ИН БА ГУФТАН ОСОН АСТ!

Ман беҳуда ба ин мақола ё вокуниш ба гуфтаҳои Президенти мамлакат, ки дар “Стратегияи тараққиёт барои солҳои 2022-2026 таҷассум ёфтааст, чунин сарлавҳа нагузоштаам.

Дар ҷамъомади видеоселекторӣ бо иштироки Шавкат Мирзиёев ҳарфу суханҳое ироа гардид, ки ҳаёти мо, занону духтаронро тағйир хоҳад дод ва дар мавриди муносибат бо зан дар кишварамон куллан табодули назар сурат хоҳад гирифт. Аз тариқи телевизион дидам, ки Шавкат Миромонович дар баробари матраҳ намудани масъалаҳои зиёди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба беҳбуди вазъи занону духтарон таваққуф намуд.
Маълум шуд, ки беҳбуди шароити зист ва манзили 27 ҳазор зан барномарезӣ шудааст ва аз ҳисоби кредитҳои барои субсидия ихтисосёфта ҳудуди 40 фоизи он ба занону духтарон нигаронида мешавад. Ҳоло дар кишварамон оилаҳои зиёде ба қайд гирифта шудаанд, ки маҳз бо сарпарастии занҳо дар хонаҳои шахсони дигар иҷоранишинанд. Барои ин гуна оилаҳо, ки теъдодашон 14 ҳазорро ташкил мекардааст, моҳе 500 ҳазор сӯмӣ ҳақи иҷора аз тарафи давлат ҷуброн карда хоҳад шуд.
Баъзан ғамхориҳои беназир дар ҳақи занону духтаронро аз тарафи сарвари давлат ва ҳукумат дида гумон мекунам, ки ҳамаи он мисли хобу хаёл ва дур аз ҳақиқатанд. Аммо эҳсос менамоям, ки дар бедориам ин ҳамаро мебинаму дарк мекунам. Президенти мӯҳтарам гуфт, ки соли 2022 дар ҷумҳурӣ 1 ҳазор хонаҳои иҷтимоӣ харида мешаванд ва ҳокимони вилоят 700 адади ин хонаҳоро ба занони танҳо ба иҷора медиҳанд ва ба онҳо  касбу ҳунар низ ёд дода мешавад.
Ин ба гуфтан осон аст!
Масъалаи барқарор намудани саломатии занон ва ба онҳо расонидани хидмати ройгони тиббӣ низ аз мадди назари Президенти мамлакат дар канор намонд. Вай гуфт, ки ба 6 ҳазор зан хидмати дараҷаи баланди тиббӣ расонида мешавад, ки нисбат ба соли гузашта панҷ баробар афзоиш хоҳад ёфт. Ин хидматрасонӣ дар ивази 100 миллиард сӯм анҷом мепазирад.
Дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни кишварамон занону духтарони маълӯл 10 ҳазор нафарро ташкил мекунанд, ки ҳамаи онҳо ба воситаҳои реабилитатсионӣ ниёз доранд. Чунин занону духтарон дар ноҳияи мо низ ба қайд гирифта шудаанд. Ҷои шубҳа нест, ки онҳо ин ҳарфу суханҳои сарвари давлатамонро аллакай шунидаву аз хурсандӣ меболанд. Гузашта аз ин, ба гуфтаи Шавкат Мирзиёев  бар ивази 40 миллиард сӯми буҷа 3 миллион занону духтарон аз скринингҳои онкологӣ мегузаранд.
Ин ба гуфтан осон аст!
– Дар давоми солҳои 2022-2025 тармими комплексии 227 таваллудхона ва 46 маркази перинаталии байниноҳиявӣ мадди назар мебошад. Занони синни ҳомила, ҳомиладорон ва занони ба парвариши кӯдак машғул бо доруву витаминҳои ройгон таъмин мегарданд ва маблағҳои ба иҷрои ин кор сафарбаршуда аз 30 миллиард ба 100 миллиард сӯм афзоиш дода мешавад, – изҳор намуд Президенти мӯҳтарам.
Ин ба гуфтан осон аст! 
Аммо дар кишвари мо барои беҳбуди шароити занону духтарон ва ба таври фаровон зиндагӣ кардани онҳо гомҳои ҷиддӣ бардошта мешаванд. Ба таъкиди Шавкат Миромонович ба занону духтароне, ки барои таҳсил дар зинаҳои гуногуни сохтори таълим майлу рағбат доранд, кумак карда мешавад. Ҳатто таъсиси донишгоҳи алоҳидаи соҳаи бофандагӣ мадди назар гирифта шудааст, ки бар асоси шарикии давлатию хусусӣ  дар шаҳри Тошканд арзи вуҷуд хоҳад кард ва дар он занону духтарон ба таҳсил фаро гирифта хоҳанд шуд. 
Масъалаи дигаре, ки сарвари давлат ба он таваҷҷуҳ намуд, солона ба дунё омадани ҳудуди 700 ҳазор тифл мебошад, ки онҳоро маҳз зан-модар таваллуд мекунад. Барои ҳамин лозим дониста шуд, ки муддати ба декрет баромадани занони ҳомила дақиқ карда шуда, 4 моҳ пеш аз таваллуд шудани тифл онҳо аз кор фориғ шаванд. Ба ҳар кадоми ин занҳо барои 4 моҳ 2 миллион сӯмӣ нафақаи якмаротибавии ҳомиладорӣ пардохта мешавад. Бидуни шакку шубҳа, ин маблағҳои зиёдеро аз буҷаи мамлакатамон тақозо менамояд ва ба гуфтаи Президенти мамлакат барои соли 2022 200 миллиард сӯм, барои соли 2023 1,7 триллион сӯм ихтисос меёбад.  
Ин ҳам ба гуфтан осон аст!
Бубинед, ки фароҳам овардани шароит барои занону духтарон бо ҳамин иктифо намекунад. Ба фарзандони оилаҳои камбизоат, ки ба кӯдакистонҳо мераванд, ҳақи пардохт аз ҳисоби буҷаи давлат сурат мегирад. Барои кӯдаконе, ки модаронашон дар корхонаҳои истеҳсолотӣ, кластерҳо ва басти шабона кор мекунанд, ин ҷо кӯдакистонҳо ташкил карда шаванд, ҳақи тарбиячиёни он аз тарафи давлат ҷуброн мегардад.
Интизор меравад, ки саҳми донишҷӯдухтарони донишгоҳҳои фанҳои дақиқ, равияҳои фаннӣ ва ҳуқуқшиносӣ аз 24 ба 40 фоиз боло бурда мешавад ва бар асоси квотаҳо сурат мегирад. Ғайр аз ин, аз соли нави таҳсил барои духтароне, ки дар мактабҳои олӣ ё миёнаи махсус аз тариқи шартнома таҳсил мекунанд, бори нахуст барои 7 сол қарзи бидуни фоизи ҳафтсола ҷорӣ карда мешавад.
Ба гуфтаи сарвари давлатамон “Ин имконият дар таърихи мо умуман беназир аст”.
Ин ҳам ба гуфтан осон аст!
Агар духтарон дар магистратура таҳсил кунанд, аз соли нав пули шартнома намепардозанд. Солона барои таҳсил ба донишгоҳҳои хориҷӣ  фиристодани 50 нафар духтарон ва 10 нафар ба магистратура мисли хобу хаёлест, ки дар ягон мамлакати дунё ба ин кор иқдом накардаанд! Барои докторантура солона ҷудо намудани 300 ҷо барои занону духтарон низ ҳодисаи беназир мебошад. 
Пӯшида нест, ки хушунатҳои хонаводагӣ, ба таҳқиру фишор мувоҷеҳ кардани занону духтарон ҳанӯз дар ҷомеаи мо ба назар мерасанд. Ҳарчанд ин падида барои эътибор ва обрӯи кишвар ва мардуми мо хос нест, вале ба вуқӯъ пайвастани он шаҳодат бар он аст, ки фаҳмиши пасту аз фарҳанг дур будани баъзе мардон маҳз дар чунин хушунатҳо даст доранд. Барои ҳамин сарвари давлат мавриди ҳимоя қарор гирифтани ин тоифаи занону духтаронро таъкид варзида, ҳатто бо суд ин ҳимояро кафолат медиҳад.
Боз як ҳолати дигар дар байни мардуми мо роиҷ гаштааст, яъне духтаронеро ба шавҳар медиҳем, ки ҳанӯз ба ҳаёти мустақилона омода нестанд. Ин масъала низ аз мадди назари Президенти кишвар дур намондааст. 
Ин ҳам ба гуфтан осон аст! 
Гуфта мешавад, мо мардуми Ӯзбекистон ба давраи нави таърихие ворид мешавем, ки шаъну шуҳрати Ватанамонро боз ҳам болотар хоҳад бурд. Дар ин замина модарон масъуланд, ки дар тарбияи фарзандони дорои фазилатҳои беҳтарини инсонӣ, мард ва ҷасур саҳм бошанд. 
Тавре ки Шавкат Мирзиёев гуфт, “Дар мамлакат зан хушбахт бошад, ҷамъият хушбахт мешавад” ва бояд ин таъбир сарманшаи кори аъзои ҳар як хонавода қарор гирад. Дар он сурат мо бо ифтихор гуфта метавонем, ки дар байни кишварҳои зиёди рӯйи олам шояд нахустин ҳастем, ки қадри зан ба ин дараҷа воло дониста мешавад!

Дилором ДОДОБОЕВА,
раҳбари Маркази маънавият ва маърифати ноҳияи Риштон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: