ҲЕЧ КАС АЗ ЭЪТИБОР ДУР, БО МУШКИЛОТИ ХУД ТАНҲО НАМЕМОНАД

Дар мамлакатамон оид ба баланд бардоштани шуғл, даромади воқеии аҳолӣ, беҳтар гардондани сатҳи зиндагӣ ва шароити зисти мардум, дар шаҳрвандон бедор намудани ҳисси соҳибкорӣ, офаридани ҷойҳои нави корӣ ва коҳиш додани камбизоатӣ пайваста ислоҳот татбиқ мегарданд.

Аз ҷумла, дар байни аҳолӣ мавҷуд будани камбизоатӣ ошкоро эътироф гардида, бобати ҷиддӣ шуғл варзидан бо ин мушкилот корҳо оғоз ёфтанд. Дар бобати фаровонии халқ мақсаду вазифаҳои ниҳоят калон гузошта шуда, иҷрои онҳо шурӯъ гардиданд. Заминаи институтсионалии коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ офарида шуда, барои ҳамоҳангсозии ин масъалаҳо вазорат таъсис ёфт.
Бешубҳа, роҳи дуруст ва самарабахши барҳам додани сатҳи камбизоатӣ аз баланд бардоштани дараҷаи шуғли аҳолӣ иборат аст. Муҳайё намудани кори муносиб ва сердаромад барои мардум қадами далерона ба сӯи мақсад аст. Дар ин ҷараён лозим меояд, ки дар деҳот барои соҳибкорӣ шароити зарурӣ, барои тиҷорат фазои мусоид фароҳам оварда, ба ҷавонон касбу ҳунар омӯзонда шавад.
Инчунин вусъат додани низоми таълими касбӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси шахсони ба кор эҳтиёҷманд, бо назардошти эҳтиёҷоти бозор андешидани чораҳое, ки ба муҳайё намудани шароити мақбул нигаронда шудаанд, аҳамияти калон дорад.
Солҳои охир оид ба баланд бардоштани даромади воқеӣ ва қобилияти харидории аҳолӣ, ҳавасмандгардонии соҳибкорӣ дар байни аҳолӣ, пурра ба рӯйи об баровардани нерӯи ботинӣ ва иқтидори инсон, таъсиси ҷойҳои нави корӣ сиёсати ҳамаҷонибаи иқтисодию иҷтимоӣ ба амал бароварда мешаванд, ки самараҳои худро мебахшанд.
Аммо имрӯз худи замон ҷорӣ намудани равиши ҳамаҷониба ва усулҳои ғайристандартии коҳиши камбизоатиро тақозо мекунад. Сабаб дар он аст, ки мамлакати мо захираҳои бойи меҳнатӣ дорад ва ҳар сол ҳазорҳо ҷавонон ба бозори меҳнат ворид мешаванд.
Бесабаб Президент Шавкат Мирзиёев 20 июни соли равон ҳангоми мулоқот бо аъзои Комиссияи конститутсионӣ пешниҳод накард, ки дар Конститутсияи мо тамоюли «Ӯзбекистон – давлати иҷтимоӣ» мустаҳкам карда шавад. Зеро, мафҳуми «шаъну шарафи инсон» бо мафҳуми «давлати иҷтимоӣ» алоқаи зич дорад. Дар асоси ин ғоя, пеш аз ҳама мақсади наҷибонаи гиромидошти инсон, хидмат кардан ба инсон ниҳон аст.
Давлати иҷтимоӣ бошад, дар асоси тамоюлҳои баробарҳуқуқии иҷтимоӣ ва адолат ба ҳар кас шароити муносиби зиндагӣ фароҳам меорад. Сабаб дар он аст, ки он намунаи давлатест, ки барои коҳиш додани нобаробарии иҷтимоӣ ва кумак ба ниёзмандон сиёсати самарабахш пеш мебарад.
Давлати иҷтимоӣ низ яке аз чорабиниҳои муҳимест, ки ба таъмини ҳаёти осоиштаи шахс ва оилаи ӯ,  бо кор таъмин намудани аҳолӣ, фароҳам  овардани шароити бехавфи меҳнат ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ нигаронда шудааст, ки  ба эҳтиёҷмандон додани манзил, миқдори ҳадди ақалли молҳои истеъмолии барои зиндагӣ зарурро таъмин мекунад.
Инчунин ҳимоя аз бекорӣ, таҳсилоти босифати кафолатнок, хидматрасонии тиббии соҳибихтисос, имконияти баробар барои ҳама, дастгирии ҳамаҷонибаи оила, кӯдакон, занон, пиронсолон, маъюбон низ аз вазифаҳои асосии давлати иҷтимоӣ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, агар соҳибкорӣ дар минтақаҳо барои ҳаёти фаровони аҳолӣ дастгирӣ карда шавад, ҷавонон бо кор таъмин гарданд, сатҳи камбизоатӣ коҳиш меёбад. Вақте ки камбизоатӣ коҳиш меёбад, вазъият дигар мешавад, дар ҷомеа, ҳаёти мардум дигаргунӣ ба амал меояд.
Ба ин муносибат Конститутсия бояд ӯҳдадориҳои давлатро оид ба ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони мо ба манзил, таъмини дахлнопазирии он, бо манзил таъмин намудани тамоми табақаҳои аҳолӣ, махсусан ниёзмандонро пурзӯр намояд. Зеро инсоне, ки хона дорад, андеша надорад, хотираш ҷамъ мешавад, ба оянда дилпурона нигоҳ карда, ба офарандагӣ саъй менамояд.
Хуллас, дар замири ислоҳоти муҳими сиёсие, ки имрӯз дар мамлакатамон татбиқ мегарданд, мақсадҳои неки таъмин кардани осоиштагӣ, бахту иқбол, саодати халқ ниҳон аст. Зеро, дар давлати иҷтимоӣ ҳеҷ кас аз эътибор дур, дар гирдоби мушкилоти худ танҳо намемонад.

Одинахон ОТАХОНОВА,
депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: