Масъалаҳои ҳамкории СММ бо Ӯзбекистон баррасӣ шуданд

7 майи соли ҷорӣ Раиси Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Танзила Нарбоева бо иҷрокунандаи вазифаи мутобиқгари доимии СММ дар Ӯзбекистон Консуэло Видал Брюс мулоқот анҷом дод.

Зимни суҳбат вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо СММ ва муассисаҳои тахассусии он мавриди баррасӣ қарор гирифт. Аз ҷумла, ба масъалаҳои расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор, таъмини баробарии гендерӣ, инчунин мушкилоти экологӣ, аз ҷумла рафъи оқибатҳои фоҷеаи Арал таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд.

Таъкид гардид, ки саъю талошҳои Ӯзбекистон дар ҳалли масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, ташаббусҳои Президенти кишвар оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ аз ҷониби СММ ҳамаҷониба дастгирӣ карда мешаванд. Ин дар навбати худ маънои онро дорад, ки муносибатҳо бо ин сохтори ҳокимият пайваста инкишоф меёбанд.

Хонум Консуэло Видал Брюс ба ислоҳоти иқтисодиву иҷтимоӣ дар Ӯзбекистон баҳои баланд дода, қайд кард, ки ҳамкории ҷумҳурӣ бо СММ ба сатҳи нав баромад.

Дар фарҷоми мулоқот, ки дар фазои дӯстона сурат гирифт, доир ба идомаи муколамаи системавӣ, тавсеаи лоиҳаҳое, ки ба рушди устувор, ҳифз ва пешбурди ҳуқуқи инсон ва дар маҷмӯъ, таҳкими ҳамкорӣ нигаронида шудаанд, тавофуқ ҳосил шуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: