КАСБУ КОРҲОИ МУОСИР

Дар сарзамине, ки ҳоло мо сокинем, аз қадимулайём намудҳои гуногуни касб: кулолӣ, деҳқонӣ, боғбонӣ, заргарӣ, оҳангарӣ, дуредгарӣ, нонвоӣ, қассобӣ ва амсоли инҳо вуҷуд доштанд, ки бесабаб нест.

Он воситаи амнияти ҷомеа буда, омили асосии хилқати сарвати миллӣ мебошад. Касб дар ҳаёти рӯзмарраи соҳибпешагон воситаи муҳими таъмини эҳтиёҷоти моддӣ ва маънавии оила маҳсуб мегардад. Беҳуда нест, ки ба ин маънӣ Саъдии бузургвор фармудааст: Ҳунар чашмаи зоянда аст.
Пеша ҳамсафари доимии ҷомеа мебошад. Ин буд, ки баробари тараққии ҷамъият  касбу ҳунар низ инкишоф меёбад. Ҳангоми табаддулоти сиёсӣ (тағйири сохти ҷамъият) баъзе касбу ҳунарҳои ба ҷамъияти гузашта марбут аз байн мераванду мувофиқи матлаби инкишофи илму техника ва тараққиёти ҷамъияти нав касбу пешаҳои нав ба нав зуҳур менамоянд.
Мисолан, дар даҳсолаҳои охир дар мактабҳои таълими умумӣ ҷорӣ шудани таълими фанни “Ахбори технологии информатика” боиси зуҳури касби ахбори технологӣ (IT) гаштааст. Ин касб тавассути техника ва технология иҷро кардани корҳои гуногунро таъмин менамояд. Чунончи, ахбори гуногунро тайёр карда тавассути техника ва технология аз як ҷо ба ҷойи дигар мефиристад, мустақиман сухан кардан, гуфтугӯйи шахсеро ба шахси  дигар, ки дар масофаи дуродур воқеъ мегарданд, таъмин менамояд. Зиёда аз ин, барномаҳоеро тайёр мекунад, ки дар он кор бе дахолати инсон бо воситаи техника ба сомон расонида мешавад.
Ғайр аз ин, касбе низ ба вуҷуд омадааст, ки соҳибкасбон техникаи роботианд. Онҳо бо воситаи телефонҳои дастии соҳибақл (smartphone) бе ёрии инсон корҳои гуногунро иҷро мекунанд, инчунин тавассути барномаҳои пешакӣ тайёркардашуда худи техника корҳоро иҷро мекунад. Масалан, дар шаҳри Маскав таксиҳои роботиеро аз таҷриба гузарониданд, ки онҳо дар ояндаи наздик мусофиронро бе ронанда ба манзилашон мерасонанд. Монанди ҳамин, дар Самарқанд ба роҳ монда шудани истифодаи чароғакҳои сухангӯйи роҳ (светофорҳои сухангӯ) далели раднопазири ин муддаост.
Ин ҷо қайд кардан лозим аст, ки инкишофи фанни фавқуззикр боиси ба вуҷуд омадани касбу пешаҳои нав мегардад.
Пӯшида нест, ки дар ояндаи наздик ин гуна касбҳои офаридаи илми замон, ки меҳнати роботҳоро идора мекунанд, бешубҳа, барои аз дӯши мардум бардоштани корҳои вазнин мусоидат менамоянд.

 Сарвар КАБИРОВ, омӯзгори фанни технологияи мактаби таълими умумии рақами 40-уми 
ноҳияи Бӯстонлиқи вилояти Тошканд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: