МУҲАҚҚИҚИ БУЗУРГ ВА ШАРҚШИНОСИ КАМНАЗИР

Дар таърихи башарӣ шахсиятҳое ҳастанд, ки ном ва корномаашон аз ҳофизаи фарҳангии халқ дур намешавад ва хидматҳои дар роҳи илм ба анҷом расонидаашон онҳоро ҷовидона мегардонанд.

 Пасояндагон аз рӯйи муҳаббат амалҳои неку шоистаашонро бо самимият ёд менамоянд. Ба он гунае, ки шоир мегӯяд: 
Зиндаву ҷовид монд, ҳар кӣ накуном зист,
К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.
Дар ҳақиқат, академик А. Мирзоев аз ҷумлаи ҳамин гуна фарзандони беназири тоҷик мебошад, ки тамоми умри бобаракати хешро сарфи илму дониш карда, дар рушди адабиётшиносӣ ва шарқшиносии ҷаҳонӣ саҳми босазо гузоштааст. 
Абдулғанӣ Мирзоев соли 1908 дар деҳаи Варганзаи ҳоло ноҳияи Китоби вилояти Қашқадарёи Ӯзбекистон дар оилаи босаводу ҳунарманд ба дунё омада, мактаби таҳсилоти миёнаи умумиро дар ноҳияи Қаршӣ хатм кардааст. То барқарор шудани мактабу маориф дар ноҳияи Китоби деҳаи Варганза Абдулғании наврас дар мадраса таҳсил намуда, аз модари бузургвораш ба таври алоҳида, якҷо бо бародару хоҳаронаш, сарфу наҳви арабӣ, қироати девони Ҳофизу Бедил ва илмҳои балоғатро  омӯхта, саводи мукаммал пайдо карда будааст. Вай баъди хатми мактаби миёна чанд сол ба сифати хидматчии давлатӣ дар ноҳияи Қаршӣ кору фаъолият карда, сипас барои кор ба Сталинобод (Душанбеи ҳозира) даъват мешавад. Дар он ҷо вай, баробари корҳои давлатӣ, бо  рӯзномаи “Тоҷикистони сурх” ҳамкорӣ карда, баъдан ба сифати мудири шуъба интихоб мегардад. Соли 1939 ба факултети шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург (Ленинград) дохил мешавад ва бо баҳои аъло онро хатм мекунад.  
А. Мирзоеви ҷавони боистеъдод ва ташнаи илм баъди хатм аввал дар кафедраи забони Донишкадаи педагогии Душанбе ба номи Шевченко ба сифати омӯзгор корро шурӯъ мекунад. Дере нагузашта ӯро ба сафорати Иттиҳоди Шӯравӣ дар Эрон ба кор даъват мекунанд ва дар он ҷо ду сол адои  вазифа мекунад. Баъдан донишманди соҳибзавқ аз соли 1945 то охири умраш (яъне то соли 1976) дар вазифаҳои гуногун: аввал мудири шуъба, баъдан директори Пажӯҳишгоҳи таърих, забон ва адабиёти шуъбаи тоҷикистонии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, устод ва мудири кафедраи арабии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ва ахиран директори Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Дар умри пурбаракати худ адабиётшинос ва шарқшиноси барҷаста садҳо мақолаҳои илмиву оммавӣ ва як қатор асарҳои бунёдӣ таълиф намудааст. Вай ба сифати муҳаққиқи пуркор дар Иттиҳоди Шуравӣ, Эрону Афғонистон, Покистону Ҳиндустон ва соир кишварҳои Осиё шинохта шудааст. Ба хидматҳои бесобиқаи академик А. Мирзоев шахсиятҳои барҷастае  мисли С. Айнӣ, Б. Ғафуров, С. Табаров,  Ғафур Ғулом, Ш. Рашидов, Е. Э. Бертелс, И. С. Брагинский, Саид Нафисӣ, Забеҳулло Сафо, Я. Рипка, И. Бечка ва дигарон баҳои баланд додаанд.  
Академик А. Мирзоев ҳамчун донишманди асил барои рушди илмҳои таърихшиносӣ, адабиётшиносӣ, шарқшиносӣ, матншиносӣ ва манбаъшиносӣ нақши сазовор гузошта, як қисми осораш ба ганҷинаи илми ҷаҳонии ховаршиносӣ ворид шудааст. 
Вай фаъолияти эҷодии  худро аз кори рӯзноманигорӣ шурӯъ карда, бо тахаллусҳои гоногун дар рӯзномаҳои “Овози тоҷик”, “Бедории тоҷик” ва “Тоҷикистони сурх” мақолаҳо интишор намудаааст.    
Вай аз нимаи солҳои 30-юм  ба таълим ва омӯзиши забони тоҷикӣ машғул шуда, мақолаҳои  “Фарқҳои семантикии суффикси “ак”, “Духтархона” чист?”, “Баъзе мулоҳизаҳо дар атрофи калимаҳои нумеративӣ”-ро таълиф кардааст. Нахустин китоби ӯ “Дар атрофи палеонтологияи забон” (1936) ном дошта, масъалаҳои омӯзиши таърихи забони тоҷик ва баъзе паҳлуҳои назарии онро фарогир мебошад.  
Академик А. Мирзоев солҳои чилум рӯ ба таҳқиқи таърихи адабиёти халқи тоҷик оварда, дар ин замина асару мақолаҳои илмии зиёде таълиф намудааст. Олими нуктасанҷ  дар солҳои аввали фаъолияти адабиётшиносии худ ба омӯзиши осори ду адиби машҳури тоҷик: Сайдои Насафӣ ва  Камолиддини Биноӣ аз ҳама бештар таваҷҷуҳ зоҳир карда, хидмати онҳоро дар рушди адабиёти тоҷик дуруст муайян намудааст ва  доир ба паҳлуҳои мухталифи эҷодиёти онҳо мақолаҳои тадқиқотӣ таълиф кардааст. Бахусус, рисолаи олими дақиқназар дар  бораи “Сайидо ва мақоми ӯ дар таърихи  адабиёти тоҷик” (1947) намунаи барҷастаи кори бунёдӣ дар шинохти шахсияти шоири ғазалсаро  мебошад. Вай дар асари худ баробари шарҳи вазъи замони шоир, тарҷумаи ҳол, мероси адабӣ ва маҳорату истеъдоди шоирии Сайидои Насафиро мавриди пажӯҳиш қарор додан, нақши ӯро дар таърихи адабиёти тоҷик дуруст муайян менамояд. Вай аксари сарчашмаҳои илмиву таърихӣ ва тазкираҳоеро, ки дар бораи Сайидо маълумот додаанд, омӯхта, бо мисолҳои равшан маҳорати суханварии шоирро таҳлил ва нақду баррасӣ менамояд.  Барои шинохти чеҳраи адабии Сайидо ва муҳити таърихии асри ХVII китоби академик А. Мирзоев дар илми адабиётшиносӣ ва шарқшиносии Иттиҳоди Шӯравӣ беназир мебошад. Пеш аз асари мазкур олими ҷавон бо омӯзиши фолклор машғул шуда, китоби “Зарбулмасалҳои тоҷикӣ” ва мақолаи “Дар бораи зарбулмасалҳо”-ро таълиф карда, мавқеъ ва таъсири  зарбулмасалҳоро дар   адабиёти шифоҳӣ ва бадеӣ возеҳу равшан шарҳ медиҳад.
Устод А. Мирзоев минбаъд корҳои илмиву тадқиқотиро доир ба омӯзиши осори адибони асрҳои ХV ва ХIХ идома дода, доираи пажӯҳишашро васеъ менамояд. Донишманд ба омӯзиши осори Малеҳои Самрқандӣ машғул шуда, дар ин мавзӯъ «Муҳимтарин сарчашма доир ба таърихи адабиёти асри XVII», «Тазкираи Малеҳо ва як қатор масъалаҳои таърихӣ», «Малеҳо ҳамчун сухансанҷи адабиёти асри XVII», «Бори дигар дар бораи тазкираи Малеҳо» ( солҳои 1940–1961) барин мақолаҳои илмиро таълиф менамояд. Дар ин пажӯҳишҳои бунёдӣ зиндагӣ ва осори  Малеҳои Самарқандӣ таҳқиқ шуда, хидмати ӯ дар адабиёти тоҷику форс дуруст муайян карда мешавад.   Бахусус,  пажӯҳишгар доир ба аҳамияти тазкираи «Музокир -ул-асҳоб»-и Малеҳои Самарқандӣ бештар таваҷҷуҳ зоҳир карда, мавқеи онро дар шинохти ҳавзаи адабии Мовароуннаҳр ва Хуросон муҳим мешуморад.  
Баъд аз ин академик А. Мирзоев дар бораи ҳаёт ва фаъолияти Мулҳами Бухороӣ, Бадриддини Ҳилолӣ, Сайфии Бухороӣ ва Камолиддини Биноӣ мақолаҳои илмӣ   таълиф мекунад. Вай дар мақолаҳои “Боз дар атрофи як қасидаи Рӯдакӣ”, “Абу Исҳоқ ва назми асри ХХ: порча аз рисолаи “Абу Исҳоқ ва фаъолияти адабии ӯ”, «Ду фикри ғалат роҷеъ ба як қасидаи машҳур: дар бораи қасидаи “Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён”-и Рӯдакӣ бисёр паҳлуҳои норӯшанро дар адабиётшиносии муосири тоҷик ошкор кардааст.
 Устод А. Мирзоев махсусан ба таҳқиқи ҳаёт ва фаъолияти Камолиддини Биноӣ диққати ҷиддӣ дода, дар бораи муҳити таърихӣ ва адабии замони шоир рисолаи калонҳаҷм ва пурмуҳтаворо бо номи  “Биноӣ” таълиф менамояд. Муҳаққиқи дақиқназар дар китоби мазкур муҳити адабиву таърихӣ, зиндагинома, маҳорату истеъдод, камолоти шоирӣ, ҳунари эҷодӣ ва қобилияти баланди сухандонии ин адибро таҳлил карда, ба ҳунару истеъдоди вай баҳои баланд медиҳад. Адабиётшинос ба бисёр масъалаҳои баҳснок доир ба шахсияти Биноӣ хотима гузошта, мавқеи ӯро  дар адабиёти тоҷик дуруст муайян менамояд.
Академик А. Мирзоев ба шахсияти адабиву илмии Абуалӣ ибни Сино низ баҳои баланд дода, хидмати ӯро дар рушди илми тиб, фалсафа, шеъру шоирӣ, ҳикмат ва дигар илмҳои замон равшан намудааст. Олими заҳматкаш дар муқаддимаи китоби «Ҳикоятҳо оид ба Ибни Сино ва шахсияти ӯ» чеҳраи илмиву адабии Абуалӣ ибни Синоро дуруст муайян кардааст. Муҳаққиқ аз сарчашмаҳои мухталифи илмиву адабӣ ҳикояву ривоятҳои зиёдеро ҷамъ оварда, истеъдоди фитрӣ, қобилияти баланди илмӣ ва табиби ҳозиқ будани ин нобиғаи Шарқро исбот кардааст.
 Саҳми академик А. Мирзоев дар шинохти адабиёти асри Х ва махсусан рӯзгор ва осори Одамушшуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ беназир ва бебаҳс мебошад. Вай дар ду рисолаи худ  «Рӯдакӣ ва инкишофи ғазал дар асрҳои Х-ХV», «Абуабдулло Рӯдакӣ» чеҳраи тобноки сардафтари адабиёти классикии тоҷикро таҳқиқ карда, нақши Устод Рӯдакиро дар рушди адабиёти ҳазору садсола дуруст ва воқеӣ равшан намудааст. 

Муаллиф дар ин китобҳо ба сарчашмаҳои таърихиву адабӣ бештар рӯ оварда, аз тазкираҳое, ки доир ба шахсияти Устод Рӯдакӣ маълумот додаанд, истифода кардааст. Ҳамзамон ӯ ба хидмати шарқшиносони хориҷӣ, ки ба омӯзишу таҳқиқи паҳлуҳои мухталифи рӯзгори Устод Рӯдакӣ машғул шудаанд, баҳои баланд дода, бо истифода аз назару андешаҳои эшон мақоми Рӯдакиро дар ташаккули шеъри тоҷикӣ-форсӣ муайян намудааст. Махсусан, муҳаққиқ дар бораи ному насаб, тахаллуси шоирӣ ва кунияи Устод Рӯдакӣ маълумоти васеъ дода, аз тазкираҳои пешин мисолҳои зиёд оварда, дар охир ному насаб ва тахаллусу кунияи  шоирро мушаххас гардонидааст. Дар баробари ин академик А. Мирзоев маҳорат ва истеъдоди ғазалсароии шоирро таҳлил карда, асосгузори ин жанр будани шоирро исбот менамояд ва мавқеи ӯро дар ташаккули жанри ғиноии ғазал равшан месозад. Дар китобҳои мазкур олими некусияр мақоми пири адибони Машриқро дуруст муайян карда, хидмати ӯро дар пешрафти адабиёти оламшумули тоҷику форс дуруст ошкор кардааст.
Академик А. Мирзоев ба шахсияти Аҳмади Дониш ҳам эҳтиром гузошта, нақши ӯро дар рушди  адабиёти маорифпарварӣ, омӯзиши таърихи амирони Манғит ва бисёр масъалаҳои дигари иҷтимоӣ воқеъбинона таҳқиқ кардааст. Дар мақолаҳои  «Аҳмади Дониш ва воқеаҳои қатли оми қипчоқҳо дар нимаи асри XIX», «Аҳмади Дониш ва гузориши масъалаи истифода бурда шудани оби дарёи Ому» донишманд ба шахсияти Аҳмади Дониш баҳои баланд дода, таъсири мактаби ӯро дар ин давра, инчунин таҳқиқи руйдодҳои таърихии замонаш арзишманд донистааст.
Доираи фаъолияти илмиву таҳқиқотии академик А. Мирзоев пас аз ин боз ҳам васеъ гардида, ӯ баробари омӯзиши осори адибони гузаштаи тоҷик ба мероси адабии шоирону адибони ҳавзаи Ҳинд таваҷҷуҳ зоҳир менамояд ва рисолаи «Аз таърихи равобити адабии Мовароуннаҳр ва Ҳиндустон дар нимаи дуюми асри XVI ва аввали асри XVII»-ро таълиф менамояд. Шарқшиноси дурандеш дар ин асар масъалаҳои равобити адабӣ ва таъсирмандии адабиёти ҳавзаи Ҳинду Мовароуннаҳрро дурусту саривақтӣ таҳлил карда, барои омӯзиши ин ҳавзаҳои адабӣ пешниҳодҳои судманд манзур кардааст.
Олим дар масъалаи таъсиргузории адабиёти тоҷику ӯзбек низ корҳои бунёдӣ таълиф карда, доир ба равобити адабиву фарҳангии ин ду халқ диққати аввалиндараҷа додааст. Махсусан, дар рисолаҳои «Алишер Навоӣ ва Хоҷа Ҳофиз» (1966), «Робитаҳои адабӣ ва таърихи адабиёт» (1968), «Алишер Навоӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ» (1968) муҳимтарин паҳлуҳои адабиёти тоҷик ва ӯзбекро таҳлил карда, ба маҳорату истеъдоди Мир Алишер Навоӣ ва осори тоҷикии ӯ баҳои баланд додааст. Дар мақолаи аввал донишманди нуктасанҷ таъсири ашъори Ҳофизи лисонулғайбро ба осори Навоӣ таҳлил карда, дар заминаи девони тоҷикии Алишер Навоӣ нақши тазмин ва муламаъро дар адабиёти тоҷик ва ӯзбек дуруст муайян намудааст. Дар мақолаи  дигар таъсири ашъори Мавлоно Абдураҳмони Ҷомиро ба ашъори Мир Алишер Навоӣ таҳқиқ карда, таъсиргузории ду адабиётро муфассал шарҳ додааст. Дар рисолаи “Фонӣ ва Ҳофиз” (1968) низ муаллиф бо диди амиқ ва таҳлили сареҳ дар бораи ин ду адиб изҳори назар карда, мавқеи онҳоро дар рушди адабиёти тоҷикӣ-форсӣ ва ӯзбекӣ дуруст муайян намудааст.
Олими пухтакор дар китоби “Сездаҳ мақола” (Душанбе: Ирфон,1977) беҳтарин мақолаҳои худро, ки ба адабиёти асрҳои Х-ХV алоқаманд мебошанд, ҷамъоварӣ ва нашр намудааст. Мақолаҳои мазкур аз нигоҳи фарогирии мавзӯъ ва пажӯҳиши илмӣ  дар адабиётшиносии тоҷик ҷойгоҳи хосро соҳиб шуда, маълумоти тоза ва навро дар бораи устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва дигар адибон пешниҳод менамоянд.
Саҳми устод А. Мирзоев дар таълифи китобҳои дарсӣ низ назаррас мебошад. Вай ҳанӯз аз солҳои панҷоҳум ба таълифи китобҳои дарсӣ ва хрестоматия барои адабиёти синфҳои панҷу шаш машғул шуда, дар ин самт низ хидмати босазо намудааст. Вай ҳамроҳ бо устод Х. Мирзозода китоби дарсии “Адабиёти тоҷик” (синфи 9)-ро таълиф карда, давраҳои адабиёти асрҳои ХVI-ХIХ ба қалами вай тааллуқ доранд. Дар ин ҷода инчунин дастурҳои таълимӣ таълиф карда, дар марказҳои такмили ихтисос дарс гуфтааст ва доир ба ҳусну қубҳи китобҳои дарсӣ низ фикру мулоҳизаҳои судманд баён намудааст.
Хидмати академик А. Мирзоев бо унвонҳои давлатӣ қадр шудааст. Вай соҳиби ду ордени «Нишони фахрӣ», ду ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, медали «Барои меҳнати шоён”,  “Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В. И. Ленин» буда, ба унвонҳои “Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон”, “Арбоби шоистаи илми ҶШС Ӯзбекистон”, “Ифтихорнома”-ҳои Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст. Олими пухтакор инчунин дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуалӣ ибни Сино мебошад.
Академик А. Мирзоев ба корҳои илмии даҳҳо нафар ҷавонони болаёқат аз Тоҷикистон ва Ӯзбекистон роҳбарӣ карда, барои сазовор шуданашон ба унвону дараҷаҳои илмӣ раҳнамоӣ кардааст. Академик А. Мирзоев дар таҳкими дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек саҳми назаррас дошта, шогирдони зиёдеро аз кишвари ҳамсоя тарбия намуда, соҳиби дараҷаҳои илмӣ гардонидааст. Мактаби шарқшиносии академик А. Мирзоев дар олам машҳур шуда, пайравону шогирдонаш то ба имрӯз ин мактабро идома дода истодаанд. Устод С. Табаров ҳамин заҳматҳои зиёди устодашро ба инобат гирифта, дар мақолаи худ “Соҳиби мактаби илмӣ: дар бораи Абдулғанӣ Мирзоев” (Маориф ва маданият, 1979, 20 март) таъкид мекунанд, ки “Академик Абдулғанӣ Мирзоев шахсияти нотакрорест, ки дар адабиётшиносии муосири тоҷик соҳиби мактаби тадқиқотии худ буд ва даҳҳо шогирдонаш дар ин арса кору фаъолият менамоянд”.
Академик А. Мирзоев, дарвоқеъ ба рушди илми адабиётшиносӣ ва шарқшиносии ватаниву хориҷӣ хидмати беназир намуда, дар таҳкими робитаҳои адабии халқҳои тоҷик ва ӯзбек саҳми арзанда гузоштааст. Бо таъсири асарҳои бунёдии вай бисёр масъалаҳои норӯшани адабиётшиносӣ, сарчашмашиносӣ, манбаъшиносӣ, матншиносӣ, равобити адабӣ  ва ғайра ошкор гардида, барои рушди ин илмҳо заминаи мусоид фароҳам омадааст. Минбаъд дар заминаи пажӯҳишҳои академик А. Мирзоев омӯзиши серпаҳлуи таърихи адабиёти тоҷик ва ӯзбек роҳандозӣ шуда, хушбахтона, имрӯзҳо дар асоси заҳмати бесобиқаи олиму муҳаққиқ, муарриху шарқшиноси оламшумул академик А. Мирзоев самараи нек ба бор оварда истодааст.
P.S: Мо ба  Маркази милливу мадании тоҷикони Ӯзбекистон, роҳбарияти вилояти Қашқадарё, масъулони Маркази милливу мадании тоҷикони вилояти мазкур, аҳли илму адаб, омӯзгорону фарҳангдӯстони ин вилояти овозадор изҳори ташаккур менамоем, ки  хотираи фарзанди диёрашон-академик А. Мирзоевро гиромӣ дошта, 114-солагии ӯро дар сатҳи баланд баргузор намуданд.      

Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА,
Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии 
Тоҷикистон дар    
Ҷумҳурии Ӯзбекистон, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: