Барои ба орзую мақсадҳои худ расидан шахсро лозим аст, ки кӯшишу ғайрат намояд.
Илмат ба амал чу ёр
гардад,
Қадри ту яке ҳазор гардад.
Барои ба орзую мақсадҳои худ расидан шахсро лозим аст, ки кӯшишу ғайрат намояд. Ба даст овардани муваффақият ва бурдбориҳо аз инсон сабру таҳаммул ва иродаи матин талаб мекунад. Гуфтанием, ки Нозанин низ маҳз ба туфайли ҳамин сабру таҳаммул, ғайрату кӯшиш дар қатори шахсони хушбахт ва комёб шомил гардид.
Санаҳои 15-16 май дар ноҳияи Қуваи вилояти Фарғона олимпиадаи фаннии ҷумҳуриявӣ аз фанҳои забону адабиёти тоҷик дар байни хатмкунандагони мактабҳои миёна баргузор гардид. Дар он аз 9 вилояти Ӯзбекистон 27 нафар хонандагони синфҳои 11 иштирок намуданд. Дар ин озмун яке аз хонандагони фаъоли мактаби рақами 38-уми ноҳияи Сариосиё, хонандаи синфи 11"Б» Нозанин Қурбонназарова иштирок намуда, бо 82,6 хол сазовори ҷои 2-юм гардид. Ногуфта намонад, ки ин хонанда ҳамеша дар олимпиадаҳои мактабӣ, ноҳиявӣ, вилоятӣ, дастболо буда, ҷойҳои намоёнро соҳиб гаштааст. Аз хурдӣ ақлу заковати баланди худро намоён намуда, дар маҳфилҳои «Ҳофизхонӣ», «Лоиқхонӣ» ҳамеша ғолиб омада, қобилияти худро нисбат ба шеър, забону адабиёт нишон дода тавонистааст. Меҳру муҳаббати шеъру шоирӣ ва забону адабиёти тоҷик мағз андар мағзи қалби ӯро фаро гирифтааст. Ин гуна муваффақиятҳо барои соҳиб шудан ба зинаҳои баландтар замина пайдо мекунад. Нозанин низ сарбаландона ба мақсади худ расид. Ба ифтихори устодон, ҳаммактабиён, падару модар ва ҳамдеҳагонаш сазовор шуд.
Бе тарбияте ниҳоли наврас,
Ҳаргиз самари накӯ наорад.
Аз хок намедамад гиёҳе,
То дона дар он касе накорад.
Албатта, шоир дуруст гуфтааст, зеро барои ба камол расидани насли наврас ва мавқеи худро дарёб кардани он саҳми мураббиёну устодон бузург аст. Дар омӯзонидану таълим додани маводҳои таълимӣ доири фанҳои забон ва адабиёти тоҷик саҳми муаллимаи тоифаи олӣ, Аълочии маорифи халқ Фарида Муҳиддинова зиёд буда, барои ба қуллаҳои мурод расидани шогирдаш заҳматҳои зиёд кашидааст. Ҳангоми машғулот танбеҳу ҷазоро аз шогирдаш дареғ намедошт. Ҳар бор натиҷаи хубро Нозанин соҳиб гардад, хандида мегуфт, ки «ганҷ бе ранҷ ба даст намеояд».
Муаллима таҷрибаи зиёди омӯзгорӣ дошта, 30 сол боз аз ин фан ба шогирдон дарс мегӯяд. Чандин шогирди дигараш низ дар озмунҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ иштирок намудааст. Соли 2019 низ дар озмуни ҷумҳуриявӣ бо шогирдаш Лола Темурова иштирок кардааст.
Нозанинро дар муҳити оилавӣ низ шароит мусоид аст. Падараш шахси соҳибилм буда, айни замон бо соҳибкорӣ машғул аст. Вай аз даврони хурдсолии Нозанин зеҳни бурро ва шавқу қобилияти баланди духтарашро эҳсос намуда, орзуи соҳибмаълумот гаштани духтарашро дар дил мепарварид. Барои хондану таълим гирифтани духтараш тамоми шароитро фароҳам карда буд.
Модараш низ бонуи оқилаву доно буда, соҳиби маълумоти олист. Ҳар бор бо устоди духтараш ҳамсуҳбат гардад, гаштаю баргашта таъкид менамуд, ки Нозанин бояд соҳиби маълумоти олӣ гардад ва розӣ аст ҳамаи корҳои хонаро худаш ба анҷом расонад, то ба мақсади худ расад.
Меҳрангез МИРЗОЕВА,
муаллимаи фанни забони давлатии мактаби рақами 38-уми ноҳияи Сариосиё.
Вилояти СУРХОНДАРЁ.
Дар сурат: Нозанин Қурбонназарова бо устодаш Фарида Муҳиддинова.