анъанаҳои миллӣ, тарбияи динӣ дар оила бошад, аз тарафи дигар ба падару модароне вобаста мебошад, ки ҳамеша барои таъмини оила дар фикру хаёли даромад мебошанд. Онҳо ба маърифатнокии аҳли оила эътибор намедиҳанд.
Омили дигаре, ки ба вайроншавии оилаҳои ҷавон оварда мерасонад, хароҷоти тӯй, хариди мебел ва анҷомҳои хона, ки ҳоло низ дар баъзе мавзеъҳо дар зиммаи духтардор аст. Духтардор аз пойафзолмонак то ҷамъи мебелро ба хонаи писардор оварда медиҳад. Ин ба анъана ва талабҳои шариатамон рост намеояд.
Мо бояд дар гузаронидани тӯйҳои никоҳ аз мусобиқабозӣ, аз дабдабаю намоишкорӣ даст кашем. Имрӯз дар ин ҷода қарору дастурҳои ҳукумат кор накарда истодаанд. Идораҳои худидоракунии маҳалла, деҳаҳо дар пешгирӣ кардани ин камбудиҳо оҷизӣ мекашанд.
Бинобар ин, вақти он расидааст, ки оиди ба оиладорӣ тайёр кардани ҷавонон чораҳои мушаххас дида шавад. Пеш аз ҳама, аввал ҷавононро бо касбу кори муайян таъмин карда, баъд хонадор кардан лозим. Беҳтар мешуд, агар вайронкунандагони тартиби тӯйҳои арӯсӣ ва сабабгорони парокандашавии оилаҳои ҷавон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Мо бояд фаромӯш накунем, ки никоҳ ва оила ин воситаи афзудани насли ҳалолу поки одам мебошад. Аҷдодамон аз харидани ҳавлие, ки дар он оила вайрон шудааст, нафрат мекарданд. Барқарории оила ин барқарории ҷамъият ва давлат мебошад, мо инро набояд фаромӯш кунем.
Назирҷон ЭРГАШЕВ,
ноҳияи ЧУСТИ вилояти НАМАНГОН.