БАҲРИ ФАРОВОНИИ МЕВАҶОТ ВА САБЗАВОТ

Дар рӯзҳое, ки пандемия давом дорад, шифокорон дар вазъи риояи қатъӣ ба талаботи карантин риоя ба қоидаҳои дуруст тановул сохтан, бештар истеъмол намудани меваю сабзавоти тару тозаро тавсия менамоянд.

Дар рӯзҳое, ки пандемия давом дорад, шифокорон дар вазъи риояи қатъӣ ба талаботи карантин риоя ба қоидаҳои дуруст тановул сохтан, бештар истеъмол намудани меваю сабзавоти тару тозаро тавсия менамоянд.
Алҳол дар ҷумҳурии мо 8 ноҳия ба парвариши меваю сабзавот махсусонида ва дар онҳо 41 иттиҳодияи кишоварзӣ фаъолият пеш мебаранд. Соли 2020 дар 22 ноҳияи вилоятҳои Фарғона, Андиҷон ва Намангон ташкил намудани 31 кластери кишоварзӣ ба нақша даромада бошад, соли 2021 дар ҷумҳуриамон ташкил намудани 100-то аз ин гуна кластер пешбинӣ гардидааст. Бо рӯикороии кластерҳо, албатта, ҷойҳои нави корӣ офарида мешавад, масъалаи таъмин бо шуғл дар деҳот то андозае ҳаллу фасл мегардад.
Ба меваю сабзавоти хуштаъм ва сервитамине, ки дар Ӯзбекистони офтобрӯя ва хушбоду ҳаво парвариш меёбанд, дар бозорҳои дунё талабот калон. Дар ин сарзамин соле то 21 миллион тонна меваю сабзавот рӯёнида мешавад. Шароити табиӣ ва таркиби хоки мо, тавре ишора рафт, барои парвариши сабзавоти хуштаъм, меваи сершаҳд созгор буда, ин навъ маҳсулот бо микроэлементҳо ва моддаҳои гуногуни биологӣ низ бой аст. Аммо содирот ба бозорҳои дунё қаноатбахш аст?
Афсӯс, бинобар омӯхта нашудани ҳолати бозорҳои ҷаҳон маҳсулоти экспортбоб дар вақташ расонида ва ба бозорҳои беруна бароварда намешавад. Назар ба маълумотҳо, танҳо 1,5 миллион тонна меваю сабзавоти мо содир мешудаасту бас, ки ин ҳамагӣ 14 фоизи ҳосили умумиро ташкил менамояд. Ба роҳ гузошта нашудани ҳамкории муттасили деҳқону боғбон, соҳибкоре, ки ба коркарди маҳсулот машғул аст ва корхонаҳои экспорткунанда, айни замон, ба пешравии корҳо дар ин самт халал мерасонад. Робита, ки ба андозаи лозимӣ мустаҳкам нест, боғбону деҳқон ба маҳсулоти худ харидор мекобад, экспортёр бошад, аз куҷо пайдо кардани маҳсулоти экспортбобро намедонад. Ин барои бо харидорони хориҷӣ ба роҳ гузоштани ҳамкории дарозмуддат, албатта, таъсири манфӣ мерасонад.
Ҷуз ин мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ҳосилнокӣ дар боғ ва токзорҳои мо то андозае паст, масалан, аз 1 гектар майдон то 130 тонна сабзавот, аз боғ ва токзорҳои анъанавӣ ҳамагӣ 4-5 тонна маҳсулот рӯёнида мешаваду халос. Ҳол он ки дар қисме аз кишварҳои хориҷӣ боғҳои интенсивӣ ба додани 100 тонна ва аз он зиёд аз ҳар гектар қодир будаанд.
Дар кишвари мо барои ҷудо кардан, қадоқонидан, коркард ва экспорти меваю сабзавот 31 маркази агрологистикӣ ташкил карда шудааст, аммо бинобар кофӣ набудани маблағи даврзананда ва маҳсулоти доимӣ аз 10-15 фоизи имкониятҳои мавҷуда истифода бурда мешаваду халос.
Навъе хабардорем, 14 феврали соли равон масъалаҳо марбут ба парвариш ва ба экспорти маҳсулоти меваю сабзавот дар ҷамъомади видеоселекторӣ аз ҷониби роҳбари давлат мавриди таҳлил ва танқид қарор дода шуданд. Президент бо мақсади ташкили низомноки содирот, дуруст ба роҳ гузоштани робита байни истеҳсолкунанда ва экспортёр дар сохтор ташкил намудани усули кластерро вазифа гузошт. Вай таъкид намуд дар сохтор дуруст ташаккул додани муносибатҳои шартномавӣ, муайян намудани манфиат, ӯҳдадорӣ ва ҷавобгарии истеҳсолгар, ба коркард фарогиранда ва содиркунанда ниҳоят муҳим мебошад.
Роҳбари давлат гуфт: «Мақсади асосӣ аз ташкил намудани кластер – баланд бардоштани ҳаҷми содирот. Ин бошад, дарёфти бозорҳои навро тақозо менамояд. Бозор набошад, экспорт ҳам нест, ба сохтори кластерӣ низ ҳоҷат намемонад. Бинобар ҳамин мунтазам омӯхтани талаботи хориҷ, аз имкониятҳо самаранок истифода бурдан, дар экспорт пайдарпаиро таъмин сохтан хеле муҳим».
Масъалаи ташкил намудани кластерҳо дар соҳаи меваю сабзавот ва боғдорӣ, тартиби ба роҳ гузоштани фаъолияти онҳо дар Девони Вазирон, айни замон, дида баромада ва дар ин самт қарори дахлнок қабул карда шуд. Барои таъмини фаъолияти самараноки кластерҳо дар маҳалҳо муовинҳои аввали ҳокимони ноҳия ва вилоятҳо, яке аз ҷонишинҳои роҳбарони Бонки марказӣ ва бонкҳои тиҷоратӣ дар масъалаи бо маблағи гарданда таъминсозии кластерҳои меваю сабзавот ва саривақт молиявисозии лоиҳаҳои онҳо шахсан масъул ҳисобида мешаванд. 
Дар назди соҳибкорон, ки ба меваю сабзавот сару кор доранд, вазифаҳои мушаххас истодаанд. Мувофиқи чораҳое, ки андешида мешаванд, соли равон бояд дар ҳаҷми 2 миллиард доллар маҳсулоти экспортбоб дастрас гардонида шавад. Дар 5-7 соли оянда бошад, ин миқдор бояд 3-4 маротиба афзояд.
Вақте кластерҳоямон дар асоси «истеҳсол – сара намудан – ба коркард фаро гирифтан – ба бозор дастрас кунондан» занҷири мустаҳкамро ба вуҷуд меоранд, асное ҳаҷми маҳсулоти хушсифати меваю сабзавот зиёд мегардад, тавре мутахассисони мо таъкид месозанд, сарпурии растаи бозорҳо, барқарории нархро нигоҳ доштан мумкин.
Ба мева ва сабзавоти нав низ даҳон расид, растаи бозорҳоямон фаровон, бо вуҷуди шароити карантин маҳсулот дар вақташ расонда дода мешаванд.
Ноҳияи Янгиқӯрғони вилояти Намангон дар байни ноҳияҳое, ки ба меваю сабзавот махсусонида шудаанд, пешсафиро аз даст намедиҳад. Себ ва анори Янгиқӯрғон дар ҷумҳурӣ машҳур, дар таронаҳои мардумӣ «Себи Намангон» беҳуда бо як завқи хос суруда намешавад. Янгиқӯрғониён соли равон аз пайи ба амал баровардани 39 лоиҳа мебошанд, ки 109 млрд сӯм арзиш дорад. Боғдорӣ дар ин минтақа дар асоси лоиҳаҳои бузурги инноватсионӣ ба роҳ гузошта мешавад.
Дар қитъаҳои сангзоре, ки бекор мехобиданд, боғҳои нав бунёд мегарданд. Соҳибкорон аз Аморати Муттаҳидаи Араб ба Янгиқӯрғон омада, таҳти ҳамдастӣ бо боғбонҳои маҳаллӣ азхудкунии заминҳои бекорхобида, бо истифода аз обёрии қатравӣ барпои боғҳои интенсивро ба роҳ монданд. Бунёди боғ дар ҳудуди 105,8 га ҷалб гардидани 23,3 млн доллари амрикоиро талаб намуд. Аввали баҳор 49 ҳазор бех ниҳолҳои гелос, 12 ҳазор бех зардолу, 7,3 ҳазор бех олуболу ва дигар меваҷот шинонда шуданд, ки имрӯзҳо сабзида ва қад кашидаанд. 1 млн доллар сармояи хориҷӣ аллакай азхуд гашт.
Назар ба фикри мутахассисон, аз 1 гектар боғзори оддии воқеъ дар Янгиқӯрғон 5 тонна зардолу гирифта шавад, боғҳои нави интенсивӣ то 40 тонна ҳосил доданашон мумкин. Содироти пурраи меваи боғҳои нав ба нақша даромадааст.
Дар Янгиқӯрғон бо мақсади таъмини боғзор бо об ҳавзае бунёд гашт, ки 18 ҳазор кубометр обро дар худ ғунҷоиш додааст. Боғпарварон ният доранд соли 2023 1350 тонна маҳсулот гирифта, ба АМА, Русия, Чин ва Куриёи Ҷанубӣ содир намоянд.
Дар ин ҷо бо азхуд карда шудани сармояи хориҷӣ дар ҳудуди 5 гектар гармхона сохта ва 2,5 ҳазор бех ниҳолҳои лимӯ шинонда шуд. То ба ҳосил даромадани ниҳолҳо дар ҷойҳои холӣ помидор парвариш меёбад, ки низ ба хориҷ экспорт гардида ва гирифтани даромад ба андозаи 100 ҳазор доллари ИМА ба нақша даромадааст. Яхдонҳо то 150 тонна меваҷоту сабзавотро ғунҷоиш медиҳанд. Миқдори ин гуна яхдонҳои маҳсулотро беосеб нигоҳдоранда – 12 адад.
Иқлими Янгиқӯрғон ба парвариши картошкаи ҳуландӣ низ мусоид. Соли равон ба майдони таҷрибавӣ 300 тонна ин навъ картошкаро кишт намуданд. Аз ҷониби Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди маркази хидматҳои наздиқитъаҳои ҳавлигии тухмикартошкапарварии Янгиқӯрғон ба майдони таҷрибавӣ 3 млрд сӯм маблағ ҷудо карда шуд.

М.ШОДИЕВ,
мухбири 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: