ОБОДГАРИҲО БАРОИ ХУШНУДИИ САЙЁҲОН

Ҷамоаи шаҳрвандони маҳаллаи «Миракӣ» яке аз мавзеъҳои хушбоду ҳавои ноҳияи Шаҳрисабз ба шумор меравад, ки кунун ба маҳалли сайёҳӣ мубаддал гаштааст.

Ин маскан дар оғӯши кӯҳҳои азим воқеъ гашта, солҳои охир бо табиати нотакрори худ диққати сайёҳони хориҷиву ватаниро ба худ ҷалб месозад. Шумори сайёҳоне, ки барои тафреҳ мавзеи кӯҳистонро интихоб месозанд, сол аз сол меафзояд. Ин аст, ки барои онҳо шароити мусоиде фароҳам овардан яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳукумати маҳаллӣ қарор гирифтааст. Ҳоло мавҷи рӯзафзуни сайёҳон ба самти Миракӣ ҳукуматро водор сохтааст, ки роҳҳои омаду рафтро ба ин самт тахту ҳамвор ва мумфарш намоянд. Ҳудуди чаҳор километр роҳ ба сӯи Миракӣ, ки аз серҳаракаттарин масир ба шумор меравад ва дар собиқа ҷавобгӯйи талабот набуд, васеъ кардаву  мумфарш гардиданд. Аз ду бари роҳ барои пиёдагардӣ низ шароит муҳайё шудааст. Насб гардидани ҷӯйборҳои бетонии замонавӣ ҳам яке аз корҳои шоёни роҳсозон аст, ки роҳи мошингард ва пиёдаравро аз ҳам ҷудо месозанд. Аз сари пояҳои бетонӣ нурафканҳои азим нурафшонӣ мекунанд ва ин ба кайфияти сайёҳон меафзояд.
Бояд таъкид сохт, ки чунин ободкориҳо дар маҳаллаи «Амир Темур» низ ба сомон расонида шуданд, ки роҳҳои мумфаршгардидаи ин мавзеъ дар маҷмӯъ қариб 19 километрро ташкил медиҳад. Барои иҷрои ин амалҳои хайр аз буҷаи давлат зиёда аз 17 миллиард сӯм маблағ равона шудааст.

Ш. ХОЛОВ, 
вилояти Қашқадарё. 

 

 


КАБАР – РУСТАНИИ БОСАМАР
Ин растанӣ асосан дар дашту биёбон мерӯяд. Пайдоиши номи онро ба минтақаи Дашти Кабари кишвари Эрон вобаста медонанд. Зеро дар он ҳудуд аз қадим кабар месабзад. Кабарро дар Фаронса, Испания, Италия ва Амрикои Шимолӣ маданӣ кардаанд. Мисле ки дар ноҳияҳои Булоқбошии Андиҷон, Чусту Косонсойи Намангон, ҳудудҳои наздикӯҳии вилояти Тошканд дида мешавад, дар ҳудудҳои ноҳияҳои Зомин, Ғаллаарал, Фориш, Шароф Рашидови вилояти Ҷиззах низ кабар ҳаст. 
Дар шаҳраки Хонбандии ноҳияи Фориш корхонаи «O’rmoncha-Capers» фаъолият менамояд, ки меваи кабари мардум ғуновардаро қабул мекунад ва ба қадоқкунии он машғул аст.
Маҳсулоти тайёр ва нимтайёрро  ин корхона  ба якчанд давлатҳои Аврупо содир менамояд.
Кабар ба хушкӣ ва хунукӣ тобовар аст. Агар решаашро барои рафъи гепатит ба кор баранд, шоху баргаш барои ҳимоя аз вирус хеле муфид мебошад. Дар таркиби кабар кислотаи аскарбин мавҷуд аст.
Абӯалӣ ибни Сино ҳанӯз дар замони зиндагӣ аз ин рустанӣ ҳангоми табобатҳояш истифода бурдааст ва дар ин бора дар асарҳои худ навиштааст. 
Дар ошхонаҳои Фаронса гули кабар ҳамчун зиравор истифода мешавад. Дар табобати халқӣ барои рафъи ҳар гуна ҷароҳат ба кор мебаранд, аз ин ҷиҳат кабар  барои саноати дорусозӣ рустании даркорист.

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик»,
дар вилояти Ҷиззах.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: