ОШХОНАИ МИЛЛИИ ӮЗБЕКИСТОН ДАР НАМОИШГОҲИ ХӮРОКВОРИИ МИНСК МУАРРИФӢ ГАРДИД

Аз 14 то 17 ноябр дар Минск Намоишгоҳ-бозори махсуси байналхалқии 29-умини «ПРОДЭКСПО-2023» баргузор шуд.

Ҳар сол тӯли амалан 30 сол намоишгоҳ дар майдончаҳои худ истеҳсолгарон ва парваришкунандагони маҳсулоти хӯрокворӣ ва нӯшокиро аз кишварҳои гуногуни дунё ҷамъ меоварад. Барои кормандони соҳа он майдони нахустнамоиши маҳсулоти озуқаворӣ, навгониҳои вобаста ба таом, ҳамчунин рӯнамоии технология ва андешаҳо барои истеҳсоли маҳсулот гардид. «ПРОДЭКСПО» бо номгӯйи васеи озуқаворӣ: аз маҳсулоти ҳамарӯза то маснуоти идона ва махсуси худ шуҳратёр аст. Соли равон  барои иштирок ба ин намоишгоҳ 126 нафар аз панҷ кишвар ариза доданд. Дар байни Онҳо ширкатҳо, холдингҳо ва корхонаҳо аз Белорус, Русия, Ӯзбекистон, Ветнам ва Туркманистон буданд.
Дар доираи намоишгоҳ Сафоратхонаи кишвари мо дар ҷашнвораи «Ошхонаи халқҳои ҷаҳон» бо муаррифӣ ширкат ҷуст, ки имкон дод ҳозирон бо иқтидори сайёҳии Ӯзбекистон, ошхонаи миллӣ, фарҳанг ва анъанаҳои ҷумҳурӣ ошно шаванд.
Муаррифӣ бо сабақҳои таомпазии ошпазон аз Ӯзбекистон, аз ҷумла пухтани палав, ки аз ҷониби ЮНЕСКО мероси ғайримоддии фарҳангии инсоният эътироф шудааст, ҷараён гирифт.
Созмондиҳандагони чорабинӣ қайд намуданд, ки яке аз ҷиҳатҳои тафриқанок ва рағбатангези маданияти Ӯзбекистон ошхонаи миллии он ба шумор меравад. Анъанаҳои таомпазӣ дар бораи таърихи халқи Ӯзбекистон нақл мекунанд, барои аз тарзи ҳаёт ва ҳувиятҳои он бештар маълумот гирифтан имкон медиҳанд.
Дар ҷараёни чорабинӣ барномаи консертӣ ба амал омад ва ба ҳозирон таомҳои миллии ӯзбекӣ пешкаш гардиданд.

АИ «Дунё»,
шаҳри МИНСК.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: