ВАРЗИШ – ГАРАВИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ

Варзиш соҳаест, ки кишварро ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунад, миллат ва нажод интихоб намекунад, дар атрофи худ ҳамаро муттаҳид менамояд.

Варзиш на танҳо саломатии мардумро мустаҳкам мекунад, балки яке аз меъёрҳои асосии тарбияи насли солим маҳсуб мешавад.
Солҳои охир дар мамлакатамон дар самти рушди инфрасохтори варзиш, аз ҷумла, зиёд намудани иншоотҳои варзишӣ дар деҳот ва ноҳияҳои дурдаст, оммавигардонии варзиши кӯдакону наврасон ислоҳоти пайваста амалӣ карда шуд. 
Аз ҷумла дар ҳафт соли охир дар кишварамон таваҷҷуҳ ба соҳа боз ҳам зиёд шуда, барои рушди варзиши кӯдакон ва  шуғли мунтазами насли наврас бо варзиш имкониятҳои васеъ фароҳам оварда мешавад. Зеро, саломатии ҷавонон, пеш аз ҳама, ба варзиш шуғл варзидани онҳо вобаста аст.
Дар давраи гузашта иншоотҳои нави варзишӣ сохта шуда, ба туфайли мустаҳкам гардидани базаи моддию техникии мактабҳои варзишии бачагона варзишгарони ҷавони мо на танҳо дар ҷумҳурӣ, балки дар бозиҳои бонуфузи варзишӣ, аз ҷумла бозиҳои олимпӣ ва паралимпии тобистона, мусобиқаҳои минтақавӣ ва ҷаҳон ҷойҳои фахриро ишғол мекунанд.
Масалан, соли 2016 дар Рио-де-Ҷанейро, соли 2018 дар Ҷакарта, соли 2021 дар Париж ва соли 2023 дар Бозиҳои олимпӣ ва паралимпӣ дар Хитой, аз ҷумла дар Бозиҳои тобистона ва Осиё варзишгарони мо дар самтҳои бокс, гӯштин, атлетикаи сабук ва вазнин (пара), гимнастикаи бадеӣ, каратэ, шоҳмот, пара каное, пара дзюдо ҷойҳои бонуфузро ишғол намуда, парчами моро баланд бардошта истодаанд.
Аъзоёни дастаи мунтахаби кишвар дар 50 турнир ва мусобиқаҳои байналхалқӣ, 49 чемпионати ҷаҳон  ва 26 чемпионати Осиё иштирок намуда, ҳамагӣ 598 (193-то тилло, 161-то нуқра, 244-то биринҷӣ) медалро ба даст оварданд. 
Дар тӯли соли 2022 дар ҷумҳурӣ зиёда аз 10 чорабиниҳои бонуфузи байналхалқии варзишӣ дар сатҳи баланд гузаронида шуданд.
Инчунин, варзиши шоҳмот, ки ба намуди варзиши олимпӣ ва паралимпӣ дохил нашудааст, инкишоф ёфта, оммавӣ мегардад. Қобили зикр аст, ки бо ин талошҳо намояндагони кишвари мо дар чемпионатҳои бонуфузи байналхалқӣ мавқеи пешқадамро ишғол мекунанд.
Хусусан, дар олимпиадаи 44-уми шоҳмот, ки дар шаҳри Ченнайи Ҳиндустон баргузор шуд, ҷойи аввали таърихиро соҳиб шудани дастаи мунтахаби шоҳмоти Ӯзбекистон натиҷаи ислоҳот дар соҳаи варзиши кишвари мост.
Шатранҷбози ӯзбекистонӣ Нодирбек Абдусатторов дар чемпионати ҷаҳон оиди шоҳмоти тезкор, ки 26-28-уми декабри соли 2021 дар Варшава баргузор шуд, пирӯз омад. Ӯ дар рафти чемпионат М. Карлсен, Ян Непомняший, Ф. Каруана, Л. Аронян ва дигар фаворитҳои мусобиқаро мағлуб кард. 
Дар чемпионати ҷаҳони соли 2022 шатранҷбозони мо ҷойи дуюмро сазовор шуданд. Айни замон Ӯзбекистон дар бокс, шоҳмот, дзюдо, атлетикаи сабук ва вазнин, гӯштин ва дигар намудҳои варзиш яке аз пешсафони ҷаҳон мебошад. 
Алалхусус, дар мамлакати мо шавқу ҳавас ба ин намудҳои варзиш афзуд. Ба туфайли таваҷҷуҳи баланд ба соҳа варзишгарони мо дар мусобиқаҳои байналхалқӣ ҷойҳои фахриро ишғол намуда, парчами кишварамонро баланд мебардоранд.
Албатта, чунин натиҷаҳо худ аз худ ба амал намеоянд. Ин натиҷаи он аст, ки дар мамлакати мо ба инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар сатҳи сиёсати давлатӣ диққати калон дода мешавад. Қобили зикр аст, ки дар Стратегияи «Ӯзбекистон – 2030» бо мақсади вусъат додани доираи кор дар ин самт фарогирии васеи ҷавонон ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҳамчун вазифаи аввалиндариҷа муайян шудааст.
Дар ин ҳуҷҷати барномавӣ масъалаҳои аз 8 миллион зиёд гардондани фарогирии ҷавонон тавассути ташкили чорабиниҳои оммавии варзишӣ,  ба 36 фоиз расондани ҳиссаи аҳолии ба варзиш ҷалбшуда, инчунин масъалаи бунёди майдончаҳои варзишӣ дар ҳудуди 5 ҳазор маҳалла барои шуғл бо тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши оммавӣ ифода ёфтаанд, ки ин бо баробари боз ҳам оммавӣ гардондани варзиш дар кишварамон, барои кашфи истеъдодҳои зиёди нави варзиш низ имкониятҳои васеъ фароҳам меорад.
Хулоса, дар мамлакатамон оид ба оммавигардонии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар байни аҳолӣ, хусусан тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни ҷавонон корҳои муайян ба ҷо оварда мешаванд. Ҳамаи ин ба ҳарҷониба солиму баркамол гардидани насли наврас, ташаккули тарзи ҳаёти солим дар байни ҷавонону кӯдакон хидмат мекунад.

Ойдин АБДУЛЛОЕВА, 
депутати Палатаи қонунгузории 
Олий Маҷлис.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: