18-19 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Самарқанд чемпионати ҷаҳон аз рӯйи триатлон («World Cup Triathlon Samarkand — 2024», «World Triathlon Para Cup Samarkand — 2024») баргузор мешавад.
Ҳамчунин, дар доираи мусобиқот чемпионати Ӯзбекистон ва форуми навбатии Конфедератсияи триатлони Осиё, Конгресси Ассотсиатсияи триатлони Осиёи Марказӣ доир мегардад.
Ба ин муносибат ҷамъомади нахустини штаби зудамал аз рӯйи гузаронидани мусобиқа барпо шуд.
Ҷонишини ҳокими вилоят Рустам Қобилов, саркотиби Федератсияи триатлони Ӯзбекистон Елена Кун ва дигар масъулон масъалаҳои ба ташкили мусобиқа вобастаро баррасӣ карданд. Зикр гашт, ки мусобиқаҳои имсоларо тавассути Euro-sport, шабакаҳои расмии Федератсияи ҷаҳонии триатлон ва дигар шабакаҳои телевизионии бонуфузи хориҷӣ ба таври мустақим намоиш медиҳанд. Бинобар ин, таъкид шуд, ки ҳар як ташкилоти мутасаддӣ бояд ба равандҳои омодагӣ бо эътибори махсус муносибат кунад.
— Мусобиқаҳо яке аз мусобиқаҳоест, ки дар мадди назари аҳли ҷаҳон қарор дорад, — гуфт директори иҷроияи Федератсияи триатлони Ӯзбекистон Руслан Кулиев. — Зеро, мусобиқаҳои мазкур барои варзишгарон имкониятест, ки ба олимпиадаи Париж роҳхат гиранд. Аз ин рӯ, шавқу ҳавас ба мусобиқа хеле зиёд буда, дар он иштироки беш аз 300 варзишгари касбии байналмилалӣ дар назар аст.
Дар ҷамъомад ба намояндагони ташкилотҳои масъул роҷеъ ба таъмини бехатарӣ дар хатсайрҳои баргузории мусобиқа, омода намудани ин хатсайрҳо тибқи талаботи зарурӣ, таъминоти нақлиёт, таҷҳизоти техникӣ ва дигар тадбирҳо вазифаҳо супурда шуданд.
Ёдовар мекунем, ки 7-8-уми сентябри соли ҷорӣ мусобиқаи байналмилалии триатлон бо номи «Challenge Samarkand — 2024» низ баргузор мешавад.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик»
дар вилояти Самарқанд.