ҶАШНИ САНЪАТКОР

Сарояндаи сурудҳои классикӣ, мардумӣ, оҳангсоз ва шоир, Ҳунарпешаи мардумии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, профессор Аҳмадҷон Шукуров 75-сола шуд.

Ба ин муносибат ба қарибӣ дар Донишкадаи давлатии санъат ва маданияти Тошканд таҳти унвони «Дидор-ширин» гирдиҳамоии фарҳангӣ баргузор шуд! Дар он санъаткорон, кормандони соҳаи маданият, устод-профессорон ва донишҷӯён иштирок карданд. 

Намояндагони Вазорати фарҳанг, директори Маркази мақоми ҷумҳурӣ Соҳибҷон Бегматов, ректори Донишкадаи давлатии санъат ва маданияти Тошканд Элдор Шерманов, ки А. Шукуров профессори кафедраи сурудхонии  миллии он аст, ҳофизону ҳамкасбон шоирону журналистон дар бораи фаъолияти бештар аз нимасраи ҳунарманд ҳарф зада, бо суруду таронаҳои дилкаш ба тадбир шукӯҳ бахшиданд. Шогирдони санъаткор аз эҷодиёти ӯ намунаҳо иҷро карданд. Хусусан, ҳунарнамоии Артисти халқии Ӯзбекистон ва Қароқалпоқистон Хайрулло Лутфуллоев, ҳофизони мардумӣ Оролмирзо Сафаров, Соҳибҷон Ниёзов, артисти шоиста Аҳмадҷон Дадаев, дастаи ҳунарии «Мавригӣ»-и вилояти Бухоро ва ғайра ба ҳозирон писанд омад. 
Бояд таъкид намуд, ки Аҳмадҷон Шукуров солҳои тӯлонӣ ҳамчун сарояндаи ансамбли рақсии «Баҳор», роҳбари бадеии дастаи ҳунарии «Зарафшон»,  директори Театри драмаи мусиқӣ ва мазҳакаи вилояти Бухоро ба номи С. Айнӣ ва ғайра фаъолият нишон додааст. Вай  муаллифи филми «Ота Ҷалоли ҳофиз» ва намоишномаи «Маликаи Бухорхудот», инчунин оҳангу сурудҳои пурҷозиба мебошад. Ҳоло бештар аз 50 суруди иҷрокардаи ӯ  дар фонди радиои ҷумҳурӣ маҳфуз аст. 

Амрулло АВЕЗОВ, 
хабарнигори «Овози тоҷик»
дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: