БЕМОР

Осмон баланд, замин сахт. (Мақол)

Абдулло ҚАҲҲОР
БЕМОР
(Ҳикоя)

Осмон баланд, замин сахт. (Мақол)
Зани Сотиболдӣ бемор шуд. Сотиболдӣ касалро хононд, натиҷа набахшид. Ба табиб нишон дод, табиб хун гирифт. Чашми бемор тира шуда, сараш ба чарх задан даромад. Бахшӣ хонд. Зане бо химчаи бед ба танаш зад. Мурғ кушта хун баровард... Ба ҳамаи инҳо албатта, пул сарф мешавад. Дар ин гуна ҳолатҳо ғафс дарозу борик канда хоҳад шуд. Шаҳр як шифохона дорад. Сотиболдӣ дар бораи ин шифохона он чӣ, ки медонад, ин аст: дар боғи салқину ором, иморати сафеди баланд ва зебое, ки дар байни дарахтон нопайдост, дари хокистаррангаш тугмаи занг дорад. Хӯҷаини он Абдуғанибой, ки бо пӯчоқи пунбадона ва кунҷора савдо мекард, ҳангоми дар зери халтаҳои анбор ба ҳолати назъ омадан, ба ин шифохона нарафта, ба Сим рафта буд. Вақте шифохона гӯянд, ба пеши чашми Сотиболдӣ пули 25-сӯмии дорои сурати оқподшоҳ ва ароба падидор мегашт. 
Бемор вазнин шуд. Сотиболдӣ ба назди хӯҷаини худ барои арз рафт, аммо аз ин рафтан дақиқ намедонист, ки муддаояш чист. Абдуғанибой гапи ӯро шунида хеле афсӯс хӯрд, фаҳмонд, ки агар аз дасташ ояд, барои ба по хезондани ӯ тайёр аст, баъд пурсид:
– Ба девона Баҳовуддин оё ягон чиз назр кардӣ? Ба Ғавсулаъзам-чӣ? 
Сотиболдӣ рафт. Барои аз назди бемор наҷунбидан маҷбур шуд, ки бо ягон касби хонагӣ машғул шавад, бофтани сабадчаҳои гуногунро омӯхт. Ӯ аз субҳ то бегоҳ дар зери офтоби баҳорӣ ва байни говронҳо сабад мебофт.
Духтари чаҳорсолааш ба даст рӯймолча гирифта, рӯйи модарашро аз пашшаҳои карахт, нимҷон ва хира ҳимоя мекард, гоҳо рӯймолча дар дасташ парӯ хоб рафта мемонд. Ҳама ҷо – оромӣ. Фақат садои ғинг-ғинги пашша ба гӯш мерасад, бемор нолиш мекунад, ҳар замон аз дуру наздик овози гадо меояд: «Ҳей дӯст, шайдулло ба номи Аллоҳ, садақа радди бало, ба қавли Расули Худо...»
Як шаб бемор хеле азоб кашид. Ҳар вақт, ки ӯ нола мекард, Сотиболдӣ мисли касе, ки ба дӯшаш бори вазнин гузошта бошанд, ба талвоса меафтод. Ҳамсояаш як кампирро ҷеғ зада овард. Кампир мӯйҳои парешони беморро ба тартиб оварда, ин тарафу он тарафашро сила кард, баъд нишаста гирист.
– Дуои кӯдаки бегуноҳ вақти саҳар иҷобат мешавад, духтаронро бедор кунед, – гуфт.
Бачаи аз хоб монда то дер гиря кард, сипос аз ғазаби падар ва вазъи гарони модар тарсида, лаб ба дуо кушод:
– Худоё, ба дайди очем даво те...
Бемор рӯз ба рӯз бадтар, охир хеле вазнин шуд. «Ба дил армон намонад», гуфта чилёсин ҳам карданд. 
Сотиболдӣ аз баққоле, ки сабадчаҳои бофтаашро яклухт мехарид, 20 танга қарз гирифт. Бемор аз чилёсин гӯё ҳушёр шуд: ҳамон шаб ҳатто чашмашро кушода, духтарчаашро ба наздаш хонду пичиррос зад:
– Худо дуои саҳарии духтарамро ба даргоҳаш қабул кард. Додош, акнун ман сиҳҳат ҳастам, духтарамро саҳариҳо бедор накунед.
Боз чашмонашро пӯшид, бо ҳамин пӯшидан дигар накушод, субҳ ҷон дод.
Сотиболдӣ ҳангоме ки духтарчаро аз назди майит гирифта ба ҷойи дигар мехобонд, вай бедор шуду чашмонашро накушода чун одат дуо кард:
– Худоё, ба дайди очем даво те.

Аз ӯзбекӣ тарҷумаи  Х. ҲАМИДОВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: