Масъалаҳои муҳими рушди Қашқадарё ва роҳҳои ҳалли онҳо баррасӣ шуданд

  • Масъалаҳои муҳими рушди Қашқадарё ва роҳҳои ҳалли онҳо баррасӣ шуданд
  • Масъалаҳои муҳими рушди Қашқадарё ва роҳҳои ҳалли онҳо баррасӣ шуданд
  • Масъалаҳои муҳими рушди Қашқадарё ва роҳҳои ҳалли онҳо баррасӣ шуданд
  • Масъалаҳои муҳими рушди Қашқадарё ва роҳҳои ҳалли онҳо баррасӣ шуданд
  • Масъалаҳои муҳими рушди Қашқадарё ва роҳҳои ҳалли онҳо баррасӣ шуданд
  • Масъалаҳои муҳими рушди Қашқадарё ва роҳҳои ҳалли онҳо баррасӣ шуданд
  • Масъалаҳои муҳими рушди Қашқадарё ва роҳҳои ҳалли онҳо баррасӣ шуданд

Президент Шавкат Мирзиёев 22 апрел дар сессияи ғайринавбатии Шӯрои вилояти Қашқадарё иштирок кард.

Солҳои охир дар вилоят корҳои азим ба ҷо оварда шуданд. 25 декабри соли гузашта дар ноҳияи Ғузор заводи «Uzbekistan GTL» оид ба истеҳсоли сӯзишвории синтетикӣ ба кор дароварда шуд. Татбиқи лоиҳаи васеъ гардондани Маҷмӯи газу кимёи Шӯртан оғоз ёфт.

Дар доираи барномаҳои давлатӣ соли равон ба Қашқадарё беш аз 1,5 триллион сӯм ҷудо карда шуда, сохтмон ва таҷдиди 2,8 ҳазор километр шабакаи муҳандисиву коммуникатсионӣ ва 160 объекти соҳаи иҷтимоӣ идома доранд.

Президент дар суханронии худ ба вазифаҳои дарпешистода ва мушкилоте, ки ҳаллашонро интизоранд, таваҷҷуҳ зоҳир намуд.

Ҳамин тариқ, ҳамагӣ 43 фоизи аҳолии вилоят бо оби ошомидании мутамарказ таъмин карда шудаанд. Ин масъала махсусан дар ноҳияҳои Косон, Деҳқонобод, Ғузор, Қамашӣ хеле тезутунд аст. Дар соҳаҳои таъминоти газу барқ, роҳҳои дохилӣ, нақлиёт, кишоварзӣ ва сектори  бонку вом низ мушкилот вуҷуд доранд.

108 муассисаи тиббӣ, 172 мактаб ва 144 кӯдакистони вилоят бояд таъмир карда шаванд. Дар бисёр боғчаҳои бачагона ва мактабҳо низоми гармидиҳӣ аз кор баромадааст. Дар 19 мактаб мизони давомот баланд буда, ҷойҳо намерасанд.

Ба ин муносибат муайян карда шуд, ки соли равон аз буҷаи ҷумҳуриявӣ барои беҳдошти соҳаи иҷтимоӣ ва инфрасохтор дар Қашқадарё иловагӣ 360 миллиард сӯм ҷудо карда хоҳад шуд. Ба ғайр аз ин, ба нақша гирифта шудааст, ки 100 миллион доллар қарзҳои имтиёзноки институтҳои байналмилалии молиявӣ равона карда шаванд.

Таъкид гардид, ки имрӯз дар вилоят 350 ҳазор нафар ба кор ниёз доранд, ки дар заминаи низоми нави маҳаллабайъ онҳоро бояд ба соҳибкорӣ, ҳунармандӣ ва хонакорӣ ҷалб кард.

Гарчанде вилоят иқтидори бузурги саноатӣ дошта бошад ҳам, ҳиссаи саноат дар маҳсулоти умумии минтақавӣ ҳамагӣ 18 фоизро ташкил медиҳад.

Ба ин муносибат барнома барои солҳои 2022-2023 ташаккул ёфтааст, ки аз 270 лоиҳаи саноатӣ ба маблағи 14,7 триллион сӯм иборат аст.

Лоиҳаҳои бузург аз қабили баланд бардоштани иқтидори неругоҳи барқии обии Талимарҷон, бунёди неругоҳи барқии офтобӣ дар Ғузор, ба кор андохтани кластери масолеҳи сохтмон дар Деҳқонобод ва Қамашӣ, заводи симон дар ноҳияи Китоб оғоз гардидаанд.

Бо қарори Президент, ки ба қарибӣ имзо шуд, ҷудо намудани 45 миллион доллар барои маблағгузории лоиҳаҳои тиҷоратӣ дар Қашқадарё ба назар гирифта шудааст.

Зикр гардид, ки дар соҳаи кишоварзӣ бо таъсиси 286 ҳазор ҷойҳои корӣ 524 лоиҳа ба маблағи умумии 7,4 триллион сӯм татбиқ хоҳад шуд.

Аз ҷумла, беш аз 40 ҳазор гектар замин аз нав ба истифодабарӣ дароварда мешавад. Дар 20 ҳазор гектар бунёд кардани боғҳои анор пешбинӣ шудааст. Барои бо об таъмин намудани ноҳияҳои Яккабоғ, Чироқчӣ, Қамашӣ, Шаҳрисабз ва Китоб обанбори сели «Аёқчисой» сохта мешавад. Лоиҳаҳои ҷамъоварии меваю сабзавот аз заминҳои наздиҳавлигӣ, чорводорӣ ва парвариши коврак дастгирӣ карда мешавад.

Дар вохӯрӣ ба рушди инфрасохтори иҷтимоӣ ва беҳтар гардондани шароити манзилии аҳолӣ таваҷҷуҳи хоса дода шуд.

Соли равон дар Қашқадарё 143 манзили бисёрошёна барои 5 ҳазор хонадон ба истифода дода мешавад.

Сохтмони 1 823 километр шабакаи таъминоти оби нӯшокӣ ва 1 570 километр роҳҳои дохилӣ, барқарор намудани таъминоти газ дар манзилҳои беш аз 9 ҳазор нафар ба нақша гирифта шудааст.

Дар доираи барномаи «Деҳаи обод» ва «Маҳаллаи обод» имсол симои 30 маҳаллаи аҳолинишин обод карда мешавад.

Оид ба сохтмони муассисаҳои таълими томактабӣ ва мактабҳо, марказҳои тиббӣ, пурмазмун ташкил кардани вақти ҷавонон супоришот дода шуданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: