ИСТИҚБОЛИ ҒОЛИБИ МУСОБИҚА БАХШИДА БА ХОТИРАИ ПАҲЛАВОН МАҲМУДИ АФСОНАВӢ ДАР ШАҲРИ ҲАМАДОНИ ЭРОН

Пирӯзии паҳлавони эронӣ Ризо Кейтасӣ дар шаҳри Хева дар мусобиқаи байналмилалии «Бозиҳои паҳлавонон» бахшида ба хотираи Паҳлавон Маҳмуди афсонавӣ дар байни ҷомеаи Эрон сару садоҳои густурдаеро ба бор овард.

Ба шарафи паҳлавони эронӣ дар зодгоҳаш шаҳри Ҳамадон маросими ботантанаи истиқбол ва гиромидошти он баргузор шуд, ки дар он сарон ва шахсони расмии музофоти мазкур, инчунин даҳҳо ҳазор сокинони маҳаллӣ иштирок доштанд.
Рӯйдоди мазкур дар тартиби онлайн дар саҳифаҳои Instagram-и блогнависони зиёди эронӣ ва маҳаллӣ, ки дар видеоблогҳои худ низ дар бораи роҳ ва фаъолияти ҳаётии фарзанди муносиби халқи ӯзбек Паҳлавон Маҳмуд, ки дар Эрон бо номи Пурёи Валӣ маъруф аст, нақл кардаанд, равшан карда шуд.
Қобили зикр аст, ки ба туфайли сафари блогнависони эронӣ ба Ӯзбекистон барои равшан намудани рафти мусобиқаи байналхалқӣ даҳҳо ҳазор нафар шаҳрвандони эронӣ тавонистанд бо шаҳрҳои таърихӣ ва зарфияти сайёҳии кишвари мо ошно шаванд. Аз ҷумла, наворҳои видеоии блогнависони эронӣ «Mr.& Ms Gardehgar» дар бораи сафарашон ба Ӯзбекистон ва ширкат дар мусобиқаи байналмилалии Паҳлавон Маҳмуд аллакай сад ҳазор тамошобин ва беш аз 200 шарҳи нидоӣ пайдо кардаанд, ки бешубҳа ба афзоиши таваҷҷуҳи сайёҳони эҳтимолӣ аз Эрон ба шаҳрҳои таърихии Ӯзбекистон мусоидат мекунад. Дар шарҳҳо қайд  мешавад, ки ташкили чунин чорабиниҳои дурахшон дар соҳаи сайёҳӣ дар Ӯзбекистон обрӯи байналмилалии кишварро ҳамчун як масири ҷолиб барои сайёҳон аз манотиқи мухталифи ҷаҳон мустаҳкам мекунад.

АИ «Дунё»,
ТЕҲРОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: