ЧЕҲРАГИРӢ АЗ СУРУДҲОИ МУБОРАКШО

Ё ХУД ГИРДОБИ ИШҚУ МУСИБАТ

Ё  ХУД ГИРДОБИ  ИШҚУ  МУСИБАТ

Барои  лаззати  ҳақиқӣ  бурдан,  масалан,  аз  шансонҳои  Шарл  Азнаур,  бояд, ки  дар  Порис  зиндагӣ  кард  ва  ё  шабона  дар  хиёбонҳои  Порис  сайру  гашт  кард.  Барои  лаззат  бурдан  аз  сурудҳои  В. Толкунова  бояд,  ки  дар фазои  васеи   Русия  ба сар бурд.  Аммо барои лаззат  бурдан  аз  сурудҳои овозхони тоҷик –  Муборакшо  Мирзошоев  (1961-2001), бояд,  ки  дар  байни  кӯҳҳои  сарбафалаки  Бадахшони  Тоҷикистон  ба  дунё  омад,  аз  роҳҳои  печидаю  пасту  баланди  кӯҳӣ  гузар  кард,  абадияти  кӯҳҳои  азим  ва  олами  сукунатомези  кӯҳҳои  барфпӯшро  эҳсос  ва  дарк  намуд.
Муборакшо  дар  саҳнаи  эстрадии  муосири  тоҷик  ситорае  буд, ки  бо  дурахши  худ  дилҳоро  чанде  гарм  кард  ва  бевақт  дар  олами  беинтиҳо  паноҳ  бурд.
Маълум  аст,  ки  баъзе  овозхонон,  агарчи  овози  баланду латиф  дошта  бошанд  ҳам,  сурудҳои  худро  хеле  сард,  ғализ,  бе  илҳому  ангеза,  дилгиркунанда  месароянд. Муборакшо услубу  лаҳни  гарм,  вазн  ва  тарзи ифодаи  мусиқии  суруд, мақоме  басе  ҷолиб,  хулоса,  накҳати  ба  худ  хосе  дошт.  Ӯ сурудҳои  худро  бо  забони  равшану  фасеҳ,  бо  вижагиҳои  вокалӣ,  аз  ҳама  муҳимаш,  бо  самимият месароид.  
Сурудҳои  Муборакшо  аз  лиҳози  пӯёи  ҳақиқат  хеле  ҳам  бикр  ва  боварибахшанд. Ӯ бо  сурудҳои  худ  гуё    майли  ба  олами  беинтиҳо,  софу  беғубор,  олами  аз  бадбахтиҳо,  фиребгариҳо,  ваҳшонати  рӯйи  замин  озод наздикшавӣ  дорад  ва  ҳаводорони  худро  ба  ин  росто  даъват  менамоид. 
Сурудҳои  Муборакшо  мисли  он аст,  ки ба  ӯ  болу  пар  бахшида,  ӯро  ба  қуллаи  баландкӯҳ,   ҷойҳои  дуродур  бурда,  аз  кашмакашиҳои зиндагӣ,  бенавоию  муҳтоҷӣ,  тангдастию  муфлисӣ  ва  заҳмати  беохир  раҳо  медиҳанд.  Хониши  ӯ  дар  омӯзишгоҳи  авиатсионии Ленинград  барояш  боварии  комил  ба  хушбахтии  оянда  дода  натавонист,  баръакс  дили  беқарори  ӯро  захмдор  кард. 
Баъди  хониш  дар  омӯзишгоҳи  авиатсионии  Ленинград  зиндагии  ӯ    ба  силсилаи  шикастнопазири  сахтиҳои  иҷтимоӣ  фаро  гирифта  мешавад.  Барои  ӯ  роҳи  хушбахтӣ,  аз  ҳама  тараф,  мисли  тармаҳои  сербарфи  кӯҳистон,  баста  мешавад,  роҳи  ҳамон  хушбахтие,  ки  дар  ҷавонӣ  ба  он  орзу  мекунанд  ва  ба  хотири  он  зиндагӣ  пеш  мебаранд.
Аз  ҳарорати  ҳиссии  сурудҳои  ӯ  чунин  фикр  бармеояд,  ки  Муборакшо  дар  ҳар  марҳилаи  зиндагии  кӯтоҳи  худ  ба  беназмии  ҳаёт  қудрати  истодагариро  наёфт  (“Нола  дорам”) ва  танҳо  бо  мусиқии  худ  ин  беназмиро  аз  дилаш  зудуда  мекард.  
Сурудҳои  Муборакшо,  бе  ягон  истисно,  дар  пояи  муқаддасоти  миллии  тоҷикон  ҷойгузин  шудаанд  ва  аз  ин  хотир  дар  шунаванда  эҳсоси  меҳрубониро  бедор  мекунанд.  Суруд  ба  кадом жанре,  ки  дахл  надошта  бошад,  рӯҳи  миллат  дар  он  ба  таври  мустақим  танинандоз  мегардад  ва  ё  чун  мавҷ  ба  назар  мерасад.  Хушбахтӣ  ва  ё  аламу  дард,  умедворӣ  ва  ё  ноумедӣ,  кӯшиш  ва  ё  бунбасти  миллат  дар  шакли  садои  мусиқӣ  равшан  шунида  мешаванд.
Аз  мазмуни  сурудҳои  Муборакшо  чунин  фикр  бармеояд,  ки  овозхон  дар  зиндагии  шахсии  худ  худро  дар  вазъи  ногувор эҳсос  мекард. Баъзан  шиква  аз  тақдир  ва  ноумедӣ  аз  ҳаёт  мекард  (“Нола  дорам”).  Мехоҳад  аз  зиндагӣ  гурезон  шавад.  Аммо  ба  куҷо?  Ба Алмаато?  Охир  он  ҷо  на  ҳама  чиз  ба  дил  наздику  ба  ҷон  баробар  аст!  Ба  Амрико?  Он  ҷо  на  ҳама  чиз  мансубият  ба  фарҳанги  миллӣ  ва  қавму  хешӣ  дорад!  Суруди  “Нола  дорам”  инъикоси  дарди  дили  овозхон  аст.  Ё  бо  як  эҳсосоти  ғароиб  овозҳои  садонокро  тӯлонӣ  (ба  мисли  он, ки  Одина  Ҳошим  овози  “и”-ро  тӯл медод)  карда  аз  дил  мегузаронд.  
Суруди  “Ғарибӣ”  фарёди  қалби  захмишудаи  Муборакшост,  ки  ба  қавли  худаш  то  авҷи  Зуҳал  мерасад.  Умуман,  ғарибӣ  дар  гузашта  ва  ҳозира  як  шаҷараи  тарзи  зиндагии  тоҷиконро  ташкил  медиҳад  (масалан,  муҳоҷирати  тоҷикон  ба  шаҳрҳои  Русия  ва  дигар  мамлакатҳо).  Дар  баъзе  мавридҳо  бошад,  тоҷик дар  ватан низ  ба муфлисию  ғарибӣ  ишора  менамояд.  Ин  ҳолат  дар  суруди  Одина  Ҳошим –  “Ғарибӣ”  акси  худро  ёфтааст.  Дар  суруди  Муборакшо —  “Ғарибӣ” ғарибӣ  тамоми  ҳастии  ӯро  фаро  гирифтааст.
Дар  фарҳанги  тоҷикон  мафҳуми  муҳаббат  ва  ҳаёт  (ишқ  ва  зиндагӣ)  дар  таквини  олам  ҳамчун  муродиф  дониста  мешаванд.  Дар  сурудҳои  Муборакшо  “Ай  ҷони  ман  асират”,  “Намепарастам”,  “Сабза  ба  ноз  меояд”  ва  ғайра  муҳаббат  дар  омехтагӣ  ба  ғурбат,   бадбахтӣ  ва  орзуҳои  амалинашуда  суруда  мешавад.  Ишқ  дар  дили  Муборакшо  бисёр  захмҳои  шифоношуданиро  ба  вуҷуд  овардааст.  Чунин  ибораҳои  шеърӣ  ба  мисли  “дили  пурдард”,  “дили  сангин”,  “дили  беқарор”,  “захми  дил” ва  ғайра   дар сурудҳояш бисёр  дучор меоянд.  Суруди  “Ай  ҷони  ман  асират”  суруди  бо  зиндагӣ  видоъ  кардани  Муборакшост.  Ӯ  хеле  хуб  эҳсос  кард,  ки  “умраш  ба  охир  омад”  ва  “то  қадри  имкон»  тавонист  роли  кӯчаки  худро  дар  зиндагӣ  иҷро  кунад».  Дар  сурудҳои  Муборакшо  оҳанги  ботинӣ  бо  оҳанги  зоҳирӣ  (шаклӣ)  дар  ҳамбастагии  зич эҳсос  мешавад.  Хушоҳангӣ  ҷавҳари   истеъдоди  овозхонии  Муборакшоро  ташкил  медиҳад.  Тамоми  эҳсосоти  бадеӣ,  марому  мақсади  ӯ  ба  василаи  хушоҳангӣ (“Имшаб”,  “Ай  ёри  ман,  биё”,  “Аллаи  модар”,  “Дӯстат  дорам”,    “Ман  ошиқат  ҳастам”  ва  ғайра) муайян мешаванд.
Муборакшо  тавонист  оҳанги  анъанавии  эстрадии  Шӯравиро,  ки  “якнавохт”,  “ҳамвор”,  “якзайл”  буд,  тағйир  диҳад.  Асоси  ин  тағйиротро  “оҳанги  озод”,    “ифодаи  озоди  отифот”,  “самимияти  эҷодӣ”  ташкил  медиҳанд.  Аз  ин  лиҳоз  ӯро  (бо  ҳамкории  Далер  Назаров)  дар  санъати  эстрадии  тоҷик  ҳамчун  навовар  ном  бурдан  ҷоиз  аст.  

Ҳақназар ҚУРБОНМАМАДОВ,
профессор.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: