Соли нав аз идҳост, ки онро анқариб дар саросари ҷаҳон таҷлил мекунанд.
Вале таҷлили он дар байни ҳар як халқ ба тарзи хосса аст.
Урфу одатҳои солинавӣ – тайёрӣ ба қайдкунии Соли нав дар ҳар оила чанд рӯз пеш аз ид сар мешавад. Одамон хонаҳо, дарахти арчаро зебу оро медиҳанд ва мизи идона рост менамоянд. Ҳарчанд баъзе маҳсулот дар тамоми ҷаҳон паҳн шудаанд, анъаноти халқҳои гуногун ба интихоби хӯрокҳои мизи идона таъсири худро гузоштааст.
Чунончӣ, ҷопониҳо хӯрокро аз маҳсулоте омода мекунанд, ки, ба ақидаи онҳо, хушбахтӣ меоранд: аз карами баҳрӣ (шодӣ), аз лӯбиёву нахӯд (саломатӣ), аз моҳии ҷӯшонидашуда (оромиву рӯҳбаландӣ) ва ғайраҳо.
Дар рӯйи мизи идонаи мардуми Австрия, Венгрия, Сербияю Хорватия тақрибан ягон навъи хӯрокро аз гӯшти парранда наметавон дид: аҳолии ин кишварҳо чунин мешуморанд, ки хушбахтӣ метавонад парида равад.
Дар шаби Соли нав кубагиҳо, испаниҳо, португалиҳо бояд 12 дона ангур бихӯранд, то 12 орзуяшон ҳар кадом дар як моҳ ҷомаи амал пӯшад. Ангур барои ин халқҳо рамзи фаровонӣ ва хушбахтии оилавӣ мебошад.
Чормағз, мош ва ангур барои итолиёвиҳо рамзи саломатӣ, комёбӣ ва дарозумрист.
Дар Русия бошад, қариб ҳар як мизи идонаро пирог, карамшӯрбо ва таом аз моҳӣ оро медиҳанд.
Дар мизи идонаи мардуми Словакия ва Чехия ҳатман бояд карам бо ҳасиб, моҳӣ, шӯрбои замбӯруғӣ, печенеи асалӣ бо шир бошанд.
Иди Соли навро дар Фаронса метавон иди «сафедиҳо» номид. Дар рӯйи миз шамъи сафед дар шамъдонҳои сафед, меваҳои тару тозаи бо шакар рӯйкашшуда гузошта мешаванд.
Дар Италия ҳам таомҳои анъанавии солинавӣ мавҷуданд. Масалан, дар Болония, ин пироги гӯштӣ бо қаймоқ аст, ки номаш тортелинист.
Дар Полша ба мизи ҳатман бо дастархони сафед орододашуда 13 намуди хӯрок гузошта мешавад. Хӯроки солинавӣ аз шӯрбои моҳӣ ё замбӯруғ сар мешавад. Баъд паси ҳам: карам бо замбӯруғ, пирог, моҳӣ бо соуси ширин ва ғайраро меоваранд. Аз ҳама охир печене, шарбат ва меваҷот ба дастархон гузошта мешаванд.
Иди Соли нави милодӣ бо фармони император Гай Юлий Сезар 1 январи соли 46-уми то милод дар Рими қадим ҷорӣ шуда буд. Моҳи январ аз номи Янус – худои дурӯя, таҷассумгари дару дарвоза ва нахустин корҳо гирифта шудааст.
Аз соли 1700 бо фармони император Пётри I Соли нав дар Русия чун дар Аврупо 1-уми январ (мувофиқи солшумории юлианӣ) таҷлил карда мешавад.
Аз соли 1919 ҷашни Соли нав дар Русия мувофиқи солшумории григорианӣ таҷлил мегардад. Дар Иттиҳоди Шӯравии собиқ аз соли 1947 санаи 1-уми январ рӯзи истироҳат эълон шуда буд, ки то ҳол баъди пош хӯрдани он ҳам амал мекунад.
Дар Ӯзбекистони соҳибистиқлол низ анъанаи таҷлили Соли нави милодӣ идома дорад ва санаи 1-уми январ дар қаламрави ҷумҳурӣ рӯзи истироҳат мебошад.
Таҳияи
Раҳимшоҳи ШАРИФЗОДА.