Чандин сол аст, ки ба оилаҳои камтаъмини сартосари мамлакатамон аз тарафи ҳокимияти маҳаллӣ ва шахсони саховатпеша кумаки моддиву маънавӣ расонда мешавад.
Бо фарорасии моҳи мубораки рамазон дар ноҳияи Янгийӯли вилояти Тошканд барои маълӯлон ва шахсоне, ки аз рӯйихати «Дафтари оҳанин», «Дафтари бонувон», «Дафтари ҷавонон» ҷой гирифтаанд, дастурхони ифторӣ густурда, маҳсулоти хӯрокворӣ расонда мешавад.
Аз ҷумла, бо ташаббуси Созмони ғайридавлативу ғайритиҷоратии «Ҷамъияти ногироҳо», ҳокимияти ноҳия ва аз тарафи Бунёди ҷамъиятии хайрияи «Маҳалла» барои 150 нафар шаҳрвандони ногиро чунин дастурхон ороста шуд.
Маҳаллаҳои Обод ва Қирариқ низ дар якҷоягӣ дастурхони ифторӣ омода намуда, хатнасури 9 нафар фарзандони оилаҳои камтаъминро баргузор намуданд.
Сарвари давлат Шавкат Мирзиёев 13 марти соли ҷорӣ ба вилояти Сурхондарё ташриф оварда, оиди дар савияи баланд пешвоз гирифтани моҳи мубораки рамазон супоришҳо дода буд. Ҳоло ба мақсади иҷро намудани ин супориши роҳбари давлат дар ноҳия корҳои зиёд амалӣ мегарданд. Ба мақсади пурсамар истифода бурдан аз заминҳои холӣ ба 15 нафар заноне, ки шомили дафтари бонувонанд, аз тарафи Маркази миллии рушди хоҷагии ҳавлии назди Шӯрои хоҷагиҳои фермерӣ, деҳқонӣ ва заминҳои наздиҳавлии Ӯзбекистон замин тақсим карда шуд. Бо ташаббуси ҳокими ноҳия ба ин заминҳо тухми картошка коштанд.
Пешбинӣ мешавад, заноне, ки аз чунин имкониятҳо пурсамар истифода мебаранд, зироаткориро хуб ба роҳ монда, дар оянда соҳиби даромади зиёд мегарданд.
Н. НОДИРОВА,
хабарнигори
«Овози тоҷик».