ОРЗУИ ЖУРНАЛИСТ ШУДАН ДОШТАМ

Рӯзи ходимони матбуот ва воситаҳои ахбори оммавиро имсол низ дар вилояти Сирдарё ғайрианъанавӣ пешвоз гирифтанд.

Рӯзи ходимони матбуот ва воситаҳои ахбори оммавиро имсол низ дар вилояти Сирдарё ғайрианъанавӣ пешвоз гирифтанд. Пеш аз ид ҳамаи Садоратҳои вилоят дар алоҳидагӣ намояндагони воситаҳои ахбори оммавиро бо иди касбиашон муборакбод карда, хидмати онҳоро дар пешрафти соҳа ва сари вақт ба хонандагон расонидани муваффақиятҳои он эътироф намуданд ва ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ супориданд.
Ҳокими вилояти Сирдарё Ғафурҷон Мирзоев ба панҷоҳ нафар рӯзноманигор, блогер ва шоиру нависандагони вилоят дасторхони пур аз нозу неъмати идона орост.
Ҳоким сухани табрикии худро бо суханҳои зерин оғоз кард:
– Дар ҷавонӣ орзу доштам, ки журналист шавам, аммо маҷрои зиндагӣ бандаро дигар сӯ бурд. Бо вуҷуди ин касби пуршарафу машаққатноки шуморо то ҳол дӯст медорам, аз ин рӯ соҳибони ин касбро аз самими дил ҳурмат мекунам... Соли сеюм аст мебинам, ки хомабадастони вилояти Сирдарё дар роҳи мустаҳкам кардани истиқлолияти Ватанамон, барои ба ҳокимияту дигар идораҳои дахлдор сари вақт расонидани дарду ташвиши мардум хидмат мекунанд.
Суруду таронаҳои овозхонҳои бомаҳорати ансамбли “Мақом” ва рақсҳои дилошӯби раққосагони ансамбли “Санамлар”-и вилоят ба вохӯрӣ рӯҳу таровати тоза бахшид...
Дар охир ба ҳамаи панҷоҳ нафар иштироккунандагони тадбири идона телевизорҳои ранга ва ташаккурномаҳои ҳокимияти вилоят супорида шуданд.

Т. БОҚИЕВ,
вилояти Сирдарё.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: