Адабиёти муосири ӯзбек тайи солҳои охир, дар тараннуми ғояҳои дӯстӣ, ташвиқу тарғиби маънавияти миллӣ аз тариқи тарҷумаи асарҳои оламшумул ба пешравиҳои назаррас ноил шудааст.
Дар ин ҷода саҳми адиби навҷӯ ва навгӯ Олимҷон Бӯриев қобили таваҷҷӯҳ аст. Мутолиаи маҳсули қалами ӯ нишон медиҳад, ки эҷодаш бо садоқату самимият музайян гардидааст.
О. Бӯриев солҳои ҳафтодуми асри гузашта ба мақсади таҳсил аз Тоҷикистон ба Тошканд омада, баъди хатми дорулфунун дар ин шаҳр муқим мемонад ва аз тариқи матбуот ба майдони адабиёт қадам мегузорад.
Сипас, садоқаташ ӯро ба шоҳроҳи адабиёт мебарад, адабиётшиноси маъруф Азизхон Қаюмов ӯро дастгирӣ карда, ба шогирдӣ мепазирад ва роҳи эҷодиашро мунаввар менамояд. Олимҷон бо тавсияи устодаш ба тарҷумаи осори пурвазн ва пурганҷи классикони адабиёти форс-тоҷик даст зада, донишу биниши худро дар боби адабиёти тасаввуф такмил медиҳад. Дар натиҷа «Саодатнома», «Пайғамбарнома», «Ҳадиснома», «Низоминома», «Ҷоминома», «Бухоринома», «Замахшаринома» барин асарҳо меофарад, бахшида ба Амир Темур, Ҷалолиддини Мангубердӣ, Мирзо Улуғбек, Навоӣ достонҳои таърихӣ менависад.
«Устознома»-аш ба устодаш Азиз Қаюмов бахшида шудааст, ки анъанаи «устод-шогирд»-ро зинда менамояд. Аз он накҳати рафоқат ва ҳамкории эҷодии Мавлои Руму Шамси Табрезӣ ва бешак, ҳамдастии устоду шогирд – Ҳазрати Ҷомию Мир Алишери Навоӣ падид меояд.
Устоду шогирд ба як забон изҳор кардаанд, ки табъу нашри ӯзбекии «Юсуф ва Зулайхо» (1983), «Лайлӣ ва Маҷнун», «Саломон ва Абсол»-и Абдураҳмони Ҷомӣ (1989) тавассути Олимҷон аз аввалин самараҳои ҳамкории эҷодии онҳост.
Муваффақ шудани шоир ба тарҷума ва табъу нашри мукаммали «Хамса»-и Низомӣ, «Девони Камоли Хуҷандӣ», антологияи «Назм-ул-ҷавоҳири Эрону Турон»... аз он гувоҳӣ медиҳад, ки шоир ягон лаҳзаи умрашро барҳадар намегузаронад, ҳар дақиқаро ғанимат дониста, онро қадр мекунад, сарфи эҷод менамояд. Дар яке аз шеърҳояш беҳуда нагуфтааст, ки: «истгоҳи якдама аст, ин дунёи фонӣ».
Ба ҳеҷ кас сир нест, ки солҳои шӯравӣ натанҳо ба дини мубинамон эътибор дода намешуд, балки мардум аз арзишҳои динӣ то дараҷае дур шуданд. Баробари Қуръони карим ва ҳадис ба чопи асарҳои тасаввуфӣ низ рухсат дода намешуд. Туфайли истиқлол адабиётдӯстон бо таълимоти тасаввуф, аз ҷумла, бо Шайх Ҷалолиддини Балхии Румӣ, ки танҳо номи ӯро мешуниданд, бо асарҳои намирандаи ӯ мисли «Маснавии маънавӣ» ва ғазалҳое, ки бо тахаллуси Шамси Табрезӣ навиштааст, шинос шуданд, ки дар ин росто хидмати О. Бӯриев калон аст.
«Ман соли 1980 аз «Маснавии маънавӣ» ду ҳикоятро тарҷума карда будам. Он дар маҷаллаи «Муштум» чоп шуда буд. Фикр накарда будам, ки рӯзе ба тарҷумаи асари мазкур даст мезанам», мегӯяд мутарҷим.
О. Бӯриев баъд аз азхуд намудани мактаби тарҷумонӣ ва ба даст овардани таҷрибаи зиёд ба тарҷумаи «Маснавии маънавӣ» шурӯъ кард. Албатта, «Маснавӣ»-и Ҷалолиддини Балхӣ то ин вақт низ ба забони ӯзбекӣ тарҷума шуда буд. Аммо ҷиҳати ба худ хоси тарҷумаи мазкур дар он аст, ки мутарҷим онро ба тарзи озод, бо таҳлилу тафсири мухтасар тарҷума кардааст.
Яке аз адабиётшиносон гуфта буд, ки «тарҷума – қафои қолин аст. Танҳо тарҷумони моҳир аз ӯҳдаи «намойиш» додани ҳамаи зебоии қолин мебарояд». «Маснавии маънавӣ»-и Мавлавӣ ба илмдӯстони он давр бе шарҳу эзоҳ фаҳмо буд. Бо мурури замон мазмуни асари мазкур «дандоншикан» шуд. Азбаски О. Бӯриев Қуръони каримро ба забони ӯзбекӣ тарҷума карда буд, дар тафсири байтҳо аз шарҳу эзоҳи Мусҳаф истифода бурд ва ҳамин тариқ мазмуни як байтро дар ду ё ки чаҳор мисраъ ифода намуд, ки дар натиҷа мазмуни нозукиҳои маснавӣ барои ҳама фаҳмо гаштааст.
Маъруф ОТАХОНЗОДА,
Рӯзноманигори шоистаи Ӯзбекистон.