САЛОМАТӢ АЗ НИГОҲИ «БУХОРОИ ШАРИФ»

Инсони сиҳҳату солим ва бомаърифат нерӯи ҳар гуна ҷомеа ва давлат аст.

 Тарбияи инсони комил, солиму бомаърифат ғояи умумибашарӣ, орзуи банӣ одам аст. Ин ғоя дар осори баландпояи ниёкони мо аз «Авасто»-ву Рӯдакӣ то асарҳои эҷодкорони имрӯз рушду нумӯ ёфтааст. Зеро шахси комил ояндасози ҷамъият ва давлат мебошад. Дар таъмин гардидани бунёди имконот ва муҳайёшудани  шароити тарбияи шахси комил сохтор ва сиёсати давлатдорӣ мавқеи муҳим дорад.
Аморати Бухорои мутлақа дар ибтидои асри XX давлати қашшоқ, ақибмонда буд. Аҳолӣ вазъи ночори иҷтимоӣ дошт. Кӯчаҳо ифлос, ҳолати санитариву гигиенӣ хароб буданд. Дар чунин вазъ, албатта, тандурустии мардум халалдор мешуд, он боиси пайдоиши ҳар гуна бемориҳо мегардид. Равшанфикрон, ҷадидон, бахусус дастандаркорони рӯзномаи «Бухорои шариф» нисбати ин ҳама ноҷӯриҳо бефарқ набуданд, дар саҳифаҳои рӯзнома пайи ислоҳи вазъи аморат саъю талош намуда, мақолаҳо дарҷ мекарданд.
Дар саргаҳи ин ҳаракат Мирзо Сироҷи Ҳаким қарор дошт. Мирзо Сироҷ соли 1877 дар Бухоро дар оилаи савдогар ба дунё омадааст. Падараш дар баробари таълим дар мактаби ибтидоӣ ба писараш забонҳои аврупоиро омӯхтааст. Мавсуф фанҳои дақиқро хуб азбар мекунад, забони арабию адабиёти форсу тоҷикро мустақилона меомӯзад. Пас ба тиҷорат машғул мешавад. Даҳ сол дар мамлакатҳои Осиёю Аврупо сафар мекунад. Дар Аврупо илми тибро меомӯзад ва ба дарёфти  унвони Ҳаким муваффақ мегардад. Асарҳои машҳури ӯ «Туҳфаи аҳли Бухоро» ва «Саёҳатнома» ҷамъбасти таассуроти сафар ва бардошту хулосаҳои адиб аз дидаву шунидаҳояш мебошанд: 
Чист сафар? Мояи илму ҳунар.
Чист сафар? Таҷрибаи хайру шар.
Ҳаст сафар мояи анҷомҳо,
Ҳаст сафар пухтакуни хомҳо.
Ҳар кӣ сафар кард, хӯрад заҳру қанд,
То ки шавад комилу ҳам ҳушманд.
Ҳар ки аз ин шарбати мо нӯш кард,
Кашмакаши даҳр фаромӯш кард.
Он чӣ дар аснои сафар дида шуд,
Бе каму нуқсон ҳама вочида шуд.
Мирзо Сироҷ яке аз таъсисдиҳандагон ва фаъолтарин хабарнигорони рӯзномаи «Бухорои шариф» буд. Ӯ тамоми дороии худро ба таъсис ва нашри ин рӯзнома сарф кардааст. Бо ташаббуси Мирзо Сироҷ дар рӯзнома нашри рукни «Ҳифз-ус-сиҳҳат», аз шумораи 13 (26 марти соли 1912) оғоз ёфта, таҳти ин рукн тақрибан дар ҳар як шумораи рӯзнома гузоришоти ӯ чоп ва мавриди истиқболи гарми хонандагону алоқамандони рӯзнома гардидаанд.
Мирзо Сироҷ тозагиро гарави саломатӣ меҳисобид. Мақолаи ӯ «Муколама бо ҳаммомӣ» (№49 аз 8 майи соли 1912) далели андешаҳои болоист. Муаллиф аҳамияти ҳаммомро ба саломатии инсон таъкид намуда, бунёди гармобаҳои навро дар шаҳри Бухоро пешниҳод  кардааст.
Мақолаҳои рукни «Ҳифз-ус-сиҳҳат» моҳияти илмӣ доранд. Дар онҳо роҳу усулҳои мушаххаси шифои бемориҳои гуногун  тавсия шудаанд. Дар шумораи 35-и рӯзнома (аз 20 апрели соли 1912) бемории дил ва пешгирии он, дар шумораи 29 рӯзнома аз 13 апрел таркиби хун тавсиф гардида, оид ба глобулҳо (глобунин) маълумоти дақиқ  дода шудааст. Дар саҳифаи мазкур бобати бемориҳои чашм ва роҳҳои пешгирӣ намудани онҳо маслиҳатҳои муфидро пайдо мекунед. 
Мирзо Сироҷи Ҳаким пайваста меомӯхт, дониш ва маҳорати тиббии худро такомул медод ва ҳамеша аз навгониҳои илми тибби Аврупо бархурдор буд. Мо дар шумораи 21 рӯзнома аз 15 апрел ба ахбори аҷибе дучор омадем, ки андешаи болоиро тақвият мебахшад. Муаллиф огоҳ менамояд, ки доруи «106» зидди бемории «сифлис» (бемории аврупоӣ – таъкид аз Мирзо Сироҷ) мавҷуд буд. Табиб ва профессори машҳури олмонӣ Ирлих навъи нави доруи бемории фавқро бо унвони «914» ихтироъ кардааст. Боиси таассуф аст, ки имрӯз ин гуна беморӣ баъзан дар сокинони кишвари мо низ дучор мегардад. Орзуву ниятҳои равшанфикрону ҷадидони ибтидои садаи XX чун Мирзо Сироҷи Ҳаким дар зиндагии осоиштаву ободу фаровони кунунии мардуми шарафманди мо бештар амалӣ мешаванд. 

Ӯзбакбойи РАҲМОН, 
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: