БА НИЗОМИЁН ХОНАҲОИ НАВ СУПУРДА ШУД

Дар маҳаллаи Шодлики ноҳияи Мирзо Улуғбеки пойтахт ба як гурӯҳ низомиён, ки дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хидмат мекунанд, калидҳои яке аз хонаҳои нави 25 ошёна тантанавор супурда шудаанд.

Дар ин тантана як гурӯҳ роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, роҳбарияти округи ҷанубӣ-шарқӣ ширкат варзиданд. Иҷрокунандаи вазифаи ҳокими шаҳри Тошканд Бахтиёр Раҳмонов дар баромадаш қайд кард, ки солҳои охир ҳукумат барои беҳтар намудани аҳволи иҷтимоии низомиён ғамхориҳои зиёд зоҳир мекунад. 
Ба 150 нафар низомие, ки то ҳанӯз соҳиби хона набуданд, калиди хонаҳоро супориданд.
Ҳоло дар ҳудуди маҳалла корҳо оиди мумфарш кардани роҳҳо, таъмиру таҷдиди мактаби таълими умумӣ, поликлиникаи оилавӣ ва идораи маҳалла муташаккилона бурда мешаванд.
– Мо чанд сол боз дар иҷора менишастем. Имрӯз бароямон рӯзи хурсандист ва онро ҳеч гоҳ фаромӯш нахоҳем кард. Аз фурсат истифода бурда аз номи тамоми оилаҳои низомиён, ки имрӯз соҳиби хона гаштанд, ба Президент ташаккур мегӯям, — гуфт дар сӯҳбат Насиба Азимова.

Далер АЗИЗОВ,
хабарнигори “Овози тоҷик”.
Суратгир: муаллиф.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: