«ИБТИДО»

Чунин ном дорад намоиши асарҳои мусаввири номдори Самарқанд Аҳмад Умаров, ки дар нигористони Чорсӯи Регистон бо ташаббуси шуъбаи вилоятии Иттифоқи рассомон оғоз ёфт .

Ба ҳукми мухлисони санъати тасвирӣ  беш аз  50 амалиёти мусаввир гузошта шуд, ки  аз истеъдоди баланд ва  гуногунҷабҳаи эҷодкори рангинхаёл гувоҳӣ медиҳад. 
Ба  муносибати оғози чорабиниҳои мазкур академик-рассом Аслиддин Исоев, ректори Донишгоҳи байналхалқии технологии Самарқанд  профессор  Юсуф Абдулло, муҳаррири  рӯзномаи «Каттақӯрғон тонги» Толиб Ҳамидов, роҳбари шуъбаи вилоятии Иттифоқи рассомони Ҷумҳурии Ӯзбекистон  Нуриддин Калонов ва дигарон ба сухан баромада, доир ба эҷодиёти ҷолиби диққату эътибори мусаввир ҳарф зада, комёбиҳои нав ба нав таманно намуданд. 
Сипас ҳозирон бо асарҳои нотакрору ҳунармандона эҷод шудаи Аҳмад Умаров шинос шуданд. Расмҳои «Замини падарон», «Харобот», «Омадани Имом Бухорӣ ба деҳаи  Хартанг», «Ҳукмрони  Самарқанд Баҳодур Ялангуш дар сохтмони  Шердор», «Шоҳизинда», «Зан», «Ибтидо» ва ғайра ба тамошобинони нуктасанҷ таассуроти хотирнишон  гузошт.
Бояд таъкид намуд, ки  асарҳои Аҳмад Умаров дар  нигористонҳои  Русия, Фаронса, Амрико, Италия, Англия, Ҷопон, Куриёи Ҷанубӣ ва  дигар кишварҳои ҷаҳон нигоҳдорӣ мешаванд. 
– Ман  аз ноҳияи  Тайлоқ, – гуфт  мусаввир, – бинобар  ҳамин  аксарияти образҳои офарида ва  дар  намоишгоҳ  гузоштаам мардуми кишоварз, боғпарвар, чорводорон мебошанд.

Баҳодури ЗОҲИР, 
вилояти САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: