(Ҳикояи хурд) Ҳабибулло ҚОДИРӢ
Ба фикрам, соли 1930-юм буд, ки тағоиям хонадор шуд. Аз он ки тағоиям беилму ҳунар буду фақат меҳнатро медонист, пайдо кардани арӯс душвор шуд. Модаркалонам – Хонимбибӣ ба чанд дар хостгорӣ рафтанд. Ниҳоят хона ба хона гашта, аз мавзеи Қурбоқаобод духтареро пайдо карданд, ки камбағалу ятим ва бесавод буд.
Баъд аз тӯй рӯзе Хонимбибиям арӯсро барои салом ба хонаи мо оварданд. Арӯси хушрӯйи ба чашму абрӯвонаш ӯсмаю сурмамолида, тақрибан ҳаждаҳ-нуздаҳ сол дошт, либосҳои абрешимин дар бар карда буд. Зебоӣ, сару либос ва эҳтироми дигарон ӯро як андак калондимоғ карда буд. Арӯс дар ҳавлӣ истода маросими «келинсалом»-ро гузаронд.
Падарам, ки дар хонааш бо эҷод машғул буд, баромада табрик гуфт ва баъд аз пурсупос бо бибиам, ба хонааш баргашт.
Баъди чойнӯшӣ модарам ба ошпазӣ даромаду модаркалонам барои нафас рост кардан дароз кашид. Арӯс бошад, бе ибо ва шарму ҳарос ҳамаи хонаҳоро як-як аз назар гузаронд, ҳатто сӯзаниҳоеро, ки дар девор овезон буданд, гардонда дид. Дар охир ба эҷодхонаи падарам даромад, хонаро тамошо карду ба канори мизе, ки падарам рӯйи он чизеро менавишт, нишаст. Ба фикрам, ӯ акнун мехост, бо падарам каме суҳбат кунад.
Ман аз ҳаракати озоду ҳавобаландонаи ӯ дар ҳайрат будам, чунки ба назди падари салобатдорам, ба хусус, вақте ки бо эҷод машғул мешуд, касе ҳадди даромадан надошт. Хонимбибиям ҳатто, ба гуфтугӯ бо падарам шарм медоштанд.
– Шумо навиштанро дӯст медоред? – пурсид арӯс аз падарам.
– Бале, дӯст медорам, – бо лабханд гуфтанд падарам.
– Ҳар як кас чизеро дӯст медоштааст-дия, – гуфт арӯс пойҳояшро рӯйи ҳам гузошта, мисле ки бо дӯсти деринааш суҳбат карда истода бошад. – Акои ман либоспӯширо дӯст медорад. Миёнбандҳоро рӯйиҳам баста, бо мӯзаи пошнадор дар кӯча ғарч-ғурчкунон роҳ рафтани ӯро надидед-дия. Ҳама тамошо мекунанд. Ҳамин акоям ба Иди қурбони соли гузашта набаромад.
– Барои чӣ набаромад? – падарам қаламро, рӯйи миз гузошту мисле ки ҳайрон шуда бошад, намуди ҷиддӣ гирифт.
– Бародарам хидматгори Тӯлагани чармгар аст. Пеш аз ид аз хоҷааш музди меҳнати солонаашро гирифта, ба худаш сарупо хариданӣ шуд. Ҳама чизро гирифтаасту барои миёнбандхарӣ пулаш камӣ кардааст. Тасмим гирифтааст, ки бе миёнбанд ба кӯча намебарояд. Модарам тавалло карданд, ки ба ид барояд, вале набаромад. Вай якраву гарданшах аст.
– Кори хуб накардааст. Дигар миёнбанд надошт?
– Миёнбандҳои бисёр дошт. Хост ҳамааш нав бошад. Аз баста баромадани миёнбандҳои куҳнааш шарм дошт.
Ҳамин вақт магарам аз суҳбати ӯ бо падарам огоҳ шуданд, ки Хонимбибиам оҳиста омада, бо тавозӯъ «келинпошшо, ин сӯ биёед, кор ҳаст» гуфтанду арӯсро бо худашон бурданд. Баъд аз ба ҳавлӣ баромадан, ӯро хеле сарзаниш карданд.
Шабона, баъди гусели меҳмонон, мо ба падарамон нисбати арӯс фикру эътирозҳоямонро гуфтем, падарам суханони моро бо лабханд шуниданд ва ба модарам гуфтанд:
– Ақлу ҳуши арӯс дар ҷояш, аммо тарбия надидааст. Ӯ мисли гулест, ки аз коғаз сохтаандаш. Ҳусн дораду накҳаташ нест. Ба ин, дар навбати аввал оилааш айбдор аст, баъдан бесаводию бедонишӣ...
Тарҷумаи
Н.НОДИРОВА.