Дар Ӯзбекистон барои ноҳияҳои дурдасти ҷумҳурӣ мактаби онлайн кушода шуд

11 октябр маросими ифтитоҳи мактаби онлайни ба номи Мирзо Улуғбек баргузор шуд, ки ҳадафи он баланд бардоштани сифати таълим дар ноҳияҳои дурдаст ва кӯҳистонии Ӯзбекистон ва дастгирии ҷавонони боистеъдод дар он ҷо мебошад.

Мактаб аз ҷониби Вазорати таълими томактабӣ ва мактабӣ якҷоя бо Фонди дастгирии ҷавонони қобилиятноки «Улуғбек» ташкил карда шуд.

Ҳамчун таҷриба, омӯзиши онлайн дар се мактаб ҷорӣ карда шудааст:

№7 ноҳияи Фариши вилояти Ҷиззах;

№ 70 ноҳияи Кӯшработи вилояти Самарқанд;

№ 62 ноҳияи Деҳнави вилояти Сурхондарё.

Дар онҳо хонандагони синфҳои болоӣ дониши амиқи математика ва забони англисӣ мегиранд.

Дар сурати натиҷаи мусбат додани таҷриба, дар муассисаҳои таълимии дигар минтақаҳои кишвар таълими онлайн ҷорӣ карда мешавад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: