ГАНҶИ БЕБАҲО

Бале, ҳақ бар ҷониби Мавлоно Ҷомии бузургвор аст.

Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст,
Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст.
Бале, ҳақ бар ҷониби Мавлоно Ҷомии бузургвор аст. Зеро китоб барои ҳар як инсон манбаи  ғизои маънавӣ, ҳамроҳи беминнат ва ганҷи бебаҳо низ мебошад. Дарҳақиқат, агар дар муқоиса баён намоем, чун субҳи содиқ наояд, мо дар зулмати шоми бесаводӣ мемонем. Вале оне, ки китоб ба даст мегирад, бешубҳа аз нури маърифат бархурдор мегардад ва албатта, маърифаташ баланд мешавад. 
Аслан мутолиаи китоб сабабгори баланд бардоштани илму дониш ва маънавияти мо мебошад. Хусусан, барои наврасону ҷавонон мутолиаи китоб хеле зарур аст. Вақте асарҳои бадеиро мутолиа менамоянд, бевосита бо қаҳрамонҳои онҳо ҳампаҳлу истода, воқеаву ҳодисотро бо ҳам таҳлил менамоянд, ки ин албатта, боиси ибрат гирифтани онҳо мешавад. 
Воқеан, дар ҳадис ва насиҳатномаҳои бузургон оиди қадр намудани китоб махсус гуфта гузаштаанд. Ин далели он аст, ки ҳанӯз аз замонҳои қадим ниёкони мо ба қадри китобу китобхон мерасидаанд. Вале имрӯз-чӣ? Аз чӣ сабаб ҷавонон аз китобхонӣ дур шуда истодаанд. Бояд сари ин муаммо андеша намоем.
Дигар ин ки ҳанӯз чандин аср пеш гузаштагони мо дар барги дарахтон ва ё пӯсти ҳайвонот аввалин навиштаҳои худро дарҷ менамуданд. Оҳиста-оҳиста бо мурури замон коғазу сафҳаҳо пайдо гардид. Одамон розу ниёзи худро рӯи коғаз меоварданд ва бо воситаи номаҳо ба якдигар равон мекарданд. Ин аст, ки аз ҳамон замон инҷониб қадри коғазу китоб баланд гардид ва онро низ муқаддас шуморидаанд. 
Чанд сол қабл аз ин Президент Ш.Мирзиёев оиди китоб ва мутолиаи он як қатор фармонҳои дахлдор интишор намуд, ки албатта ин чун як ҳисси ғамхории сарвари кишвар нисбати насли наврас дониста мешавад. Яке аз бандҳои «Панҷ ташаббуси муҳим» низ ба китоб ва мутолиаи он нигаронида шудааст, ки ин худ далели гуфтаҳои болоянд. Инчунин, китобхонҳои беҳтаринро бо туҳфаҳои қиматбаҳо қадр менамоянд, ки ин низ аз ғамхориҳои беҳудуди ҳукумат нисбати шаҳрвандон ба ҳисоб меравад.  
Ҳамин тавр, дар хотима гуфтанием, ки биёед, дӯстони азиз, ҷавонони соҳибистеъдод, ба китоб ва мутолиаи он рӯй оварем. Бо ин васила аз дурдонаҳои гуҳарбори адабиёти форс-тоҷик чун Рӯдакиву Саъдии Шерозӣ, Ҳофизу Бедил ва дигар намояндагони бузург бархурдор гардем. Зеро, ояндаи ҳар наврасе, ки ба китоб рӯй меоварад, албатта нурфишон хоҳад шуд. Зеро, китоб мураббии бузургест, ки ҳамеша одамро ба роҳи рост ҳидоят менамояд ва сабақи рӯзгор меомӯзад. Пас, биёед ҳидоятгари роҳи ростӣ бошем ва рӯй ба нури пурхиради китоб гузорем.

Розия БАДАЛОВА, 
китобдори маҳаллаи «Себзор»-и 
ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: