Корхонаи нав ва лоиҳаҳои бунёдкорӣ

  • Корхонаи нав ва лоиҳаҳои бунёдкорӣ
  • Корхонаи нав ва лоиҳаҳои бунёдкорӣ
  • Корхонаи нав ва лоиҳаҳои бунёдкорӣ
  • Корхонаи нав ва лоиҳаҳои бунёдкорӣ
  • Корхонаи нав ва лоиҳаҳои бунёдкорӣ
  • Корхонаи нав ва лоиҳаҳои бунёдкорӣ

Президент Шавкат Мирзиёев бо фаъолияти корхонаи нав оид ба истеҳсоли дарҳо ва ромҳои пластикии шаҳри Нуқус шинос шуд.

Лоиҳа дар маҳаллаи «Жана-Бозор» дар майдони 4 гектар амалӣ гардида, корҳои сохтмонӣ ба маблағи 2 миллион доллар анҷом дода шуданд. Таҷҳизоти ҳозиразамон, коммуникатсияи муҳандисӣ гузошта шуд. Корхона қодир аст, ки соле 270 ҳазор метри мураббаъ дару ром истеҳсол намояд. Дар ин ҷо 230 кас, асосан ҷавонон кор мекунанд.

Сарвари давлат бо раванди технологӣ шинос шуда, маҳсулоти корхонаро аз назар гузаронд.

Ба шаҳри Нуқус ҳокимияти шаҳри Тошканд вобаста карда шудааст. Драйверҳои рушди шаҳр саноати хӯрокворӣ ва индустрияи масолеҳи бинокорӣ, туризм мебошанд. Бо назардошти ин барномаи рушди маҷмӯгии иҷтимоию иқтисодии Нуқус дар соли 2022 таҳия гардид. Он татбиқи 10 лоиҳаро ба маблағи умумии  1 миллиарду 361 миллион сӯм пешбинӣ менамояд.  Дар натиҷа 3000 ҷойи корӣ таъсис дода мешавад.

Президент инчунин аз майдони сохтмони маҷмааи нави манзил дар ҳудуди маҳаллаи Жеке терек дидан кард. Дар ин ҷо сохтани панҷ бинои 16-ошёна ба нақша гирифта  шудааст. Ҳоло сохтмони хонаи якум давом дорад.

Дар маҷмӯи мазкур конструксияхои бинокории намунаи нав ба кор бурда мешаванд. Деворҳои берунӣ аз се қабат сохта мешаванд, ки дар зимистон ва тобистон ҳарорати оптималии хонаҳоро таъмин мекунанд. Хонаҳо пурра таъмир карда, бо таҷҳизоти ҳозиразамон ҷиҳозонида мешаванд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: