Маҳаллаи "Янги ҳаёт" барои кишвар намуна мешавад

  • Маҳаллаи
  • Маҳаллаи
  • Маҳаллаи
  • Маҳаллаи
  • Маҳаллаи
  • Маҳаллаи
  • Маҳаллаи
  • Маҳаллаи
  • Маҳаллаи
  • Маҳаллаи

Президент Шавкат Мирзиёев 16 феврал ба мақсади шинос шудан бо зиндагии аҳолӣ ба шаҳри Хонободи вилояти Андиҷон омад.

Хонобод шаҳри шарқтарини мамлакати мост. Аз сабаби дар сарҳад ҷойгир шуданаш дар он тартиби махсуси гузаргоҳӣ амал мекунад. Дар натиҷаи дигаргуниҳои солҳои охир ва сиёсати некҳамсоягӣ Хонобод кушода шуд, иқтисодиёти он хеле беҳтар гардид, дараҷаи некуаҳволии аҳолӣ баланд шуд. Имрӯз дар ин ҷо сайёҳӣ, саноат, сабзавоткорӣ ва соҳаи хизматрасонӣ ривоҷ ёфтааст.

Намояндагони маҳаллаи “Янги ҳаёт” ба сарвари давлат аз шароити зиндагии мардум нақл карданд.

Дар ин ҷо зиёда аз 3,5 ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд. Дар ин ҷо муассисаҳои томактабӣ, мактабу коллеҷҳои дорои шароит барои таълиму тарбияи босифат фаъолият доранд. Сокинон дар мавзеъҳои истироҳатии кӯҳистонӣ дар корхонаҳои истеҳсолӣ ва хоҷагиҳои шахсӣ кор мекунанд.

Ғайр аз ин зиёда аз даҳ хонаи меҳмонӣ, қариб бист мағоза, сартарошхона, марказҳои хидматрасонӣ мавҷуданд. Соли гузашта беш аз сад нафар сокинони бекори маҳалла ба корҳои доимӣ ва мавсимӣ ҷалб карда шуданд. Боз 181 нафар шаҳрвандон соҳиби кори худ шуданд.

Мувофиқи фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 21 декабри соли 2023  нақши ниҳоди маҳалла дар ҷамъият ва дар ҳалли мушкилоти аҳолӣ ҳамчун звенои ибтидоӣ пурзӯр гардид. "Ҳафтгонаи маҳалла", ки раиси маҳалла, ёвари ҳоким, фаъоли корҳои бонувон, пешвои ҷавонон, нозири профилактика, корманди андоз ва хидмати  иҷтимоиро фаро мегирад, ташкил карда шуд.

Сарвари давлат бо намояндагони ин низом суҳбат кард.

— Мо аз рӯзҳои аввал бо мардум мулоқотро ба роҳ мондем, кӯшиш мекунем, ки халқ қаноатманд бошад. Бинобар ин мо системаи маҳалларо хамчун звенои ибтидоӣ инкишоф медиҳем. Маҳалла асоси ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад. Ин овози мардум аст. Намояндагони давлат дар маҳалла бо истифода аз ваколату воситаҳои пешбинишуда бояд ҷаҳонбинии худро тағйир диҳанд ва ба дархости мардум посух диҳанд. Боварӣ дорам, ки машаллаи “Янги ҳаёт” барои Ўзбекистон намуна мешавад, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

Президент нуқтаҳои савдо ва хидматрасонии маҳалларо аз назар гузаронд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: