Инҷониб ба намояндагони сабки ҳиндӣ, шоирони маънисоз — Соиби Табрезӣ ва Калими Кошонӣ ҳусни таваҷҷуҳ дорам.
Инҷониб ба намояндагони сабки ҳиндӣ, шоирони маънисоз — Соиби Табрезӣ ва Калими Кошонӣ ҳусни таваҷҷуҳ дорам. Зеро онҳо ба ғазал рӯҳи тоза бахшидаанд, каломашон аз даҳони зиндагӣ берун омадааст. Ин ду шоири қолабшикан дар аксари ҳолатҳо фикрашонро бо мисоле аз ҳаёт ё табиат тақвият бахшидаанд. Бо кӯмаки воситаҳои тасвири бадеӣ аз табиат ё зиндагии инсонӣ ҳодисаҳоеро ба қалам медиҳанд, ки хонандаашон дидаанд ё ба мушоҳада гирифтаанд. Ин навишта ба маънисозиҳои Калими Кошонӣ ихтисос дорад.
Аз нигоҳи Калим одамони худбину худоро (онҳое, ки худбинанд ва ба намуди зоҳирӣ — либос эътибори бештар медиҳанд) беҳунаранд. Ин гунаҳо ба товусе шабоҳат доранд, ки бо вуҷуди пурзинат будани пару болашон, парида наметавонанд, яъне аз ҳунар бехабаранд. Байт:
Ҳар кӣ худбину худоро, зи ҳунар бехабар аст,
Ҳамчу товус, ки пурзинату кампарвоз аст.
Инсон мавҷудест, ки дар ҳама шароит одат мекунад. Оне, ки озод аст, зиндон дар назараш зистгоҳе даҳшатангез ҷилва мекунад, вале вақте аз қазо зиндонӣ шуд, ба зиндагӣ дар байни чор девор унс мегирад. Паррандаеро низ агар дар қафас андозед, рӯзу моҳҳои аввал саъй менамояд, ки дари қафасро шикаста, ба осмони беканор, ки сайронгоҳи ӯст, пару бол кушояд. Вале бо мурури вақт ба қафас унс мегирад, дарашро боз кунед ҳам фикри парвоз карданро надорад. Калим бо ишора ба ин ҳодиса чунин маънисозӣ кардааст:
Калим аз Ҳинд дилгирӣ надорад,
Пас аз улфат қафас ҳам ошён аст.
Яъне Калим дар рӯзҳои аввали зиндагӣ дар Ҳиндустон ба танг омада буд, бо мурури вақт ба муҳити он ҷо одат кард, зеро барои парранда, баъди унс гирифтан, қафас ҳам ошён аст. Шоир бо такя ба ин ҳодисаи табиӣ ҳолати рӯҳии худро қаламдод кардааст.
Тариқати муҳаббат (ишқи ҳақиқӣ) расму оини худашро дорад, ки дар ин оин ҳарчанд хуни дил мехуред, нола кардан қоида нест:
Ҳаст дар шаръи муҳаббат расму ойини дигар,
Хӯрдани хун ҷоиз асту дам задан дастур нест.
Байти дуюми як рубоии Умари Хайём низ ба ҳамин маънӣ аст:
Ишқ он набувад, ки ҳамчу булбул нолӣ,
Ҳар гоҳ ки бимирию нанолӣ, ишқ аст.
Дар байти поёнӣ низ як мисоли ҳаётӣ ба ҷолибияти сухани шоир афзудааст. Дар урфият мегӯянд, ки «забони сурх сари сабзро барбод медиҳад». Қалам чӯбе беш нест, вале бар асари бисёр навиштан (бозабон будан) нӯгаш суда мегардад. Лозим меояд, ки бо теғ сарашро бурида (тарошида) аз нав нӯг бароранд. Яъне бозабонӣ сари қаламро мехӯрад. Қаҳрамони лирикӣ хонандаро ҳушдор медиҳад, ки аъмоли қалам бояд барои ту дарси ибрат гардад:
Безабон бош, набинӣ, ки қалам,
Бозабон асту сараш дар хатар аст.
Калим дар байти поёнӣ ба хонанда ҳушдор медиҳад, ки ҳушёр бош, рӯзгор дар камин (ҷойи пинҳон), мисли он ки дузд аз пайи одами хобида аст, барои дуздидани бахти ту шабу рӯз дар ҳолати омодабош қарор дорад:
Рӯзгор андар камини бахти мост,
Дузд доим дар пайи хобида аст.
Умари Хайём низ ба ҳамин
маънӣ рубоие дорад:
Ҳуш дор, ки рӯзгор шӯрангез аст,
Эмин манишин, ки теғи даврон тез аст.
Дар коми ту гар замона лавзина ниҳад,
Зинҳор фурӯ мабар, ки заҳромез аст.
Давр тақозо дорад, ки ҷавонони мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, барои чор танга имонашонро нафурӯшанд. Дар коми ту агар «замона лавзина» (чор танга) ниҳад, «зинҳор фурӯ мабар, ки заҳромез аст», яъне машаққатҳое зиёде дар пай дорад. Пора низ ҳалвоест, ки замона ба коми муфтхӯрон мегузорад, баъзеҳо дар ин дунё ранҷи онро мекашанд, баъзеи дигар, бино ба таълимоти дини ислом, дар он дунё. Бахту саодати ин дунё танҳо тавассути меҳнати ҳалол, ки инсон бояд барои ба даст овардани он нерӯи зеҳнӣ ва ҷисмониашро дареғ надорад, ҳосил мегардад. Пули бадардимиён маншаи бахт нест, он сабаби харобиҳои рӯҳиву ҷисмонӣ бошад.
Байти зерин барои онҳое, ки зиндагиро боғи истироҳат мепиндоранд, дарс аст. Зеро зиндагӣ ҳамеша табъи дил сурат намегирад. Марг мушкил, зиндагӣ мушкилтар аз он. Байт:
Марг талху зиндагӣ ҳам сар ба сар дарду ғам аст,
Пушту рӯйи кори олам ҳеч гаҳ дилхоҳ нест.
Шоирони қадим ба сад шева ин маъниро ба риштаи назм кашидаанд. Аз ҷумла, Абулқосими Фирдавсӣ ба ин маънӣ фармудаааст:
Чунин аст расми сарои дурушт,
Гаҳе рӯйи зину гаҳе зин ба пушт.
Вожаи «лоф» маънои худситоӣ, худтаърифкунии бардурӯғу беҷо, даъвои аз ҳад зиёд ва сухани беҳударо дорад. Қаҳрамони лирикии шоир ҳамин ҷиҳатро барои инсон нозарур ҳисобидааст. Байт:
Хуш он кӣ лофи ҳунар пеши беҳунар назанад,
Агарчӣ барқ бувад, таъна бар шарар назанад.
Худситоию манманӣ, хоссатан назди беҳунарон, зеби инсони комил нест. Инсон ҳарчанд оташ (барқ) аст, набояд таъна ба шарар (пораҳои хурди ҷаҳандаи оташ) занад...
Мо намедонем ба умқи абёти болоӣ то куҷо фурӯ рафтем, аммо ҳамеша дар он ақидаем, ки дигарон ба умқи баҳри афкору андешаи шоирони қадим амиқтар фурӯ мераванд ва дурри маънӣ бештар ба даст медароранд. Ва бозтоби ин дурри маънӣ дар партави зеҳнҳо, бешак, ба хазинаи маънавии мардум, хоссатан ҷавонон, хоҳад афзуд.
А. СУБҲОНОВ.