МАРКАЗИ ҲУНАРОМӮЗИИ БОНУВОН

Ифтитоҳ ёфтани марказҳое, ки дар он бонувон касбу ҳунарҳои гуногунро меомӯзанд, торафт меафзояд.

Бонувон дар ин гуна марказҳо сирру асрори дӯзандагӣ, кашидадӯзӣ, дӯхтани сарулибоси мухталиф ва ҷомадӯзиро аз бар менамоянд.
Алҳол беш аз нисфи бонувон дар ноҳияи Мирзочӯл ба хонакорӣ машғуланд. Ба наздикӣ дар маҳаллаи «Мирзодала»-и ноҳия, ки дар қарибии шаҳраки Гагарин воқеъ аст, Маркази ҳунаромӯзии бонувон ифтитоҳ ёфт. Ба он ҷо  якчанд нафар ҳунармандони бухороӣ омада, ба   панҷоҳ нафар бонувони маҳаллӣ асрори кашидадӯзӣ, зардӯзӣ, дӯхтани ҷомаву дигар сарулибосро ёд медиҳанд.

 

«ОМӮХТАНУ АФРӮХТАН»
Ба шарафи сисолагии таъсис ёфтани факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маҷмӯаи нав бо номи «Омӯхтану афрӯхтан» аз нашр баромад. Китоб дар матбааи донишгоҳ ба чоп расид ва дар он очеркҳои таърихӣ, хотироту ёдномаҳо ҷой доранд.

Китоб бо пешгуфтори ректори донишгоҳ Қобилҷон Хушбахтзода шурӯъ меёбад. Дар маҷмӯаи мазкур навиштаҳои устодон, рӯзноманигорон ва  дастпарварони факулта, ки аз ин ошёни меҳру вафо ба чор сӯ паррончак шудаанд, ҷой гирифтааст. Декани факултаи журналистика Абдумӯъмин Қутбиддинов дар саҳифаи Фейсбуки худ аз ин хусус хабар  дода навиштааст, ки: «Солҳо сипарӣ мегарданд. Ҳар кас ба ин даргоҳ аз дидгоҳи гуногун назар меандозад. Маҷмӯа бозгӯкунандаи  хотироти неки онҳоест, ки вафову сафо нисбат ба ин ошёни меҳр андар дил мепарваранд».

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: