ДАСТОВАРДҲОИ ВАРЗИШГАРОНИ СИРДАРЁ

Ҷисмонан солим ва маънан баркамол ба воя расидани насли наврас аз тамоюлҳои асосии ҷаъмияти мо маҳсуб меёбад.

Дар замири ислоҳоти васеъмиқёсе, ки бобати тарбия кардани насли солим амалӣ мешаванд, ҳамин мақсади нек нуҳуфтааст.
Дар мактаби ҳамагонаи рақами 8-уми шаҳри Гулистон иншооти махсус барои намуди варзиши дзюдо сохта, ба истифода дода шуд. Дарозии толори варзиш 32 метр ва бараш 18 метр аст. Толор барои 720 нафар варзишгар пешбинӣ шуда, барои хонандагони мактабҳои вилоят бепул мебошад.
Дар чорабиние, ки бахшида ба ифтитоҳи толори мазкур баргузор шуд, ҳокими вилоят, варзишгарон, роҳбарони шуъбаҳои вилоятии федератсияҳои намуди гуногуни варзиш, корхонаву ташкилотҳои давлатию ҷамъиятӣ ширкат варзиданд. 
– Ғалабаи  варзишгарони сирдарёӣ, ки дар соли 2021 ба даст оварданд, дар таърихи варзиши Ватанамон ҳамчун саҳифаи муносиб сабт гардид, – гуфт ҳокими вилоят Ғафурҷон Мирзоев. – 290 медали тилло, 372 нуқра ва 429 медали биринҷие, ки аз ҷониби варзишгарони вилоят дар мусобиқаҳои варзишии миқёси ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ ба даст оварда шудаанд, далели фикрамон аст. Самараи имконият ва шароитҳои фароҳамовардашуда дар ғалабаҳое, ки варзишгарони вилоят ба даст меоранд, бараъло намоён мегардад. 
Тадбире, ки дар рӯҳи танқидӣ ва таҳлилӣ баргузор гардид, ҳисоботи роҳбарони федератсияҳои варзиш шунида шуд, инчунин, чораву тадбирҳо ва вазифаҳои рӯзмарра оид ба боз ҳам инкишоф додани варзиши вилоят дар соли 2022 ба нақша гирифта шудаанд.

Далер АЗИЗОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти СИРДАРЁ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: