АЗ ОЛИМПИАДАИ «ПАНҶ ТАШАББУС» — ТО ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

Дар хонаи матбуоти вилояти Самарқанд доир ба ҷамъбасти мавсими якуми мусобиқаҳои «Олимпиадаи панҷ ташаббус» анҷумани матбуотӣ баргузор гардид.

Ҷонишини ҳокими вилоят Рустам Қобилов таъкид кард, ки сарвари давлатамон дар ҳар як баромади худ, хосатан ба ҷавонон диққату эътибори махсус дода, мегӯяд, ки «Ҳамеша дар ҷустуҷӯ бошед, то бахту омад ҳамроҳи шумо бошад».
Боиси хушнудист, ки даврони мо барои онҳо дар ҳама соҳа имкониятҳои бесобиқа фароҳам меоварад. Ҷавонон бояд муҳаррики асосии фардо бошанд. 
Роҳбари садорати сиёсати ҷавонон ва рушду равнақи варзиш Шуҳрат Рӯзиев  иброз дошт, ки ҳоло дар вилоят 4 миллиону 94 ҳазор нафар аҳолӣ зисту зиндагӣ мекунад, ки қариб 2 миллион, яъне 43 фоизи онро ҷавонон ташкил медиҳанд. Дар вилоят 30 муассисаи варзишӣ, 23 федератсияи олимпӣ, 7 толори варзишӣ ва ғайра мавҷуданд. 
Дар Белорусия байни мамлакатҳои ИДМ бинобар 24 намуди варзиш қувваозмоӣ баргузор гардид, дар байни пирӯзшудагони ин сабқатҳо вакилони Самарқанд низ ҳастанд.  
Лекин бояд тазаккур дод, ки баробари комёбиҳо камбудиҳо низ бисёр. Мо, албатта, онҳоро бартараф хоҳем кард. Зеро мақсади асосӣ иштироки хуб дар олимпиадаи навбатӣ аст, ки дар Фаронса мегузарад.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори «Овози тоҷик»
дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: